Бо барқарор шудани парвози мунтазами ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия, тарки пеша кардани омӯзгорони макатабҳои миёна дар кишвар авҷ гирифтааст. Масъулони Вазорати маориф доғ шудани ин мушкилро эътироф мекунанд, аммо ошкоро ва муфассал намехоҳанд, дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунанд.