Дар чанд ҷумла
Боздошти раиси "Маркази рушди зеҳнӣ" бо гумони дастдарозӣ ба як ноболиғ

Додхудо Шарифзода (Шарипов)-и 24-сола, раиси Маркази рушди зеҳнӣ ва узви пешини гурӯҳи "Авангард" дар Тоҷикистон, дастгир шудааст.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми март ӯро ба "таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ" муттаҳам кард.
Мақомот ҳамчунин гуфтанд, ки ӯ гуё "нисбат ба 3 ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқона" анҷом додааст.
Мавқеи худаш, вакили мудофеъ ва ё наздиконаш феълан маълум нест.
Додхудо Шарифзода дар солҳои охир озмуни "100 чеҳраи муваффақ" мегузаронд.
Дар аксҳои гузоштааш дар Фейсбук дида мешавад, ки то кунун ба чанд генералу чеҳраҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҷоиза додааст.
Дар миёни ин чеҳраҳо Рухшона Эмомалӣ, духтари президент ва сафири Тоҷикистон дар Бритониё; Абдуҷаббор Азизӣ, муовини пешини раиси ҲХДТ; Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси зиддифасод, Шоҳрух Саидзода, сардори РКД-и Душанбе ва Шермуҳаммад Раҷабзода, сардори Хадамоти ташрифоти президент ҳастанд.
Додихудо Шарифзода ҳамчунин дар доираи созмону гурӯҳҳои тарғиботӣ, ба мисли "Авангард", дар маъракаҳои сиёсӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд. Пайваста аз ҳукумат ва мансабдорони тоҷик ҷонибдорӣ ва алайҳи намояндагони мухолифин суҳбат мекард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Бори аввал як зан раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ интихоб шуд

Кирсти Ковентри раиси нави Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) интихоб шуд. Вай қаҳрамони чандинкаратаи олимпӣ ва вазири варзиши Зимбабве мебошад.
Ковентри дар як овоздиҳии пинҳонӣ аксарияти орои аъзои ин созмонро ба даст овард ва аввалин зане шуд, ки раҳбари КБО гардид.
Томас Бах, ки аз соли 2013 ба ин сӯ раҳбарии КБО-ро ба зимма дошт, тобистони соли ҷорӣ мақомашро тарк менамояд. Раиси нави КБО 24-уми июни соли 2025 ба кор шурӯъ мекунад.
Кирсти Ковентри қаҳрамони дукаратаи олимпӣ дар шиноварӣ, ғолиби чандинкарата ва барандаи медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва рекордсмени чандинкаратаи ҷаҳон аст. Вай серунвонтарин варзишгари зан дар таърихи Зимбабве мебошад. Ковентри аз ҳамаи ҳашт медали олимпии Зимбабве дар таърихи ин кишвар ҳафтоашро ба даст овардааст.
Президенти собиқи Зимбабве Роберт Мугабе Ковентриро "духтари тиллоӣ" номидааст. Илова бар ин, вай дар тӯли фаъолияти варзишии худ панҷ маротиба беҳтарин шиноварзан дар Африқо эътироф шудааст.
Аз соли 2013 Ковентри узви КБО ва Кумитаи олимпии Зимбабве мебошад. Аз соли 2018 вай дар вазифаи вазири варзиш, фароғат, ҳунар ва фарҳанги Зимбабве кор кардааст.
Ковентри дар байни ҳафт номзад барои курсии раиси КБО аз ҳама бештар – 49 дар сади овозҳоро соҳиб шуд. Рақибони аслии ӯ Хуан Антонио Самаранчи хурдӣ (падараш солҳои 1980-2001 роҳбари КБО буд) ва варзишгари бритониёӣ, раиси IAAF (Федератсияи байнулмилалии варзиши сабук) Себастян Коу буданд. Самаранчи хурдӣ 28 дар сад ва Коу 8 дар сади овозҳоро гирифтанд.
Аз афрӯхтани гулхан то сайёҳони эронӣ. Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Ҷашни Наврӯз имсол ба моҳи Рамазон рост омад, вале боз ҳам хиёбонҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, пур аз мардум ва меҳмонон буд.
Мижгон бо ҳамсараш Эраҷ барои тамошои тантанаҳои наврӯзӣ аз Эрон ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин сафари худ пушаймон нест.
“Воқеан, ҷашни бошукӯҳи ҷашни бостонии муштараки Эрону Тоҷикистон ва воқеан хеле хушҳолем аз ин ки ин таҷрубаи қашангро инҷо ба даст овардем. Воқеан хуш гузашт. Интизориҳоямон бештар аз ин буд, вале бо моҳи Рамазон чун мусодиф шуда, як миқдор маросими шодаш камтар баргузор шуд, вале бо ин ҳол хеле олӣ буд”, - изҳор дошт ӯ.
Фотима, ки аз шаҳри Кирмони Эрон барои тамошои таҷлили Наврӯз ба Душанбе омадааст, рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон аз кишвари ӯ каме фарқ дорад.
“Чизе, ки аз қабл дидам, ин ҷашнро хеле бо рақсу овозу шодӣ дар инҷо баргузор мекунанд. Хеле дӯст медоштам, ки биёям ва аз наздик инро бубинам”, - изҳор дошт ӯ.
Нуҷумшиносон дақиқ кардаанд, ки соли нави хуршедӣ рӯзи 20-уми март, соати 14:01 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон фаро расид.
Таҷлили расмии ҷашни Наврӯз дар Душанбе субҳи 21-уми март бо афрӯхтани гулхан оғоз шуд. Ба ин муносибат дар Боғи Ғалаба дар Душанбе мардуми зиёде ҳам ҷамъ омаданд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои асосӣ дар Тоҷикистон буда, ба муносибати он чор рӯз истироҳати расмӣ эълон шудааст.
Трамп созиши марзии Тоҷикистон ва Қирғизистонро муҳим хонд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, созиши марзии Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки ба баҳсу задухӯрдҳои чандсолаи ду кишвар поён хоҳад дод, муҳим хондааст.
Паёми Трамп 21-уми март дар рӯзи таҷлил аз Наврӯз дастрас шудааст. Муҳтавои онро хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард.
Тибқи он, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, "ин комёбии бузургест, ки ба ҳарду кишвар манфиати калони иқтисодӣ ва амниятӣ меоварад."
Ба иттилои манбаъ, Доналд Трамп дар идома гуфтааст, Вашингтону Душанбе минбаъд ҳам барои таҳкими амнияти ҳарду давлат ҳамроҳ кор хоҳанд кард. "Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҷонибдори содиқи соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон мемонад," -- иқтибос овардааст хадамоти матбуот аз номаи Трамп.
Тоҷикистон ва Амрико беш аз 30 сол боз муносибати дипломатӣ доранд. Дар ин муддат Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиард доллар ёрӣ кардааст.
Путин ба сокинони минтақаҳои ишғолӣ шарт гузоштааст

