Мақомоти Тоҷикистон ва Русия пайваста аз вуҷуди хатари бесуботӣ аз Афғонистон ҳушдор медиҳанд, вале дар доираи коршиносӣ ба ин таҳдидҳо назарҳо яксон нестанд.
Александ Бортников, роҳбари Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) дар ҷараёни нишасти Шӯрои раисони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамотҳои вижаи кишварҳои ИДМ аз ташкили "камарбанди бесуботӣ" дар марзҳои ҷанубии давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ)-ро дар натиҷаи ҷазби гурӯҳҳои мусаллаҳи нав ва интиқоли гуруҳҳои террористӣ аз Ховари миёна ва Афғонистон хабар дод. Ин нишаст 11-уми октябр дар шаҳри Боку баргузор гардид.
Ба гуфтаи ин мақоми амниятии Русия, ба даст гирифтани қудрат дар Осиёи Марказӣ дар авлавияти ин гурӯҳҳо аст ва Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, ки гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ мехоҳанд дар "Хилофати ҷаҳонӣ" шомил кунанд, дар маърази хатар қарор доранд.
Бортников таъкид кард, ки теъдоди низомиёни "Ал-Қоида" дар қаламрави Афғонистон 1,5 ҳазор нафар аст ва гурӯҳи тундрави "Вилояти Хуросон" ба 6,5 ҳазор нафар мерасад ва онҳо барномаҳои худро барои муттаҳид кардани гурӯҳҳои мухталиф ба густариши онҳо ба кишварҳои ҳамсоя, дар қадами аввал, Осиёи Марказӣ ва Русия, пинҳон намекунанд. Ин баландтарин мақоми истихбороти Русия ниҳодҳои иттилоотии ИМА ва Бритониёро ба даст доштан дар омодагии тундравон муттаҳам кард.
“Дар ин росто мо бовар дорем, ки маҳз ИМА ва НАТО бо баҳонаи маҳор кардани таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон фаъолона хадамоти худро ба шарикони мо дар Осиёи Марказӣ дар заминаи низомӣ-техникӣ таҳмил мекунанд," - изҳор дошт Бортников.
Кадом таҳидҳо?
Андрей Серенко, коршиноси масоили Афғонистон мегӯяд, баёнияи роҳбари Хадамоти амнияти Русия бозгӯи воқеиятҳои рӯз аст. "Вазъият воқеъан печида аст, ҳатто агар ба манобеи дигар ҳам нигоҳ кунед. Масалан, буҷаи Толибон, рушди сареъи сохтори низомии онҳо ва ғайра. Ҳоло 40 дарсади буҷаи онҳо ба ниёзҳои низомӣ ихтисос меёбад, 19 ҳазор мадраса ифтитоҳ шудааст, ки ҷавонон дар онҳо омӯзиш мебинанд. Аммо, дар Афғонистон масҷидҳо ва ҷойи кории кофӣ барои ин теъдод ҷавон вуҷуд надорад. Хатмкунандагони ин мадрасаҳо дар куҷо кор хоҳанд кард? Маълум аст, ки ин захира барои ҷанг аст," - мегӯяд Серенко.
Ба гуфтаи ӯ, агар теъдоди нерӯҳои низомии Толибон дар ҳоли ҳозир 400 ҳазор нафар бошад, бо дар назар гирифтани хатмкунандагони мадорис ин рақам бидуни ҳисоб кардани гурӯҳҳои дигари ҷиҳодӣ ба миллион нафар мерасад.
Қосим Бекмуҳаммад, шарқшинос ва рӯзноманигори тоҷик дар суҳбат бо "Азия Плюс" гуфтааст, таҳдидҳои амниятӣ аз ҷониби Афғонистон барои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, аммо дастёбӣ ба муваффақият тавассути чунин гурӯҳҳо барои ба даст гирифтани қудрат дар кишварҳои минтақа баъид нест.
“Албатта, дар сурати ҳамлаи террористҳо аз Афғонистон ба минтақа на танҳо аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон ба суръат истифода мешавад, балки Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба кумак мерасанд ва инчунин аз сӯи кишварҳои дӯст дастгириҳои низомӣ-техникӣ хоҳад расид,” -мӯътақид аст Бекмуҳаммадов. “Аммо, кор ба инҷо нахоҳад расид,"-мегӯяд, ӯ, "зеро вазъияти Афғонистон ба Толибон иҷоза намедиҳад бо чунин сурат гирифтани авзоъ мувофиқат кунанд, ҳатто агар ба онҳо таҳмил шавад. Ин хеле хатарзо аст ва метавонад оғози поёне барои худи Толибон бошад.”
Камарбанди амниятӣ
Пешрафт ё нуфузи ҷангҷӯён аз Афғонистон на танҳо мавзӯи суҳбати хадамоти амниятӣ ва коршиносони Русия дар тамоми солҳои пасошӯравӣ буда, балки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пайваста ин мавзӯъро аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба баҳс мекашад ва даъват мекунад, ки дар атрофи Афғонистон камарбанди амниятӣ эҷод шавад.
Манзур аз “камарбанди амниятӣ”, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар миён гузошта мешавад, ба феҳристи ягона ворид кардани ташкилотҳое, ки дар кишварҳои ИДМ ва СПАД террористӣ эълон шудаанд ва ҷалби кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла таъмини анвои силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ва фаннӣ мебошад.
Тоҷикистон дар даврони истиқлол на танҳо аз Русия ва Чин, балки аз ИМА ва Иттиҳоди Урупо низ барои тақвияти марзҳои ҷанубии худ кумакҳои низомӣ-фаннӣ дарёфт кард. Хайриддин Усмонзода, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар нишасти хабарии моҳи август гуфта буд, ки теъдоди қисмҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон ба 100 расидааст ва бештари онҳо бо маблағи кишварҳои ғарбӣ бунёд шудаанд.
Таҳдиди вобаста аз шароит
Моҳҳои апрел ва августи соли 2023 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз хунсо ва халъи силоҳи чанд аъзои гурӯҳи "Ансоруллоҳ" дар марз бо Афғонистон хабар дод. Ин гуна амалиётҳои вижа дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе вақтҳо бо шаку тардид қабул мешаванд. Як шореҳи сиёсӣ аз Тоҷикистон таъкид мекунад, ки мақомоти истихборотии Тоҷикистон вобаста аз вазъ чунин таҳдидҳоро барҷаста мекунанд. "Ҳоло мавзуи "таҳдид аз ҷануб" аз ҳад зиёд матраҳ мешавад. Шоҳид будем, ки Толибон дар ду соли гузашта тавонистанд қудратро дар Афғонситон ба даст гиранд ва чунин нерӯе дар онҷо вуҷуд надорад, ки битавонад таҳдиде барои Осиёи Марказӣ бошад. Ҳатто агар ҳамалоти мусаллаҳонае ба кишварҳои минтақа сурат бигирад, дар чорчӯби баъзе нақшаҳои махфиёнаи худи Толибон хоҳад буд, ки онҳо низ фаъолона аз мавзуи "таҳдид аз ҷануб" барои аҳдофи худ истифода мекунанд. Бо ин ҳол, кишварҳои минтақа набояд ғафлат кунанд. Онҳо бояд худро барои бадтарин вазъ омода кунанд ва тавони дифоии худро тақвият бидиҳанд. Ба Русия ва дигар қудратҳои бузург такя нашояд. Замони эҷоди навъе сохтори дифоии минтақаӣ фаро расидааст,"-- мегӯяд ин коршинос.
Гуфтугӯ