Хатмкардаи Омӯзишгоҳи техникӣ, Нурсултон Назарбоев, 30 сол дар Қазоқистон зимоми қудратро ба даст дошт. Шаш сол пеш истеъфо дод ва Қосимҷомарт Тоқаев, раиси он замон порлумони Қазоқистонро вориси худ эълон кард. Пас аз ин кеши шахсиятпарастии аввалин президент ба авҷи худ расид.
Бо пешниҳоди раисҷумҳури нав, Қосимҷомарт Тоқаев, пойтахти Қазоқистон ба номи Нурсултон Назарбоев гузошта шуд.
Вай инчунин пешниҳод кард, ки тамоми кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба ифтихори Назарбоев номгузорӣ шуда, дар пойтахт пайкараи “Елбасии бузург”-ро гузоранд ва расмҳои президенти аввалро аз пештоқи идораҳои давлатӣ нагиранд.
Дар интихоботи 9-уми июни соли 2019 Қосимҷомарт Тоқаев бо гирифтани беш аз 70 дар сади овозҳо пирӯз эълон шуд, вале Назарбоев ҳамчунон қисме аз ваколатҳои давлатиро ҳифз кард.
Вай раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раиси ҳизби "Нур Отан" монд. Ин ҳизб соҳиби аксар курсиҳо дар порлумон буд.
Аммо пас аз моҳи январи соли 2022 ва сар задани эътирози мардум дар баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон ҳама чиз тағйир кард.
Мардуми норозӣ аз болоравии нархи сӯзишворӣ ба хиёбонҳо баромаданд. Яке аз талабҳои асосии эътирозгарон аз саҳнаи сиёсӣ комилан берун шудани Нурсултон Назарбоев буд.
Президенти аввал як муддат хомӯш буд ва ин сабаби паҳн шудани овозаҳо дар бораи эҳтимоли марг ё фирори ӯ аз кишвар гашт. Ӯ рӯзи 18-уми январ дар як муроҷиати видеоӣ аз мардум хост, дар атрофи раисҷумҳури нав муттаҳид шаванд ва гуфт, ки ӯ як бознишастаи одӣ аст.
Дертар бисёре аз наздикону атрофиёни ӯ аз вазифаҳои худ маҳрум шуданд. Худи ӯ ҳам ваколатҳояшро аз даст дод. Пайкараи Елбасӣ ва ҳама чизе, ки ба номи ӯ пайванд дошт, вайрону бекор шуд.
Дертар яке аз домодҳои президенти аввал, шавҳари Динара, Тимур Қулибоев, аз вазифаи раҳбари Палатаи миллии соҳибкорон “Отаникен” барканор шуд.
Домоди хурдии Назарбоев, Димаш Досанов ҳам аз маснадаш дар ширкати “Казтрансоил” маҳрум гашт. Нисбат ба ду хешованди Назарбоев парванда кушоданд.
Пас аз истеъфои Назарбоев, Қосимҷомарт Тоқаев дар ду интихоботи президентӣ пирӯз эълон шуд ва ба Қонуни асосӣ дигаргунӣ даровард. Ба пойтахти Қазоқистон номи аввалааш баргардонда шуд. Ҳамчунин номи пешвои пешинро аз фурудгоҳи пойтахт ва донишгоҳ бардоштанд.
На Назарбоев на ягон хешу табори ӯ ба фасод ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам ва муҷозот нашуданд.