Арманистон ва Озарбойҷон, ҳамсояҳои рақиб дар Қафқози Ҷанубӣ, баъди созиш бар сари тарҳе, ки ба ҷанги сисола хотима медиҳад, зоҳиран қарордоди таърихии сулҳро имзо мекунанд.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар се даҳаи пеш, Арманистон ва Озарбойҷон даргири ду ҷанг буданд, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор кас кушта ва садҳо ҳазор тан овора шуданд.
Ҳоло раҳбарони ду кишвар ба қароре омаданд, ки созиши сулҳро имзо кунанд. Ҳадафи он қатъи ҷанг дар минтақаи аҳолинишини Қаробоғи Кӯҳӣ аст, ки соли 2023 Боку дар як амалиёти низомӣ аз ҷудоихоҳони арманӣ бозпас гирифт.
“Ин эълом аз имкониятҳои воқеии поён додан ва имзо гузоштан ба қарордоди деринтизори дуҷониба паём медиҳад,” – гуфт муҳаққиқ Ричард Гирагосян.
Ҳафтае пеш Боку ва Ереван эълон карданд, ки пешнависи тарҳи таърихии сулҳ ба поён расидааст, аммо кай имзо мешавад, маълум нест. Ин як гашти ҷиддие барои поён додан ба муноқиша дар минтақаҳо хоҳад буд, ки Амрико, Русия, Итиҳоди Аврупо ва Эрону Туркия дар онҷо барои қудрат мубориза мебаранд.
Бино ба созишнома, ду ҳамсоя равобити расмӣ ба роҳ мемонанд ва Ереван соҳибихтиёрии Озарбойҷонро дар Қаробоғ эътироф хоҳад кард. Вале барои тағйири Қонуни асосии Арманистон бояд раъйпурсӣ баргузор шавад, ки амалан имзои созишномаро ба таъхир меандозад.
Гирагосян таъкид мекунад, ки “дар сурати пеш наомадани баҳсҳо дар лаҳзаи охир, созишнома шонсе аст, ки Арманистону Озарбойҷон аз бунбасти дипломатӣ берун шаванд.”
Ба гуфтаи ӯ, ислоҳот дар Қонуни асосии Арманистон то моҳи июни соли оянда номумкин аст. Баъзе аз таҳлилгарон, ин мавзуъро як монеа барои қабули созишномаи сулҳ медонанд.
Рауф Миргадиров, сиёсатшиноси озарбойҷонӣ, гуфт, ин девори муваққатӣ ба эҳтимоли зиёд дар фурсатҳои наздик ба бастани созиши сулҳ иҷоза нахоҳад дод. Вай афзуд: “Агар санад эътирофи мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзиро кафолат надиҳад, пас, ин созиши сулҳи воқеӣ нахоҳад буд, новобаста ба ин ки онро чӣ ном мебаранд.”
Бо ин ҳама, хабари созиши эҳтимолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бо хушбинӣ пазируфта шуд. Вашингтон аз Боку ва Ереван барои поён додани музокира дар мавриди “созишномаи таърихии сулҳ” ситоиш кард.
Президенти Фаронса, Эммануел Макрон, изҳор дошт, ки ин пешрафт бояд “роҳро барои сулҳи пойдор дар Қафқози Ҷанубӣ идома диҳад.”
Раиси Шӯрои Аврупо, Антонио Коста, созишномаро “қадами ҳалкунанда барои ба эътидол овардани равобит миёни Арманистону Озарбойҷон ва боз шудани минтақа” донист.
Сокинони Ереван ва Боку дар бораи созишнома назарҳои яксон надоранд. Нобоварӣ ва шубҳа умеди онҳоро ба сулҳ ва оғози нав тира кардааст.
“Ин чизеро тағйир намедиҳад,” -- гуфт як сокини Ереван дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Як зани дигар дар пойтахти Арманистон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт: “Агар сулҳ барқарор шавад, барои мардум хеле хуб мебуд. Ҷанг бас мешавад ва беҳтар хоҳад шуд.”
Зани солхӯрдае дар Боку гуфт, агар тавофуқи сулҳи пойдор қабул шавад, бисёр хушҳол хоҳанд шуд. “Бигзор модарон ва кӯдакон натарсанд,” -- афзуд, вай.
Мусоҳиби дигари хабарнигори Радиои Озодӣ дар Боку гуфт, “озарбойҷониҳо ба тааҳуди Арманистон ба ин созишнома кам бовар доранд. “Мо ба беҳбудӣ умед дорем, аммо ин бисёр душвор аст,” -- афзуд вай.