Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Толибон алайҳи мобилҳо


Мансабдорони афғон мегӯянд, ахиран силоҳбадастон дар минтақаи Сангини вилояти ҷанубии Ҳилманд як бурҷи мухобиротро вайрон карданд.

Пеш аз он низ, охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Қандаҳор ду бурҷи дигари мухобирот бо ҳамлаҳои силоҳбадастон мувоҷеҳ шуда буданд.

Ҳафтаи гузашта Толибони ҷангҷӯй аз ширкатҳои мухобиротӣ талаб карданд, ки аз соати панҷи шом то соати ҳафти бомдод фаъолияти шабакаҳои мухобиротро қатъ кунанд. Ба қавли ошӯбгарон, нерӯҳои ИМА ва Нато бо истифода аз сигнали телефонҳои мобил пинҳонгоҳҳои онҳоро ташхис ва мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Тибқи гузоришҳо, амалиёти вижаи нерӯҳои ИМА бар муқобили баъзе раҳбарони Толибон маҳз шабона ба вуқӯъ пайвастаанд.

Аммо бисёре аз сиёсатмадорон ва мардуми одӣ ин иддаои Толибонро бе асос мешуморанд. Вакили мардумии афғон Шукрия Борикзай мегӯяд, ҳадаф аз ҳамлаҳо болои бурҷҳои мухобирот расонидани зарар ба иқтисоди кишвар аст.

Дар аксари кулли манотиқи Афғонистон мухобироти бесим ягона воситаи иртибот бо олами беруна аст. Дар Афғонистон ин навъи хадамот баъди фурӯпошии ҳукумати Толибон дар соли 2001-ум зуҳур намуда, то кунун аз бахшҳои фавқулода фоидаовари иқтисоди Афғонистон ба шумор меравад. Феълан, чор ширкати мухобиротӣ тақрибан тамоми гӯшаҳои дурдасти Афғонистонро фаро гирифтаанд.

Маҳви бурҷҳои мухобирот ҳазорҳо муштарии телефонҳои мобил ва аз ҷумла худи Толибонро аз мухобирот маҳрум мекунад. Дар айни замон коршиносон мегӯянд, маҳви бурҷҳо дар пешбурди амалиёти нерӯҳои зидди Толибон ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт. Ба гуфти онҳо, макони буду бош ва пинҳонгоҳҳои Толибонро метавон бо истифода аз моҳвора низ ташхис намуд.

Хонум Борикзай мегӯяд, тахриби ҷурҷҳои мухобиротро ҷумбиши ифротгароро дар назари мардум боз ҳам манфуртар хоҳад кард. Баъзе пирони қабилаҳо изҳор намудаанд, ки дар ҳифзи бурҷҳои мухобирот саҳм хоҳанд гирифт. Абдулаҳадхон Маъсум, пешвои қабилавӣ дар маҳаллаи Каҷакии Қандаҳор мегӯяд, агар мақомот ба онҳо иҷозат диҳанд, онҳо таъмини амнияти бурҷҳоро бар дӯш мегиранд.

Дар гузашта Толибон ширкатҳои мухобиротро бо ҳамкорӣ бо нерӯҳои эътилоф муттаҳам мекарданд, вале то кунун онҳо таҳдидҳояшонро амалӣ намекарданд.

XS
SM
MD
LG