Владимир Путин, президенти Русия, ба украиниҳо дар минтақаҳои ишғолшуда амр додааст, ки то 10-уми сентябр шиносномаи русӣ гиранд ё бояд кишварро тарк кунанд. Ин фармон рӯзи 20-уми март нашр шуд.
Дар санад гуфта шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки ба қаламрави зери назорати Русия ворид мешаванд, бояд аз муоинаи пизишкӣ, аз ҷумла бемориҳои хатарзои сироятӣ гузаранд.
Ба иттилои Созмони Милал, аз моҳи феврали соли 2022 то июни соли 2024 дар Русия беш аз 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Украина сабти ном шудаанд.
Илова бар ин, чанд миллион шаҳрванди Украина дар қаламравҳои ишғолкардаи Русия, аз ҷумла Қрим ба сар мебаранд.
Вазири пешини иқтисоди Украина дар шабакаи “Х” навишт, ултиматум ё талаботи қатъии Русия ба украиниҳои сокини минтақаҳои ишғолшудаи Донетск, Луҳанск, Херсон ва Заропорожйе дахл дорад.
Изҳороти хушбинонаи Трамп ва зарбаҳои Русия ва Украина ба ҳамдигар

Раисҷумҳури Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба зудӣ созишеро бо Украина дар заминаи маъдан ва захираҳои табиии ин кишвар имзо мекунад.
Доналд Трамп инчунин гуфт, музокираҳояш бо Украина ва Русия барои поён додан ба ҷанг идома доранд.
Трамп, ки то ҳол бо президентҳои Русия ва Украина суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст, рӯзи 20-уми март ба хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, талошҳояш барои дастёбӣ ба созиши сулҳ хуб пеш мераванд.
Замоне ки Трамп суҳбат мекард, нерӯҳои русӣ зербиноҳои мулкиро дар шаҳри Одесса ҳадаф қарор дода, дар натиҷа се нафар, аз ҷумла як духтарро захмӣ карданд.
Олеҳ Кипер, волии Одесса дар Телеграм навишт, “душман ба шаҳри Одесса ҳамлаҳои густарда анҷом дода, бо паҳпод ё дронҳо ба минтақа зарба зад”.
Ба иттилои ӯ, як бинои баландошёнаи истиқоматӣ, як маркази тиҷоратӣ ва як фурӯшгоҳ зарар дидааст.
Инчунин бар асоси гузоришҳо аз минтақаи Курск, Русия гуфтааст, ки нерӯҳои украинӣ як истгоҳи тақсими газро дар шаҳри Суҷа ҳадаф қарор доданд. СОТА акси сӯхторро дар шабакаи Телеграм нашр намуд.
Низомиёни украинӣ бо нашри акси монанд аз “ҳамлаҳои бомуваффақият ба низоми тақсимоти гази Суҷа” хабар доданд. Ин шабака барои интиқоли газ ба Аврупо истифода мешавад.
Беш аз 200 касро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод кардаанд

