Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 2 то 23 соли ҳабс. Ҳукми додгоҳи даҳҳо сокини Язгулом


Мошини интиқолдиҳандаи гумонбарон дар даромадгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз соли 2017
Мошини интиқолдиҳандаи гумонбарон дар даромадгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз соли 2017

Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 сокини деҳаи Жамак, Андарбак ва Будуни ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро   “барои омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз 2 то 23 сол равонаи зиндон кардааст.

Ин гурӯҳ миёнаҳои моҳи маи порсол боздошт шуда, ҳукми додгоҳ ҳанӯз моҳи декабр содир гардидааст. Радиои Озодӣ дар бораи ҷузъиёти қарори додгоҳ рӯзи 10 март аз хешовандони дастикам се маҳкумшуда огаҳ шуд. Бо далели ҳарос аз интиқомҷӯии мақомот ин манбаъҳо хостанд, номашон нашр нашавад.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, мурофиаи додгоҳии наздиконашон дар Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки наздикон барпо гардид. Аксари маҳкумшудаҳо бо вакили дифоъ таъмин набуданд, гуфтанд хешовандон. Мусоҳибон гуфтанд, барои онҳо аслан маълум нест, ки ин нафарон мушаххасан чӣ кор кардаанд ва аз ҷузъиёти парванда бехабар мебошанд.

Дар ин ҳолат хешовандони маҳкумшудаҳо мегӯянд, ба ҳақиқӣ будани айбномаи додгоҳ бовар надоранд ва онро беасос меноманд. Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, фарзандонашон ба зиндагии маъмулӣ машғул буданд ва теъдоди дигарашон дар Русия кору зиндагӣ мекарданд.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳукми сокинони Язгуломро шарҳ намедиҳанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, дар миёни маҳкумшудаҳо ду нафар волидони боздоштшудаҳо аз деҳаи Жамак ҳам ҳастанд. Онҳоро барои хабар надодан дар бораи кирдори фарзандонашон ба дусолӣ ҳабс маҳкум карданд.

Аз 31 маҳкумшҳуда барои Радиои Озодӣ исми 25 нафар маълум аст. Танҳо аз як хонаводаи Хоҷаевҳо аз деҳаи Жамак шаш нафар ба муҳлати аз 16 то 23 сол равонаи зиндон шуданд. Назари ин хонавода ё наздиконашон дастрас нест.

Мақомоти ҳифзи қонун дар Тоҷикистон танҳо як дафъа хабари ҳабси гурӯҳи калони сокинони Язгуломро тасдиқ карда буданд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод рӯзи 8 августи порсол гуфт, то ин дам 27 сокини Язгулом барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” боздошт шудаанд. Ӯ афзуд, “4 нафари дигар дар хориҷи кишвар дар кофтукоб ҳастанд”. Вале ӯ низ аз ин бештар шарҳе надод ва мушаххасан нагуфт, ки барои кадом кирдор ин гурӯҳи калони сокинони як ҷамоат боздошт шудаанд.

Феҳристи маҳкумшудаҳо:

1. Файзуллоев Рабонӣ
2. Лайлиев Амза (Ҳамза)
3.Алаёров Гулбудин
4.Маҳмадуллоев Муттақӣ
5.Ширинов Муҳиддин
6.Ширинов Бурҳонидин
7.Алаёров Муҳибуло
8.Шукуров Абуҷиҳод
9.Қуқандов Бисмиллоҳ
10.Абдуллоев Насиб
11.Тошов Маҳбуб
12.Хоҷаев Аслидин
13.Хоҷаев Муслиҳидин
14.Хоҷаев Суҳроб
15.Хоҷаев Шакармаҳмад
16.Хоҷаев Эҳсон
17.Хоҷаев Шермаҳмад
18.Маҳмадуллоев Ёрали
19.Сабзалиев Наврӯз
20.Шайхов Меҳточ
21.Шайхов Фарҳод
22. Ғайратшоев Аҳад 5 сол
23. Авазов Муллоқурбон
24. Одинаев Аъзам

25. Мардов Ҷалол

Боздошти навбатии гурӯҳӣ

Ҳукми додгоҳ нисбати даҳҳо сокини Язгулом дар ҳоле маълум мешавад, ки ахиран мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт беш аз 20 сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанберо боздошт кардаанд. Ҳарчанд дар дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин бора изҳори бехабарӣ карданд, ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, "аксар боздоштшудаҳо язгуломӣ ҳастанд". Ҷамоати Язгулом дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ҷойгир аст, вале баъзе аз зодагонаш дар маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигар зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Наздикони онҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ба онҳо дар бораи иттиҳом ё гуноҳи боздоштшудаҳо чизе мушаххасан нагуфтанд ва бо гузашти қариб як ҳафта аз ин боздоштшҳо дар бораи ҳолу аҳволи азизонаон ҳеҷ хабаре надоранд.

Язгулом, ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Мақомот пештар гуфта буданд, ки даҳҳо сокини ин ҷамоат ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз кишвар пайвастаанд. Сокинони Язгулом мегӯянд, ин минтақа дурафтода буда, бошандагонаш кору зиндагии хуб надоранд ва ягона роҳи ҳалли душворӣ беҳтар кардани шароити зиндагии дар онҷост.


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG