Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Террористи рақами 2" дар Тоҷикистон


Озодии зан ва озодии матбуоти тоҷик аз мавзӯъоти аслии нашрияҳои чопи Душанбе мебошад.

Ҳафтаномаи сиёсии Нигоҳ матбуоти тоҷикро ба майдони бузкашӣ шабоҳат дода менависад, ки ба ҳар як бузкаш дар ин майдон асп зарур аст: ё аспи худӣ, ё аспи бегона. Ҳамин нашрия бо натиҷагирӣ аз як назарпурсӣ мегӯяд, матбуоти тоҷик имрӯзҳо хомӯшӣ ихтиёр варзидааст, яъне аз мушкилу фоҷиаи сокинони Тоҷикистон чашм мепӯшад ва рисолати аслии худро анҷом намедиҳад.

Террористи рақами 2. Унвони як матлаби дигар аз Нигоҳ аст, ки доир ба бархӯрди нашрияҳои ҳукуматӣ бо нашрияҳои ғайриҳукуматӣ баҳс мекунад. Нашрия менависад, матбуоти ҳукуматӣ пайваста аз матбуоти ғайриҳукуматӣ интиқод мекунанд ва ин ҳолат соли 2004 ба хотир меорад. Он вақт низ чунин бархӯрдҳо мавҷуд буданд ва билахира мақомот дари матбааҳо ва дари идораи рӯзномаҳоро бастанд. Аммо ҳоло чиро мешавад интизор шуд?

Нашрияи русизабони Азия-плюс Шарифхон Самиев, Абдуҷаббор Раҳмонов, Муродалӣ Алимардон, Муҳиддин Кабирӣ, Манижаи Давлат ва Ёқуб Салимовро аз қаҳрамонҳои як соли матбуоти тоҷик унвон кардааст. Азия-плюс мегӯяд, номи ин афрод тамоми сол дар матбуоти Тоҷикистон ба чашм мехӯрд: хоҳ ба некӣ, хоҳ ба бадӣ.

Виза - унвони як матлаби ҳафтаномаи иҷтимоъии Озодагон аст. Муаллифи матлаб менависад, низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон ба ҳич ваҷҳ бекор нахоҳад шуд. Ба қавли муаллиф, тӯли ҳашт сол миёни ин ду кишвари ҳамсоя низоми раводид ҷорист ва чашм намерасад, ки ин низом лағв шавад. Зеро решаҳои ихтилоф миёни Тоҷикистону Узбакистон қавӣ аст,- менависад Озодагон.

Нашрияи Фараж журналистонро афроди бепаноҳу бехона номидааст. Нуриддин Қаришибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба Фараж гуфтааст, ки роҳи «пешгирифтаи журналистони тоҷик ҳамвору бемонеъа нест». Яъне, ҳанӯз таъқибу фишор болои журналистон ҷой дорад ва дар ҳоли афзоиш аст.

Ҷомеа, яке дигар аз нашрияҳои иҷтимоии Душанбе, истгоҳҳои пойтахти Тоҷикистонро «хаймаҳои Лужков» ном бурда менависад, ки ин хаймаҳо бақо надоранд. Зеро шишаҳои ин истгоҳҳо кайҳо боз шикастаанд ва касе пайи тармими он ҳам талош намекунад.

Аммо бархе аз нашрияҳо ба муносиботи минбаъдаи Душанбеву Маскав пардохтаанд, хоса, баъд аз пазируфта шудани Дмитрий Медведев ба маснади раисҷумҳури Русия.

Ҳафтаномаи сиёсии Миллат бо такя ба назари коршиносон менависад, «пас аз интихоби Медведев сиёсати Кремл дар нисбати Тоҷикистон таҳаввули усулӣ нахоҳад дид».

Дар матлаби дигар нашрияи Миллат корхонаҳои Тоҷикистонро бозингарони хурд хондааст. Нашрия ба нақли қавл аз мусоҳибонаш менависад, корхонаҳои Тоҷикистон бояд сифати маҳсулот ва бастабандии худро беҳтар намоянд. Ва «барои расидан ба ин мақсад ашёи хоми хушсифат ва сармоягузорӣ лозим аст»,- таъкид мекунад Миллат.

XS
SM
MD
LG