Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Осори шиканҷаро дидаанд." Ду моҳ ҳабси беш аз бист сокини "Дарвоз"


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз бист сокини боздоштшудаи маҳаллаи "Дарвоз"-и Душанберо, ки язгуломӣ ҳастанд, ду моҳ ба ҳабс гирифтааст. Язгулом ҷамоате дар ноҳияи Ванҷ аст, вале баъзе аз зодагонаш дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Пайвандони баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтанд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ин афродро ба "зархаридӣ" ва "тундгароӣ" гумонзад медонад, вале худашон аз тафсилоти парванда хабар надоранд.

Мақомот ягон шарҳ намедиҳанд.

Хешованди яке аз гумонзадҳо рӯзи 20-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "модарони чанде аз онҳо бо фарзандонашон дар Боздоштгоҳ мулоқот карда, дар чеҳраашон афсурдагӣ ва осори шиканҷаро дидаанд".

"Модарон пурсидаанд, ки онҳо чӣ гуноҳ кардаанд ва ба чӣ айбдор мешаванд. Кӯтоҳ посух додаанд, ки гунаҳкорем ва дигар ҳарфе назадаанд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад. Вай афзуд, боздоштшудаҳо вакили мудофеи давлатӣ доранд.

Мақомоти амниятӣ рӯзи 9-уми март зиёда аз бист сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро дастгир карда, дертар танҳо як нафари онҳоро раҳо намудаанд. Хабари боздошти гурӯҳӣ рӯзи 12-уми март расонаӣ шуд, вале аз он вақт то ҳоло ҳеч ниҳод қазияро шарҳ надодааст.

Бори аввал нест, ки язгуломиҳо ба таври гурӯҳӣ боздошту зиндонӣ мешаванд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024-ум 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол ба ҳабс маҳкум кард. 27 нафари онҳо дар ноҳияи Ванҷ дастгир шуда, чор тани дигарро аз хориҷ овардаанд.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, қаблан гуфта буд, ки ҳамаи онҳо ба узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” муттаҳаманд.

"Ансоруллоҳ" ё "Ҷамоати Ансорулло", ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва гуфта мешавад аксар пайравонаш тоҷикон ҳастанд.

Ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Сокинонаш мегӯянд, ин минтақа дурафтода буда, бошандагон кору зиндагии хуб надоранд ва ягона роҳи ҳалли душворӣ беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар ин гӯшаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

XS
SM
MD
LG