Саидакбар, муҳоҷири тоҷик: "То ҳамла ба "Крокус" низ ба сари муҳоҷирон дар Русия зулми бисёр буд. Як сол пеш, ду сол пеш, даҳ сол пеш низ ҳамин корҳо буданд. Ҳозир сахттар шудааст. Фармон додаанд, ки муҳоҷиронро сахттар гиред, дигар ба онҳо Худо дод."
Раҳим, муҳоҷири тоҷик: "Як даҳшат буд. Дар ҳаётам ин хел рӯзи даҳшатро дар замони таркиш дар бозори Черкиз дида будам. Он ҳодиса як рӯз буд. Ин даҳшат моҳҳо давом кард. Дар рӯзҳои аввали ҳодиса дар ҷойи кор шармсору шарманда мегаштам."
Ин назари ду муҳоҷири тоҷик аст, ки ба хулосаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) монандӣ дорад. Созмони муътабари байнулмилалӣ рӯзи 17-уми март таҳқиқотеро чоп кард ва дар он гуфт, ки баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар 22-юми марти соли 2024 муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқибу таҳқир ва озору азоб дода мешаванд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар як соли гузашта бо зиёд шудани тафтишҳо ва боздошту ихроҷҳо вазъашон бадтар шудааст. Дигаргуншавии вазъиятро як муҳоҷири дигар ҳам тасдиқ кард.
Шаҳбоз гуфт: “Бале, вазъият дигар шудааст. Назорат бисёр ҳам пурзӯр шуд. Дар масъалаи будубош ва инчунин дар фурудгоҳҳо назорат сахттар шудааст.”
Аз нигоҳи рӯзноманигори тоҷик Абдулло Ашӯров, ҳамла ба “Крокус” зарбаи сахте ба муҳоҷирон дар Русия ва хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон шудааст.
“Ин ҳодиса боиси он шуд, ки ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон аз хоки Русия ронда шуданд. Тақрибан 30 ҳазор кас мамнуъулвуруд шуданд. Албатта, ин ба хонаводаҳои тоҷик асари манфӣ гузошт. Муҳоҷирон дар Русия музде ба даст меоранд ва он барои бисёре аз оилаҳо манбаи асосии даромад ба ҳисоб меравад,” – афзуд ӯ.
Баргашти маҷбурии муҳоҷирон, тавре падари яке аз онҳо мегӯяд, нақшаҳои хонаводаро ба ҳам зад. “Зиндагӣ хуб буд, писарам пул мефиристод ва мақсад дошт, ки хона бихарем ё замин, кор ҳамин хел шуд. Бечора баргашту омад,” -- гуфт Ҷонибек Шоев, сокини ноҳияи Нуробод.
Гарчи муҳоҷирону коршиносон як соли пас аз ҳодисаи “Крокус”-ро барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ соли сахт мешуморанд, ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик мегӯяд, марҳилаи сахттар акнун сар мешавад.
Ӯ гуфт: “Қонунҳои нафратовар қабул карданд. Имсол назар ба соли 2024 хеле бадтар мешавад. Хеле бадтар. Зеро полис ҳақ дорад одамонро бе вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва бе мурофиа депортатсия кунад. Полис акнун ҳақ дорад ба биноҳои истиқоматӣ ва ғайри он ба гумони инки режими муҳоҷират вайрон карда мешавад, зада дарояд. Ин қонунҳо нав пайдо шуданд ва бинобар ин имсол аз соли гузашта дида хеле сахт мешавад.”
Дар моҳи феврали имсол дар Русия қонун дар бораи бе муҳокима депортатсия кардани муҳоҷирон ва рӯийхати касони зери назорат эътибор пайдо кард.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд, вале то кунун шубҳаву суолҳо боқӣ мондааст.
Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад. Баъзе аз гумонзадҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.