Дар Тоҷикистон 53 зан ва 147 мардро аз зиндонҳои Ёвон ва Норак озод карданд. Ҳамроҳи онҳо 23 ноболиғ ҳам раҳо карда шудааст. Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия номи онҳоро нагуфт. Маълум нест, дар миёни озодшудаҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ба қавли наздиконашон бо иттиҳомҳои сохта ва ё дорои ангезаҳои сиёсӣ ба маҳбас андохта шудаанд.
Раҳоии беш аз дусад нафар рӯзи 21-уми март бар асоси фармоне сурат гирифт, ки рӯзе пеш раисҷумҳур имзо кард. Мақомот онро "бахшиши ҷазо" номидаанд, ки тақрибан нуҳсад касро дар бар мегирад. Онҳое, ки ҷинояти миёна, вазнин ё махсусан вазнин кардаанду дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.
"Бахшиши ҷазо аз тарафи президенти Тоҷикистон нисбат ба шахси муайян татбиқ мегардад. Бо ин санад шахси зиндонӣ метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам изофӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад. Моддаи 83-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон
Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯйхатро комиссияи ҳукуматӣ тартиб додааст ва онро ба зудӣ дастрасу нашр мекунанд.
"Рӯйхат дар дасти ҳукумат аст. Дар онҷо занҳо бисёранд. Як қисмаш имрӯз баромад. Махсусан онҳое, ки дар муассисаи ислоҳӣ кӯдак доранд. Авф хуб аст. Ман ҷонибдори авф ва бахшидани гуноҳ астам," – афзуд ӯ. Умаров дар мавриди эҳтимоли раҳоии баъзе аз хабарнигорон ва фаъолону сиёсатмадорони зиндонӣ посух надод ва беҳтар донист, мунтазири нашри рӯйхат бимонем.
То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазору 500 нафар сабт шудааст. Омори нав феълан дастрас нест.
Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.
Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, беш аз 50 нафар кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.
Раҳоии як шаҳранди Амрико аз дасти Толибон

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, аз озодии як шаҳрванди ин кишвар аз дасти Толибон хабар додааст.
Вазири корҳои хориҷии ИМА дар шабакаи Х навиштааст, ки Ҷорҷ Глезманн ҳудуди дувуним сол дар дасти Толибон буд ва ҳоло пас аз раҳоӣ, дар ҳоли пайвастан ба хонаводааш аст.
Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ки 20 март нашр шуд, ба нақл аз Марко Рубио омадааст, "имрӯз пас аз дувуним сол асорат дар Афғонистон, Ҷорҷ Глезманн, мутахассиси хатҳои ҳавоӣ, дар роҳи пайваста ба ҳамсараш, Александра, аст".
Дар идома, ба нақл аз вазири корҳои хориҷии Амрико омадааст, "мо амиқтарин қадрдонии худро ба ҳукумати Қатар иброз медорем, ки талошҳои дипломатӣ дар озодии Ҷорҷ Грезман дошт".
Ӯ афзуд, "Қатар ҳамеша собит кардааст, ки шарик ва миёнарави қобили эътимод дар гуфтугӯҳои печида будааст".
Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико омадааст, "озодии Ҷорҷ гоми мусбат ва созанда аст. Ин ҳамчунон ёдовари он аст, ки дигар шаҳрвандони Амрико ҳанӯз дар Афғонистон дар боздошт ба сар мебаранд".
Бар асоси эъломия, раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳамчунон ба талошҳои худ барои озодии ҳамаи амрикоиҳое, ки ноодилона дар саросари ҷаҳон боздошт шудаанд, идома хоҳад дод.
Сафорат аз шаҳрвандон хост, дар эътирозҳои Туркия иштирок накунанд

Сафорати Тоҷикистон дар Анқара дар робита ба нооромиҳо дар Туркия аз шаҳрвандоне, ки дар Туркия қарор доранд, даъват кардааст, ки аз иштирок дар эътирозҳои умумӣ дар ин кишвар, худдорӣ намоянд.
Ин огоҳинома шоми 20 март дар саҳифаи фейсбукии cафорат нашр шуд. Сафорат гуфтааст, дар ҳолати пеш омадани вазъияти ғайримуқаррарӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба ин намояндагии дипломатӣ занг зананд.
Аз рӯзи чаҳоршанбе ба ин тараф ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Туркия бар зидди боздошти шаҳрдори Истанбул Акрам Имомуғлу ба эътироз баромаданд.
Шаҳрдори Истанбул рӯзи 19-уми март бо иттиҳоми фасод ва ёрӣ ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шудааст. Хабар дода мешавад, ки дар умум, дар доираи ин парванда наздик ба 100 нафар сиёсатмадорон, журналистон ва соҳибкорон дастгир шудаанд.
Акрам Имомуғлу рақиби асосии раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ном бурда мешавад, ки интизор мерафт, рӯзи якшанбе, номзадии худро ба интихоботи соли 2028 пешбарӣ намояд.
Ба гузориши расонаҳои туркӣ, ҳамакнун тазоҳурот ҷараён дорад. Расонаҳои маҳаллии ин кишвар хабар додаанд, ки пулис алайҳи эътирозгарон аз таҷҳизоти вижа истифода мекунад. Тибқи гузоришҳо, 37 нафар дар пайи ин эътирозҳо дастгир шудаанд.
Эълони афви 897 зиндонӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон афви тақрибан нуҳсад зиндонӣ эълон шуд. Фармонро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳукуматаш барои саркӯб ва ба зиндон андохтани дигарандешон танқид мешавад, рӯзи 20-уми март имзо кард.
“Дар арафаи Иди байнулмилалии Наврӯз ҷазои 897 маҳкумшуда бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд," – гуфта шудааст дар фармон.
Мақомот “башардӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон”-ро аз далелҳои эълони тасмим номбар кардаанд.
Ин фармон нисбат ба маҳкумшудаҳое татбиқ мегардад, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуда, "дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд".
Дар Тоҷикистон бори охир моҳи сентябри соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қонуни афв қабул гардида буд. Тибқи он, ёздаҳуним ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.
То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазору 500 нафар сабт шудааст. Омори нав феълан дастрас нест.
Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.
Лаҳистон се шаҳрванди Тоҷикистонро аз хокаш берун кард

Мақомоти Лаҳистон (Полша) 14 хориҷӣ, аз ҷумла се шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватанашон истирдод кардаанд. Номи онҳо нашр намешавад.
Хадамоти марзбонии Лаҳистон рӯзи 18-уми март дар эъломияе гуфт, ки дар миёни истирдодшудаҳо 4 шаҳрванди Гурҷистон ва 7 шаҳрванди Узбекистон низ ҳастанд.
Як шаҳрванди 32-солаи Гурҷистон дар ватанаш бо иттиҳоми "терроризм" дар ҷустуҷӯ будааст.
Вазорати корҳои дохилии Лаҳистон мегӯяд, дигарон бо гумони одамрабоӣ ва дуздӣ "шахсони барои ҷомеа хатарнок шумурда мешаванд".
Намояндаи вазорат ба "Радиои Полша" гуфтааст, "яке аз истирдодшудаҳо чор дафъа барои дуздӣ ва дигаре нӯҳ бор барои ронандагӣ дар ҳолати мастӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст."
Лаҳистон аз соли 2015, баъд аз мавҷи таъқиби мухолифону дигарандешон дар Тоҷикистон, макони кору зиндагӣ ва паноҳҷӯии тоҷикони фирорӣ гардид. Теъдоди онҳо то 15 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.
Дар як соли охир аз хоки Лаҳистон 3 ҳазор хориҷиро берун кардаанд, ки дар миёнашон зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд.
Фаррух Икромов, паноҳҷӯйи тоҷик, ки моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон ронда шуда буд, дар Душанбе ба 23 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ аз соли 2016 бо ҳамсар ва ду фарзандаш дар Полша мезист. Мухолифони ҳукумат пеш аз фиристодани Фаррух Икромов ба Тоҷикистон гуфта буданд, ки ӯ дар эътирозҳои соли 2023 ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин ширкат дошт.
Баъзе ҷузъиёти суҳбати Доналд Трамп бо раисҷумҳури Украина

Доналд Трамп, президенти Амрико ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 19-уми март бо ҳам гап заданд ва гуфтанд, ки барои поён додан ба ҷанг якҷоя кор мекунанд.
Як рӯз пеш аз он, Трамп бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ дошт.
Раҳбарони Амрико ва Украина дар ҳоле суҳбат карданд, ки охири моҳи феврал дар Кохи Сафед бо ҳам ҷанҷоли лафзӣ карда буданд.
Кэролайн Ливитт, сухангӯи Трамп, гуфт, “додани хабарҳои иктишофӣ ва ёриҳои низомӣ ба Украина идома меёбад”
Сухангӯйи Кохи Сафед гуфт, Зеленский аз Трамп барои дифои изофӣ аз фазои Украина таҷҳизот хостааст ва Трамп ҳам ваъдаи кумак кардааст.
Ӯ гуфт, Трамп фаротар аз созиш дар бораи истихроҷи маъданҳо суҳбат кардааст.
"Мо фаротар аз истихроҷи маъданҳо дар бораи оташбаси доимӣ гап задем. Мо ҳоло ба оташбаси нисбӣ даст ёфтем. Аммо такрор мекунам, ки президент як ҳайати боҳушу ботаҷрибаро ба Арабистони Саудӣ мефиристад, ки барои сулҳ ва поён додан ба ҷанг талош мекунанд,” – афзуд Кэролайн Ливитт, сухангӯи Кохи Сафед.
Доналд Трамп борҳо ваъда додааст, ки ба хунинтарин ҷанг пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар Аврупо хотима медиҳад. Кишварҳои аврупоӣ нигаронанд, ки эҳтимол Трамп ба нафъи Русия тасмим бигирад ва ояндаи Аврупоро дар хатар гузорад.
Русия ва Украина даҳҳо асири ҷангро раҳо карданд

Дар Украина 175 асири раҳошуда аз банди Русияро пешвоз гирифтанд.
Украина ҳам 175 асири русро раҳо кард.
Маскав эълон кард, ки ин тавофуқ дар суҳбати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 18-уми март ба даст омадааст.
Дар ин суҳбат қатъи ҳамла ба бахшҳои энрежӣ эълон шуд, вале чанд соат пас Русия ва Украинаро ба риоя накардани ин ваъда айбдор карданд.
Маскав гуфт, ки Украина ба як анбори нафт дар ҷануби Русия зарба задааст. Украина Русияро ба ҳамла ба бемористону хонаи сокинон ва хароб кардани роҳҳои оҳан айбдор кард.
Украина ва Русия ҳамдигарро замоне ба беаҳдӣ айбдор карданд, ки он рӯз Трамп суҳбаташро бо Владимир Зеленский, раиҷумҳури Украина “хеле хуб” номид.
Қабл аз ин суҳбат, Зеленский гуфт, Русия дигар чиз мегӯяд, вале амалан нишон дод, ки ба сулҳ омода нест. Ӯ таъкид кард, ки Амрико бояд ҳама гуна созиши оташбасро назорат кунад.
Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон фаро расид

Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми март, соати 14:01 ба вақти маҳаллӣ, фаро расид.
Гулчеҳра Қоҳирова, нуҷумшиноси тоҷик, гуфт, "замин дар гирди офтоб чарх мезанад ва ҳар сол аз як нуқтаи ҷолиб мегузарад, ки дар илми ситорашиносӣ ҳамчун нуқтаи эътидоли баҳорӣ маълум аст."
Ба қавли ӯ, дар илми ситорашиносӣ ин лаҳза ҳамчун саршавии ҳақиқии соли нави хуршедӣ ҳисобида мешавад.
"Бинобар ин, соли нав на шаби 31-уми декабр ба 1-уми январ ба вуҷуд меояд, балки он аз лаҳзаи гузаштани замин аз ҳамин нуқтаи эътидоли баҳорӣ оғоз меёбад,” – шарҳ дод Гулчеҳра Қоҳирова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои асосӣ дар Тоҷикистон буда, ба муносибати он чор рӯз истироҳати расмӣ эълон шудааст. Наврӯзро, ки дар моҳи март фаро мерасад, дар Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон ҷашн мегиранд.
Наврӯзи расмӣ дар Тоҷикистон ҳар сол дар яке аз шаҳру ноҳияҳо бо ҳузури мансабдорони баландпоя мегузарад. Имсол ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара дар назар аст.
Зеленский сӯҳбаташ бо Трампро "муфид" хонд

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мегӯяд, ки бо Доналд Трамп, президенти Амрико сӯҳбати ошкор ва муфид дошт. Доналд Трамп ва Владимир Зеленский 19-уми март телефонӣ суҳбат карданд.
Пеш аз ин ибрози назари Зеленский, президенти Амрико Доналд Трамп дар сафҳаи иҷтимоии худ Truth навишт, ки ин суҳбат тақрибан як соат давом кард ва қисмати асосии он дар бораи гуфтугӯяш бо Владимир Путин, президенти Русия дар мавриди ҷанг дар Украина буд.
Президентҳои Амрико ва Русия рӯзи 18-уми март телефонӣ суҳбат карда буданд.
Қарор аст якшанбеи 23 март, ҳайатҳои Амрико ва Русия музокироти худ дар бораи Украинаро дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дубора оғоз кунанд.
Ду тараф ҳафтаи гузашта ҳам дар Ҷидда дар мавриди ҷанг дар Украина суҳбат карда буданд.
Зеленский гуфт, Русия боз ба зербунёдҳои Украина зарба зад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 19-уми март гуфт, ки Русия дигарбора ба зербиноҳои энергетикии кишвараш зарба задааст.
Ҳамлаҳо, ба гуфтаи ӯ, чанд соат пас аз суҳбати телефонии Владимир Путин, президенти Русия бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сурат гирифт.
Путин дар ин суҳбат розӣ шудааст, ки барои расидан ба оташбаси комил сӣ рӯз ҳамлаҳоро ба бахши энержии Украина бас мекунад.
Зеленский рӯзи чоршанбе дар нишасти матбуотӣ дар Ҳелсинки гуфт, “150 ҳавопаймои бесарнишини Русия ба қаламрави Украина ҳамла кард ва ба зербиноҳои энергетикӣ зарба зад.”
“Бояд суханони Путин санҷида шавад... Мо рӯйхати биноҳо ва иншоотеро, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои Русия задаанд, таҳия хоҳем кард. Агар русҳо нишон гирифтани биноҳои моро бас кунанд, мо ҳам зарбаҳои худро ба қаламравҳои Русия қатъ хоҳем кард,” - афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба як анбори нафт дар вилояти Краснодари Русия зарба задаанд.
Боздошти Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбул

Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбул, рӯзи 19-уми март бо иттиҳоми фасод ва ёрӣ ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шудааст.
Вай рақиби сиёсии раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ном бурда мешавад.
Ба гузориши “Рейтерс”, ҳизби умдаи мухолифи ҳукумати Туркия боздошти Имомоғлуро “табаддулоте алайҳи раисҷумҳури оянда” номид.
Боздошти Имомоғлу дар идомаи саркӯби чандмоҳаи чеҳраҳои мухолиф сурат гирифт. Иқдоме, ки дорои ангезаи сиёсӣ гуфта шудааст.
Ҳукумати Туркия иддаои мухолифонро рад карда, гуфтааст, низоми додгоҳӣ дар ин кишвар мустақил аст.
Додгоҳе дар Амрико ба нафъи USAID қарор содир кард

Додраси Додгоҳи федеролӣ дар Мериленд амр дод, ки кори Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико (USAID) барқарор карда шавад, "чун бастанаш ғайриқонунӣ мебошад".
Дар қарор гуфта мешавад, ки маъмурияти президент Доналд Трамп бо масдуд кардани кори USAID метавонист ба поймоли муқаррароти конститутсионӣ даст зада бошад.
Қарори 68-саҳифаиро додрас Теодор Чуанг содир кард.
Додрас гуфт, ин амал на танҳо ба ҷабрдидаҳо ва кормандони собиқи Оҷонсӣ, балки ба манфиатҳои иҷтимоии Амрико ҳам осеб расониданд
"Намояндагони интихобшудаи ҷомеаро дар Конгресс аз ҳаққи конститутсионии онҳо барои қабули қарор дар робита бо замон, шева ва далели бастани Оҷонсӣ маҳрум карданд," – гуфта шудааст дар қарор.
Додрас амр дод, ки шикояткунандагонро дар корашон барқарор кунанд ва ба онҳо ба дафтари корие, ки онҳо мерафтанд, дастрасӣ кафолат дода шавад.
Амр шудааст, ки дастрасии ҳама кормандони USAID ба почтаи кории электронӣ барқарор шавад.
Додрас ба Департаменти самаранокии кори ҳукумат (DOGE) таҳти раёсати Илон Маск амр дод, ки бе иҷозаи мустақими мақомдори ин оҷонсӣ дигар ҳеч иқдоме нисбат ба USAID наандешад. Вазифаи мудирияти муваққатии оҷонсиро маъмурияти Трамп ба дӯши Марко Рубио, котиби давлатии Амрико вогузор кардааст.
DOGE бо як қарори Трамп ба хотири назорат аз сарфу харҷи давлат таъсис шуд. Илон Маск, ки роҳбари ин идора таъйин шудааст, гуфт, USAID ниҳоди номуассир аст ва бояд баста шавад.
Кохи Сафед аз ин қарори миллиардер ҳимоят намуд.
Кормандони Оҷонсӣ ихроҷ ё ба рухсатӣ фиристода шуда, барояшон кор дар аксар тарҳҳои ин ниҳод манъ гардид. NPR гуфт, бисёре аз онҳо қарорро ҳангоми кор дар хориҷа гирифтанд.
Дар моҳи феврал созишномаи Оҷонсӣ бо бинои кории он, ки қароргоҳи USAID ҷойгир мебошад, қатъ карда шуд.
Илон Маск дар шабакаи “Х" қарори додгоҳро танқид намуд. Маск навиштааст, додрасе, ки аз ҷониби собиқ президент Барак Обама таъин шуда буд, бар пояи ақидаҳои пуштибонӣ аз демократҳо чунин қарорро қабул кард.
Файзалӣ Идизода – раиси нави Маҷлиси Намояндагон дар Тоҷикистон

Ҳайати нави Маҷлиси Намояндагон дар Тоҷикистон, ки асосан аз аъзои ҳизби ҳоким ва ҷонибдорони ҳукумат иборат аст, рӯзи 19-уми март ба кор сар кард.
Файзалӣ Идизода дар овоздиҳии пинҳонӣ раиси нави Маҷлиси Намояндагон интихоб шудааст. Вай 48-сола аст ва аз ноҳияи Рашт.
Ин курсӣ тибқи қонунҳои нонавишта дар Тоҷикистон марбути намояндагони шарқи кишвар аст. Тайи панҷ соли охир ин мақомро Маҳмадтоир Зокирзода бар уҳда дошт.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси пешини Додгоҳи олӣ муовини аввал, Мавсума Муинӣ ва Азиз Гиёзода муовинҳои раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб гардидаанд.
Ҳамаи онҳо намояндагони ҳизбе ҳастанд, ки раёсаташро президент Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад ва пайваста барои инҳисори қудрат танқид мешавад.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми марти имсол баргузор шуд.
Мақомоти Тоҷикистон ва созмону кишварҳои ҳампаймони Душанбе маъракаро “озоду шаффоф”, вале намояндагони мухолифин “сохтаву ғайриозод” донистанд.
Нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ Дар Аврупо ва баъзе аз расонаҳои мустақилу байнулмилалӣ, аз ҷумла Радои Озодӣ, Би-би-сӣ ва “Азия Плюс” аз назорат ва гузоришдиҳӣ дар бораи интихобот маҳрум буданд.
Вакилони порлумонро дар Тоҷикистон дар панҷ сол як дафъа интихоб мекунанд. Онҳо ҳамвора барои сукут дар баробари душвориҳои мардум ва қабули бечунучарои қонунҳои пешниҳодии ҳукумат танқид мешаванд.
Гапи Озод: Интихобот ё таъйинот?
Даври нави музокирот барои поён додан ба ҷанги Украина дар Ҷидда

Даври нави гуфтушунид барои поён додан ба ҷанг дар Украина рӯзи 23-юми март дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Стив Виткофф, фиристодаи президенти Амрико Доналд Трамп, дар суҳбат бо телевизиони Fox News хабар дод.
Ин хабар баъд аз анҷоми гуфтугӯи телефонии президентони Амрико ва Русия шоми 18-уми март нашр шуд.
Виткофф гуфт, ин навбат ҳам ба музокира бо мақомоти Русия Марко Рубио, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ва мушовири Трамп дар умури амнияти миллӣ Майк Волтс сафар мекунанд.
Онҳо дар моҳи феврал бо намояндагони Русия ва моҳи март бо фиристодаҳои Украина гуфтугӯ карда буданд.
Феълан маълум нест, ки баъди чор рӯз маҳз бо кадоме аз ин ду кишвар гуфтугӯҳо дар назар гирифта шудааст. Ҳанӯз на Русия ва на Украина нагуфтаанд, ки дар нишасти Ҷидда иштирок хоҳанд кард ё на.
Виткофф гуфт, музокираҳои навбатӣ ба ҷузъиёти вобаста ба оташбас бахшида мешавад. Украина қаблан ба оташбаси сирӯза розӣ шуд ва Русия то ҳол ба ин пешниҳод посухе надодааст.
Вале дар поёни суҳбати телефонии Трамп ва Путин дар рӯзи 18-уми март Кремл хабар дод, ки Русия омода аст ҳамлаҳоро ба бахши энержӣ ба муддати 30 рӯз бас кунад.
Парвандаи ҷиноӣ зидди як милиса ба гумони "қаллобӣ"

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон ба иттиҳоми "қаллобӣ", хабар дод.
Ин фард ба гирифтани 20 ҳазор доллар аз як сокини ин вилоят барои аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани бародараш, гумонбар дониста мешавад.
Оҷонсӣ аз ин нафар Назаров Ф., ном бурдааст, ки ба ҳайси ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон кор мекардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Назаров "бо истифода аз мақоми хидматӣ бо роҳи фиреб ба боварии як шаҳрванд даромада, бо баҳонаи қатъ кардан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш, маблағи умумии 20 ҳазор доллар талаб карда гирифтааст".
Аммо ба гуфтаи манбаъ, баъди гирифтани маблағ, ӯ ба нафъи ҷониби дигар коре анҷом надодааст.
Бо ин ҳол, Оҷонсии зидди фасод нагуфтааст, ки Назаров Ф.З боздошт шудааст, ё не. Ҳамчунин, маълум нест, ки худи ӯ дар робита ба ин ҳодиса чӣ назар дорад.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Порлумони Тоҷикистон созишномаи марзиро бо Қирғизистон қабул кард

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, 18-уми март, дар рӯзи охирини кори панҷсолаи худ созишномаи сарҳадиро бо Қирғизистон қабул карданд.
Дар ин рӯз ду ҳуҷҷати дигар дар бораи бунёду истифодаи роҳҳо ва дастрасӣ ба иншооти обу энержӣ дар марзи ду кишвар ҳам пазируфта шуд.
Аз рӯзи 19-уми март ҳайати нави вакилони порлумон ба кори худ сар мекунад.
Созишномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март дар шаҳри Бишкек имзо шуд.
Ҳарчанд мақомоти Қирғизистон баъзе ҷузъиёти онро ошкор карданд, ҷониби Тоҷикистон на дар гузашта ва на ҳоло тафсилоти музокирот ва созишномаро нагуфтааст.
Дар як ҳуҷҷате, ки Радиои Озодӣ дид, созишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон "бемуҳлат аст" ва тибқи он "парвози ҳама гуна ҳавопаймоҳои бесарнишин дар қитъаҳои сарҳадӣ манъ аст".
"Марзро нерӯҳои сарҳадӣ аз дидбонгоҳҳо бо истифода аз аслиҳа ва техникаи низомии муқаррарӣ ҳифз намоянд. Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷобаҷоии техникаи вазнини ҳарбӣ, қувваҳо ва воситаҳои иловагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ роҳ надиҳанд," – гуфта шудааст дар санад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Тақрибан панҷсад километри он дар се соли охир мушаххас шудааст.
Номуайянии марз дар гузашта сабаби ҷангу хунрезӣ байни ду кишвари Осиёи Марказӣ шуда буд. Аз ҷумла, дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо кас куштаву захмӣ гаштанд.
Оташбас, замин ва нерӯгоҳ. Трамп ва Путин дар бораи чӣ хоҳанд гуфт?

