Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷавони тоҷик дар Амрико ва афзоиши нигарониҳо аз ифротгароӣ


Мансури Манучеҳрӣ сокини шаҳри Душанбе ба гуфтаи мақомоти Амрико ғайриқонунӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекардааст.
Мансури Манучеҳрӣ сокини шаҳри Душанбе ба гуфтаи мақомоти Амрико ғайриқонунӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекардааст.

Мақомоти Амрико чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони фиристодани даҳҳо ҳазор доллар ба ҷангҷӯёни ДОИШ ва оилаҳои онҳо дар Туркия ва Сурия боздошт карданд. Ин қазия дар пасманзари талошҳои давомдор ва баҳсбарангези ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи мубоиза бо ифротгароии исломӣ сурат мегирад. 

Бо боздошти як ҷавони тоҷик дар Ню-Йорк, бо гумони расонидани кӯмаки молӣ ба гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” дар феҳрасти афзояндаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои ахир ба тарҳрезӣ ва анҷоми ҳамлаҳои террористӣ муттаҳам мешаванд, як нафари дигар зам шуд.

Дар вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз боздошти Мансури Манучеҳрӣ, ки бо амри Додгоҳи федеролии Ню-Йорк ба ҳабс гирифта шуд, хабар доранд. Мақомоти тоҷик аз замони эълони парванда ба зидди ҷавони тоҷик шарҳе надодаанд, аммо вазорат гуфт, қазияро таҳқиқ мекунад.

Боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд моҳ пеш, мақомоти Амрико 8 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро бо гумони ҳамкорӣ бо “Давлати Исломӣ” аз ин кишвар хориҷ карданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам чандин сол боз аз талошу муборизаҳояш бо ифротгароӣ ва терроризм хабар медиҳад.

Як мақомдор аз вилояти Хатлон, ки дар маъракаи “хона ба хона” барои пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ширкат мекунад, мегӯяд: “Мо аз волидон хоҳиш мекунем, ки бо фарзандони худ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд сӯҳбат кунанд. Вале ман фикр намекунам ки ин натиҷа диҳад. Фарзандони онҳо калонанд ва зиндагии худро доранд.”

Дар парвандаи ҷиноятии ҷавони тоҷик, ки охири моҳи феврал Додситонии Амрико нашр кард, гуфта шудааст, ки Манучеҳрӣ аз моҳи декабри соли 2021 то апрели 2023 ба аъзои ДОИШ ва хонаводаи ҷангҷӯёни кушташудаи он дар Туркия ва Сурия 70 ҳазор доллар интиқол додааст.

“Гумонбар эҳтимолан Давлати Исломиро дастгирӣ мекард ва ба хориҷ, ба афроди марбут ба ин гурӯҳ ҳазорҳо доллар фиристодааст.”- гуфт, Каш Пател, раҳбари Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико.

Дар миёни онҳое, ки аз Манучеҳрӣ ба номашон пул расидааст, аз ҷумла фарде будааст, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи маргбор дар калисое дар шаҳри Истанбули Туркия боздошт шуд. Ҳодиса моҳи январи соли 2024 рух дода буд ва шохаи Хуросонии “Давлати Исломӣ” масъулияти онро ба дӯш гирифт.

Дар изҳороти Вазорати адлияи Амрико омадааст, ки Манучеҳрӣ бо “тавсиф аз ҳамлаҳои пешинаи Давлати Исломӣ дар Амрико ва ҷамъоварии наворҳои таблиғотиву хушунатомез” аз ин гурӯҳи террористӣ ҳимоят мекард.


Тоҷикони гумонбар дар ҳамлаҳои террористӣ дар хориҷ

Солҳои ахир шумори тоҷикистониҳое, ки исмашон ба ҳамлаҳои террористӣ ва ҳамкорӣ бо Давлати Исломӣ пайванд мегирад, бештар мешавад. Аз январи соли 2024 тақрибан 30 тоҷик дар ҳамлаву амалҳои террористии марбут ба ДОИШ, аз ҷумла дар Амрико ва Русия ширкат кардаанд.

Пурсарусадотарин қазия ҳам, ҳамла ба толори консертии “Крокус” буд, ки дар натиҷаи он 145 нафар кушта шуд. Дар пайванд ба ин ҳодиса чаҳор тоҷик боздошт шуданд. Мақомоти Русия бо гумони кӯмак ба ҳамлагарон 20 нафарро дастгир карданд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар бомбгузории маргталабонаи 3-юми январи соли 2024 дар шаҳри Кирмони Эрон гумонбар дониста шудаанд. Дар ин бомбгузорӣ 91 нафар кушта шуд. Ҳамон моҳ ду нафар ба калисое дар Истамбул ҳамла карданд. Мақомоти Туркия гуфтанд, яке аз ин ҳамлагарон шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҳамчунин моҳи январи соли 2024 мақомоти Олмон аз боздошти як муҳоҷири тоҷик дар пайванд ба тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар калисое хабар доданд.

Додситони кулли Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 14-уми феврал гуфт, дар як соли 2024 “1494 ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ ва терроризм сабт шудааст” Ин рақам дар қиёс бо соли гузашта 18 дар сад бештар будааст. Додситони кулл аз зиндонӣ шудани 30 нафар барои тарҳрезии ҳамла дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат хабар дод. Ба иттилои ӯ, ин гурӯҳ дар ҳамдастӣ бо Давлати Исломӣ нақшаи қатли дастаҷамъона аз роҳи “заҳролуд кардани ғизо”- и идонаи Наврӯзиро доштанд.

Ба иттилои ин ниҳод, гунаҳкорон аз 8 то 20 сол маҳкум ба зиндон шуданд ва 10 гумонбари дигар ҳанӯз дар озодӣ будаанд. Моҳи январ 9 нафар, аз ҷумла занон дар иртибот бо таркише, ки соли гузашта сабаби марги раҳбари маҳаллии Ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Кӯлоб шуд, паси панҷараи зиндон рафтанд. Масъулияти ин таркишро ҳам ДОИШ бар дӯш гирифта буд.

Ҷавонон афсурдаву ноумед

Бекории зиёд, фасоди густурда ва мушкилоти дигари ҳукумати худкомаи Тоҷикистон ҷавононро афсурдаву ноумед ва дар баробари таблиғоти созмони ДОИШ осебпазир кардааст. Тоҷикистон, ки беш аз се даҳсола аст, Эмомалӣ Раҳмон онро раҳбарӣ мекунад, камбизоаттарин кишвари Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳукумат дари мактабҳои диннӣ ва масҷидҳоро баста, пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ дар мактабу идораҳоро манъ кардааст. Дар масҷидҳо имомхатибро давлат таъйин мекунад ва мардон иҷоза надоранд, риш гузоранд. Муннақидони ҳукумат ҳамин маҳдудият ва саркӯбҳои динниро яке аз омилҳои рӯ овардани ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои бегонаву ифротӣ медонанд.

Маъракаи “хона ба хона” бар зидди ифротгароӣ

Ҳукумати Тоҷикистон аксаран аз шаҳрвандони худ, махсусан ҷавонон даъват мекунад, ки дар интернет аз таблиғҳои гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ эҳтиёт кунанд. Як таҳқиқот, ки бо кӯмаки ҳукумат анҷом шуд, маълум кардааст, ки 85 дар сади тоҷиконе, ки дар сафи Давлати Исломӣ дар Сурия ва Ироқу Афғонистон ҷангидаанд, дар муҳоҷират ва замони кор дар Русия ба ин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ пайвастаанд.

Муаллифони ин пажӯҳиш аз Академияи ВКД -и Тоҷикистон аз вуҷуди “имомхатибони интернетӣ” огоҳ карданд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳадафи сӯҳбат ва ҷалби муҳоҷирони корӣ истифода мебаранд. Барои пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ Ҳукумати кишвар бо ҷалби ҳазорон корманди давлатӣ маъракаеро бо номи “ хона ба хона” роҳандозӣ кард. Онҳо ба хонаҳои сокинон рафта, аз хатари ҷалби ҷавонон ба ДОИШ сӯҳбат мекунанд.

Чанд сокини вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо онҳо дар бораи “гурӯҳҳои онлайнӣ”-ие сӯҳбат мекунанд, ки ҷавононро ба ифротгароӣ ташвиқ менамоянд. Мансабдорон ҳамчунин аксаран дар мактабу масҷидҳо бо мардум сӯҳбат мекунанд.

“Мо тоҷиконеро, ки дар Русия ва Амрико зиндагӣ мекунанд, назорат карда наметавонем. Агар онҳо зери таъсири таблиғоти террористӣ қарор гиранд, волидон ва ҳукумати Тоҷикистон коре карда наметавонанд, вале мо кӯшиш мекунем.”- гуфт, як мансабдори тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Коршиносон ва мухолифони сиёсӣ мегӯянд, ҳукумат бояд барои эҷоди ҷойҳои корӣ, беҳтар кардани имкониятҳои иқтисодӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон талош кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG