Ду ширкати азими мухобиротии Тоҷикистон -- Мегафон ва Тселл -- таърифа (тариф, тарофа)-ҳои нав ҷорӣ карданд, ки нархи он дар муқоиса ба таърифаҳои пешина дар аксар маврид як баробар гарон аст. Нархи нав мавҷи танқидҳои муштариёнро ба бор овард. Маъмурияти ширкатҳо мегӯянд, арзиши гуфтугӯ ва ё интернети мобилиро боло набурдаанд, балки ба таъкиди онҳо, таърифаҳои нав интернети бештар дорад ва харҷи бештар металабад.
Ҷамшед Абдураҳмонов, сокини шаҳри Душанбе, муштарии ширкати Мегафон аст. Ӯ мегӯяд, аъзои оилааш то кунун аз таърифаи "Безлимити ҳақиқӣ"-и ин ширкат истифода мекарданд ва харҷи моҳонааш 16 сомониву 80 дирам буд. Акнун ширкат нархро то 29 сомонӣ боло бурдааст.
"Чаҳор узви хонаводаи мо аз хидмати Мегафон истифода мебурданд. Моҳе 67-68 сомонӣ месупоридем. Акнун бояд аз 120 сомонӣ бештар супорем. Масъулони Мегафон мегӯянд, нархро қимат накардем, балки интернети бештар медиҳем. Ба мо интернети бештар даркор нест", - афзуд ӯ.
Абдураҳмонов мегӯяд, ширкат бо ин иқдоми хеш мехоҳад маҷбурӣ дақиқа ва интернети иловагиро ба муштариён фурӯшад, ки ба таъкиди ӯ "як навъ поймол кардани ҳуқуқи истифодабаранда мебошад".
Айни чунин шикоятҳоро муштариёни ширкати Тселл низ доранд. Ба арзёбии онҳо, ширкат нархи дақиқаҳои гуфтугӯро ба ҳисоби миёна аз 7 дирами қаблӣ то ба 20 дирам боло бурдааст.
Александра Арестова, сухангӯи ширкати Мегафон, рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "асли тағйирот на гарон кардани хизматрасонӣ, балки ҷорӣ намудани таърифаҳои нав аст. Дар баъзе ҳолатҳо нархи таърифаҳо аз пештара боло ҳастанд. Аммо агар ба таркиби бастаҳо назар кунед, рӯшан мешавад, ки таърифаҳои нав муфидтар ҳастанд. Барои мисол, агар пеш дар 16 сомонӣ муштарӣ танҳо зангҳои бемаҳдудро дар дохили шабака ба даст меовард, ҳоло ба 29 сомонӣ ҳар рӯз 40 мегабайт интернети иловагӣ мегирад".
Арестова афзуд, тағйироти нав пеш аз ҳама бинобар талаботи худи муштариён сурат мегирад, ки бештарашон телефонҳои ҳушманд доранд ва аз интернети мобилӣ истифода мекунанд. "Таърифаҳое, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар хадамоти интернетиро дар бар намегиранд, харидор надоранд", - афзуд ӯ.
Масъулони ду ширкати дигари мобилӣ -- Babilon ва ZMobile -- дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо низ нақшаи бозбинӣ кардани таърифаҳоро доранд ва рӯзҳои наздик тасмими ниҳоии худро дар ин бора эълон хоҳанд кард.
Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ, рӯзи дувуми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои мобилӣ ҳама гуна тағйирот дар таърифа ва нархҳоро бо ниҳодҳои давлатии танзимгар -- Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддинҳисорӣ -- мувофиқа мекунанд.
“Ширкатҳо бе мувофиқа бо ин ду ниҳод аз пеши худ ҳеч гоҳ тасмим намегиранд. Як чизро ҳам бояд ба инобат гирем, ки нархи ҳама гуна хадамоти дигар, нархи нерӯи барқ, андозҳо ва дигар хароҷоти ширкатҳо боло рафтаанд. Аз ин рӯ, бо назардошти ин хароҷот ширкатҳо арзи аслии хизматрасониҳоро муайян мекунанд. Ин хости худи ширкатҳо нест, балки шароити бозор инро тақозо мекунад", - иброз дошт Эркаев.
Нав шудани таърифаҳо, ки барои муштариён ба маънои бештар шудани харҷи телефони ҳамроҳашон аст, бисёре аз корбаронро ба ёди моҳи апрели 2019 бурд.
Як сол пеш мақомоти Тоҷикистон ба ширкатҳои мобилӣ дастур дода буданд, ки нархи таърифаҳоро боло бурда, се таърифаи якхела бо нархи 25, 30 ва 35 сомонӣ ҷорӣ кунанд.
Аммо зарбулаҷали мақомот он замон вокуниши тунди сокинонро ба бор оварад, то ҳадде ки бархе аз ташаббускорон ба ҷамъоварии имзо бар зидди гароншавии нархи интернет пардохтанд ва ба президент Эмомалӣ Раҳмон номаҳои шикоятӣ фиристоданд. Пас аз ин эътирозҳо, рӯзи 23-юми апрел ғайримунтазира дастур шуд, ки қарор бекор шуда, нархи интернет ба ҳолати қаблӣ бозгардонида шавад.
Исмоил Ҳамзаев, як корбари интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, мақомот моҳи апрели 2019 "аз асп фаромаданд, аммо аз узангу на".
"Маълум буд, ки мақомот он замон дар авҷи норозигиҳо, як "пауза" гирифтанд ва акнун ҳоло ноаён хости худро амалӣ мекунанд", - хулоса кард ӯ.