Инчунин изҳорот дар ҳамоиши кории раҳбарони ситодҳои марказии марзбонии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракуманофеъ 25-уми феврал дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, садо дод. Дар ин нишаст, аз ҷумла, гуфта шуд, ки бар тибқи мушоҳидаҳо дар Афғонистон фаъолшавии нирӯҳои терористиву экстремистӣ ва ба самти манфӣ тағйирёбии вазъ ба назар мерасад, ва ин дар зимн таҳдид ба амнияти марзҳои ҷанубии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро меафзояд.
Анатолий Забродин, муовини раҳбари департаменти марзбонии Русия, дар ин робита мегӯяд: «Мушкил аслан таҳдид ба амнияти марзҳо ва ҳатто амнияти миллӣ аст. Ин, қабл аз ҳама, тероризм, қочоқи маводди мухаддир, қочоқи силоҳ ва лавозимоти даҳшатафканӣ, ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад. Ман фикр мекунам, ки созмони «ал-Қоъида» ва созмонҳои терористиву экстримистии дигар, ки дар Афғонистон паноҳгоҳ ёфтаанд, воқиъан таҳдиди ҷиддӣ ба мардуми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳастанд».
Ончунин, ки оқои Забродин изҳор намуд, дар ин робита ҳамкории Русия бо мақомоти марзбонии кишварҳои узви ин Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистон, дар сатҳи баланд аст. Зеро Русия, ба гуфти ӯ, дар ҳамдастӣ бо дигар кишварҳои узви Иттиҳод дар таъсиси нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва таълиму коромӯзии ҳайъатҳои он саҳм дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба таъкиди вай, миёни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил мушкилоти марзӣ низ вуҷуд доштааст.
Генерал-майор Шараф Файзуллоев, муовини аввали фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ ва раҳбари ситоди марказии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мавҷуд будани мушкилоти марзӣ бо Узбакистонро таъйид кард, аммо гуфт, ки ин мушкилот дар муносиботи байдавлатии ин ду кишвар таъсири ҷиддӣ надоштааст.
Вале Зокир Ҳасанов, раҳбари ситоди маркази нирӯҳои марзбонии Узбакистон, ба такрор таъкид кард, ки кишвараш дар марз бо Тоҷикистон мушкиле надорад ва масъалаи поксозии минтақаҳои марзӣ аз минро, ки сари он зиёд гуфта мешавад, бештар аз як сол ба ин сӯ шурӯъ кардаанд, мақомоти вазорати хориҷа ва марзбонии Тоҷикистон аз ин огаҳанд ва поккории минтақаҳои марз аз мин бар тибқи нақша идома дорад. Вале ӯ ҳамоно дар мавриди масоҳати аз мин поккоришудаи марз бо Тоҷикистон изҳори беиттилоъӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Аз соли гузашта ба ин сӯ хунсо кардани минҳо дар марз идома дорад. Мо вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва мақомоти марзбониро аз ин огаҳ кардаем».
Дар ҳоле ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон шурӯъи поксозии минтақаҳои марзии минкоришуда аз сӯи Узбакистонро таъйид карданд, аммо дар Маркази минрӯбии Тоҷикистон иддаъо мекунанд, ки дар ин маврид маълумоти дақиқе дар даст надорад ва ҷониби кишвари ҳамсоя низ бо ин марказ аз ҳамкорӣ худдорӣ меварзад.