Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, созмони мухолифи "Толибон" дар Афғонистон, иддао кардааст, ки гурӯҳи ифротгарои "Ансоруллоҳ" қасд дорад, низоми ҳозираро дар Тоҷикистон сарнагун ва давлати исломӣ бунёд кунад. "Ансоруллоҳ" аз ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ, бавижа тоҷикистониҳо, таркиб ёфта, дар ҳудуди Афғонистон қарор дорад. Тоҷикистон онро созмони террористӣ эълон кардааст.
Ниқоб бар рӯй, бо лаҳҷаи тоҷикӣ
Алӣ Майсам Назарӣ, намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ҳафтае пеш дар шабакаи "Х" видео гузошт, ки ду кас ниқоб бар рӯй, бо лаҳҷаи тоҷикӣ ва зери парчами ДОИШ ба раҳбарияти Тоҷикистон ҳушдор додаанд.
Ҳувияти ҷангҷӯён ва замони сабти видео маълум нест. Назарӣ иддао дорад, ки "Ансоруллоҳ" бо истифода аз парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ", вале бо пуштибонии "Толибон" ва "Ал-Қоида" "мехоҳад Тоҷикистонро тасарруф кунад".
Ба ҷуз ин видео, дар саҳифаҳои маҷозии марбут ба "Ансорулоҳ" дида мешавад, ки ҷангҷӯён тайи чанд моҳи охир фаъол шудаанд, тамрин мекунанд ва ба сарбозгирӣ пардохтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора гап назадаанд, аммо дар гузашта гуфта буданд, ки барои посух додан ба ҳар таҳдиде ба амнияти ҷумҳурӣ омодаанд.
Як коршинос аз Тоҷикистон, ки ба далели амниятӣ нахост номашро зикр кунем, гуфт, "Ансоруллоҳ" аз нигоҳи идеологӣ ва зарфияти низомӣ тавоноии барандохтани низомро дар Тоҷикистон надорад. "Нашри наворҳо як кори таблиғотӣ ё фишори равонӣ аст," – бовар дорад ӯ.
Ин наворҳо, ба қавли ҳамсуҳбати мо, замоне пайдо шуданд, ки Муҳаммад Осим Малик, раҳбари Хадамоти иктишофи Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе мулоқот кард. Покистону "Толибон" дар як моҳи охир чанд дафъа вориди даргирӣ шуданд.
"Сабаби бисёр воқеияш ҳамин аст. Покистон гӯши "Толибон"-ро тофт ва Тоҷикистон ҳам то имрӯз зери бор нарафт. "Толибон" аз гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ҳамчун як фишанги фишор дар муқобили мо истифода мекунад, ки инҳо барои шумо хатар ҳастанду бояд ба як наҳвае бо мо ҳамкорӣ дошта бошед," -- ҳадс зад коршинос.
Видео:
"Агар "Толибон" ва "Ал-Қоида" ёрӣ кунанд..."
Аммо афзудани шумори зодаҳои Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористиро баъз аз коршиносони хориҷӣ хатари мустақим ба суботу амнияти Тоҷикистон низ медонанд.
Рикардо Волла, мудири Маркази таҳқиқотии “Khorasan Diary”, ки мавориди марбут ба ҷангҷӯёнро дар минтақа бозтоб медиҳад, ба хабаргузории “Reuters” гуфтааст, “ин танҳо масъалаи вақт аст, ки кай дар қаламрави Тоҷикистон ҳамлаҳои густарда сурат мегирад”.
Муин Исломпур, сарҳанги пешини артиши Афғонистон, мегӯяд, ба танҳоӣ аз дасти “Ансоруллоҳ” коре намеояд, ба ҷуз аз “харобкорӣ, мисли амалиёти террористӣ ё корҳои фикриву таблиғотӣ”. Вале ӯ бовар дорад, ки агар “Толибон” ва “Ал-Қоида” ба ин гурӯҳ мадад кунанд, он гаҳ хатар ҷиддӣ хоҳад шуд.
“Толибон” амалан дар умури Покистон мудохила мекунад. Толибони покистонӣ дар хоки Афғонистон ҷо ба ҷо ҳастанд. Ҳамин гуна тааҳҳуди фикриро нисбат ба “Ансоруллоҳ” дорад, ки 20 сол ҳамроҳаш ҷангидааст. Агар ин гуна нест, пас, "Ансоруллоҳ" дар навори марзии Тоҷикистон чӣ мекунад. Ҳамин ҷобаҷойии онҳо дар марз аст, ки Тоҷикистон нигарон аст ва бояд нигарон ҳам бошад,” – шарҳ дод Исломпур.
"Ансоруллоҳ": То ва баъди "Толибон"
Ҷамоати “Ансоруллоҳ”-ро Амриддин Табаров, фармондеҳи нерӯҳои пешини мухолифини тоҷик, таъсис дода буд. Ӯ созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифинро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон рафт. Ҳашт сол пеш хабари маргаш расонаӣ шуд.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳи мамнуъ дар хоки Афғонистон аз 200 то 300 нафаранд. Омори нави эҳтимолӣ дар бораи онҳо дар даст нест. “Толибон” соли 2021, баъд аз гирифтани ҳукумат дар Афғонистон, назорати бахше аз сарҳади Тоҷикистонро ба ихтиёри ин гурӯҳ дод.
Он замон аксу видеои раҳбари ҳаракат Муҳаммад Шарифов ё Маҳдӣ Арсалон ва ҷангҷӯёни дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2023 ва 2024 борҳо хабар доданд, ки аз чанд талоши ин гурӯҳ барои анҷоми амалиёти террористӣ дар хоки Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, дар моҳи августи соли 2024 гуфт, 27 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир карданд.
Додситони кул Юсуф Раҳмон моҳи июни 2024, замоне ки аз намояндагони Маҷлиси лағви масунияти вакилии Саидҷаъфар Усмонзодаро мехост, гуфт, Усмонзода дар ҳамкорӣ бо раҳбарони созмони мамнӯи Паймони миллӣ барои сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистон, бо ҷалби ҷамоати “Ансоруллоҳ”, созиш кардааст. Паймони миллӣ эътилофи се созмони мухолифи ҳукумат, аз ҷумла ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломист.
“Барои рондани онҳо даст ба кор нашуданд”
Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Русияву Амрико борҳо аз ҳузури ҷангҷӯён дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Раҳбарони ҳукумати “Толибон” борҳо ваъда додаанд, ки аз хоки Афғонистон ба онҳо ҳамлае сурат нахоҳад гирифт.
Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, “Толибон” аз соли 2021 ба ин тараф “на танҳо ба саркӯби гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон иқдом накарданд, балки ҳатто барои рондани онҳо аз ин кишвар низ даст ба кор нашуданд.”
“Дар асл “Толибон” ба ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистони таҳти назораташон ба унвони зарфият нигоҳ мекунанд. Баъд аз тасбит шудани худ ва барқарории иртиботи одӣ бо ҷаҳон, аз онҳо ҳамчун неруҳои ниёбатӣ (прокси) истифода хоҳанд кард. Ин нукта дар воқеъ таҳдиди мустақим барои кишварҳои перомунии Афғонистон, ба шумули ҷумҳуриҳои Осиёи Марказист,” – хулоса кард ӯ.
Бозгашти "Толибон" ва ҷанҷолу ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Тоҷикистон дар моҳҳои аввали ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон (соли 2021) ҳаргуна ҳамкориро бо онҳо рад кард. Шарти Душанбе ин буд, ки “Толибон” ҳукумати ҳамашумул ташкил карда, ба тоҷикон ҷойгоҳи муносиб бидиҳад. Дертар ду тараф ошкору ниҳон ба додугирифт пардохтанд. Фурӯши барқ, ифтитоҳи бозорҳои наздимарзӣ ва интиқоли молу коло аз ҷумлаи ин ҳамкориҳо буд.
Дар моҳи июли соли 2024 сафари ду мақоми баландпояи “Толибон” – Шамсуддини Кишмӣ, додситони кул ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли артиши “Толибон” – ба Тоҷикистон расонаӣ шуд. Мақомот он замон дар ин бора изҳори назар накарданд. Баъзе аз расонаҳои афғонистонӣ навиштанд, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки Тоҷикистон аз “Толибон” хостааст, аз миён бурдани “Ансоруллоҳ” ва ба Душанбе супурдани саркардаҳои ин гурӯҳ аст.
Дертар дар моҳи сентябри соли 2024, дар бораи сафари Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба Кобул ва музокироти ӯ бо “Толибон” ҳам гузориш расид. Мақомот тасдиқ ё инкор накарданд.
Ҳарчанд сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ихтиёри намояндагони ҳукумати пешини ин кишвар аст, гуфта мешавад, консулгарӣ дар Хоруғ зери итоати афроди “Толибон” аст.