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфтааст, рӯзи 18-уми март бо Владимир Путин, президенти Русия дар бораи хатми ҷанг дар Украина суҳбат мекунад.
Вай умед дорад, Путин тарҳи оташбаси 30 рӯзаро, ки Украина ба он розӣ шудааст, қабул мекунад: “Бубинем, ки то куҷо метавонем ҷангро поён диҳем. Фикр мекунам, имкони хуб дорем."
Трамп дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бо Путин дар масъалаи ба кӣ додани нерӯгоҳи ҳастаии Запарожйе ва гузашти ҳудудӣ низ гап мезанад.
"Бале, дар бораи замин гап мезанем. Онҷо замини зиёд аст. Медонед, вазъ дар муқоиса ба пеш аз ҷанг хеле фарқ мекунад. Дар бораи замин гап мезанем ва дар бораи нерӯгоҳ. Ин як баҳси бузург аст, вале мо аз пеш бо Украина ва Русия дар бораи бисёр масъалаҳо суҳбат кардаем," – афзуд ӯ.
Раисҷумҳури Амрико дақиқ нагуфт, кадом нерӯгоҳро дар назар дорад, вале нерӯгоҳи Запарожйеи Украина, бузургтарини нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо таҳти ишғоли Русия қарор дорад. Русия ва Украина борҳо бар сари фалокати эҳтимолӣ аз ин неругоҳ ҳамдигарро айбдор кардаанд.
Дар Кремл ҳам тасдиқ карданд, ки Путин бо Трамп телефонӣ суҳбат мекунад. Ҳарчанд Трамп дар бораи замину нерӯгоҳ гуфт, мақомоти Русия гуфтанд, то анҷоми суҳбати телефонӣ ин мавзуъро шарҳ намедиҳанд.
Ҳамлаи беш аз 40 паҳпод ба минтақаҳои Русия. Захмиҳо ҳастанд

Дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба вилояти Белгород дар Русия як кас захмӣ шудааст.
Дар ин бора саҳифаи "Пепел" дар Телеграм хабар дод, ки вазъро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бозтоб медиҳад. Вячеслав Гладков, волии Белгород, хабари захмӣ шудани як сокини 18-соларо тасдиқ кард.
Суқути ҳавопаймои бесарнишин сабаби сӯхтор дар як маркази савдо дар наздикии “Белгород Арена” шудааст.
Дар вилояти Красноярск бар асари таркиши ду мусофирбар панҷ нафар маҷруҳ гашт. Ба гузориши саҳифаи “Маш” дар Телеграм, осебдидаҳо кормандони ширкати “Краснояругский бройлер” ҳастанд.
Дертар Гладков таркиши автобусро тасдиқ кард, вале гуфт, ки се кас захмӣ шуд.
Вазорати дифои Русия аз маҳви 46 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, 41 ҳавопаймои бесарнишин дар фазои Белгород сарнагун карда шудааст.
Александр Хинштейн, раиси вилояти Курск, мегӯяд, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақаи Русия панҷ кас маҷруҳ шуд.
Раҳмону Путин аз додугирифту ҳамкорӣ гуфтанд, аз вазъи муҳоҷирон чӣ?

Додугирифти Тоҷикистон ва Русия дар соли 2024 ба тақрибан ду миллиард доллар расидааст. Ҳудуди ҳабдаҳ дарсад бештар аз соле қабл аз он.
Ин омор дар мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми март дар Маскав садо дод.
Ба иттилои Кремл, Путин гуфтааст, "равобити мо рушд мекунад. Сармоягузорӣ ҳам тақрибан ҳамин хел ва ҳатто андаке бештар аз 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад."
Эмомалӣ Раҳмон аз "рушди босуръати равобит" байни ду кишвар ситоиш карда, гуфтааст, Маскав "шарики пешрафтаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ"-и Тоҷикистон мемонад.
Дертар ҳардуи онҳо ба хабарнигорон гуфтанд, ки масъалаи муҳоҷирати кориро ҳам баррасӣ карданд.
“Имрӯз мо ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ намудем,” - гуфт президенти Тоҷикистон, вале тафсилот надод.
Раисҷумҳури Русия изофа кард, ки “ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун, бавижа сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақл кор мекунанд ва дар рушди иқтисоди Русия саҳми намоён доранд. Ва муҳим он аст, ки пулҳои фиристодаи онҳо ба ватан дастгирии қобили мулоҳиза ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳояшон аст.”
Аммо дар бораи он чӣ ки дар мулоқоти як ба як ва паси дарҳои бастаи ду тараф садо додааст, иттилое дар даст нест.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи як соли охир, баъди ҳамлаи маргбор ба "Крокус", муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар шароити сахттарин қарор доранд.
Сафари президент Раҳмон ба Маскав низ дар остонаи яксолагии ҳамла ба толори консертии “Крокус" сурат гирифт. Бо гумони ҳамла, тарҳрезӣ ва кумак дар он беш аз бист нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.
Ниҳодҳои интизомии Русия ҳангоми боздошту бозпурсии шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ошкор онҳоро шиканҷа карданд.
Бо ин вуҷуд Русия макони муҳими муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад.