"Халиқ бонк" (Halyk Bank) ё Бонки халқии Қазоқистон масъулони Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор кардааст, ки аз тасмими бастани шуъбааш дар Душанбе муваққатан даст кашид ва ба кори худ идома хоҳад дод. Қаблан, 5-уми августи имсол, маъмурияти “Халиқ бонк” бо нашри баёнияе гуфт, ният дорад, фаъолияти шуъбаи бонкро дар Тоҷикистон ихтиёран қатъ кунад, чун самаровар нест.
Сабаби иқтисодӣ?
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, 6-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мавқеи мо нисбат ба ин бонк бисёр хуб аст, агар фаъолият кунад. Раиси раёсати “Холиқ бонк” ба мо хабар дод, ки тасмими бастани бонк муваққатан боздошта мешавад. Бонк кори худро дар оянда давом доданист.”
Ин дар ҳолест, ки “Халиқ бонк” ё Бонки халқии Қазоқистон пештар эълон карда буд, аз кишвар меравад. Самат Умурзақов, иҷрокунандаи вазифаи раиси раёсати “Халиқ банк”, 6-уми сентябр ба Озодӣ гуфт, саҳмдори бонк бинобар сабабҳои иқтисодӣ тасмим гирифта буд, фаъолияти онро боздорад.
“Ин тасмими саҳмдори ягонаи бонк аст. Сабабаш сирф иқтисодӣ аст ва ба даромаднокӣ марбут аст. Он захираҳои техникӣ ва молиявӣ, ки бонк дар Тоҷикистон гузоштааст, боздеҳи кам доранд”, -- шарҳ дод Умурзақов.
Ё ранҷиш аз тафтишҳои пайопай?
Дар ҳамин ҳол, як корманди баландпояи бонк бо шарти фош нашудани ном тасмими қатъи фаъолияти онро ба ранҷиши молики бонки қазоқистонӣ рабт дод Ӯ гуфт, “соли душвори 2020, ки даромадҳои бонк кам буд, маъмурони Бонки миллии Тоҷикистон беш аз 15 дафъа тафтиш карданд”.
Аммо Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ин иддаоро рад кард ва гуфт, “ин гап сад дар сад дурӯғ аст. Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2020 ин бонкро ҳамагӣ як бор тафтиш кард. Онҳо ҳамчунон мехостанд, як марказ кушоянд ва аз ин рӯ ду бори дигар кормандони мо рафта диданд. Дигар ягон санҷиш набуд.”
Қазоқистон барои Тоҷикистон шарики хеле муҳими тиҷорат аст ва пас аз Русия дар қатори дуввум меистад. 95 дарсади гандум ва орд, гази моеъ, равғани офтобпараст ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро аз Қазоқистон ба кишвар меоранд.
Аз ин рӯ, барои соҳибкороне, ки ба воридоти орду гандум ва газ ба Тоҷикистон машғуланд, фаъол мондани бонки қазоқистонӣ хеле муҳим аст, чун тавассути суратҳисоб дар ин бонк метавонанд мустақим пулро ба ин кившар фиристанд.
Қисме аз сокинон ҳам ба ин бонк ҳамкорӣ мекунанд, чун мегӯянд, доим пули нақди хориҷӣ дорад ва банкоматҳояш ҳамеша фаъол ва бо асъори нақд таъмин аст.
Шарҳи бештарро дар видео бинед:
Намояндагии "Халиқ бонк" дар Тоҷикистон яке аз 15 бонк дар кишвар аст, ки тибқи маълумоти расмӣ 34 миллион сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад. Ин бонки қазоқистонӣ аз соли 2008 корашро дар Тоҷикистон оғоз кардааст ва 2 шӯъбаву шаш маркази хидматрасониаш дар кишвар фаъол аст. Се дарсади амонатҳои кулли бозори бонкии Тоҷикистон дар “Халиқ бонк” гузошта шудааст.
Ба иттилои Бонки миллӣ, дар тӯли фаъолият “Халиқ бонк” дар Тоҷикистон 130 миллион сомонӣ (наздик ба 13 миллион доллар) фоида ба даст овардааст.
Бо ин ҳол, дурнамои “Халиқ бонк” дар Тоҷикистон норӯшан мемонад. Пештар Бонки миллии Тоҷикистон “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба сабаби пардохтнопазирӣ барҳам дод.