Ҳафтаномаи «Asia-Plus» дар шумораи навини худ менависад, Сандуқи байнулмилалии Пул давлати Тоҷикистонро барои ироъаи иттилоъи нодуруст ва гирифтани кумак танбеҳ дод ва бозпас гардонидани ҳудудан 50 миллион доллари қарзашро тақозо намудааст. Нашрия ба нақли қавл аз коршиносон мегӯяд, чунин бархӯрд, бадбахтона, натанҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, балки ба обрӯи сиёсии он низ зарба мезанад. Ҳамин нашрия менависад, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, бо ироъаи як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон хостори баргардонидани тандиси Владимир Ленин ба ихтиёри Ҳизби коммунист шуд. Дар номаи худ оқои Шабдолов гуфтааст, барои севумин бор ба номи раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба қазияи ҳайкали Ленин дар боғи марказии Душанбе нома менависад, аммо аз номаи аввалаш як сол ва аз номаи дувумаш панҷ моҳ гузаштаасту посухе дарёфт намекунад.
"Паҳлуҳои қавӣ ва заъифи Тоҷикистон" исми як матлаби ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ» аст, ки муаллифи он менависад, тоҷикон аксаран сари он баҳс мекунанд, ки Тоҷикистон дорои захоири бойи табиъист ва таъкиди ин нуктаро низ дӯст медоранд. Аммо, идома медиҳад ӯ, заъифии кор дар он аст, ки Тоҷикистон роҳи дурусти истифода аз ин сарватҳои табиъиро надорад, масалан, Тоҷикистон соҳиби корхонаи алюминиюм аст, вале гилхоки онро аз хориҷ ворид мекунад. «Нигоҳ» ҳамчунин аз масдудшавии саҳифаи интернетии Таджики.ру хабар дода, менависад, ки ин саҳифа аксаран барои таҳқири миллати тоҷик машғул буд ва ахиран аз сӯи ҳакерҳои тоҷик шикаста шуд. Нашрия мегӯяд, ҳарчанд пайдо шудани чунин як саҳифаи интернетӣ дар доираҳои гуногун, аз ҷумла нухбагони сиёсӣ, вокунишҳоеро ба бор овардааст, аммо вокуниши расмӣ пайдо нашуд. Мисле, ки мақомоти Тоҷикистон дар марги ҳар як тоҷик дар Маскав хомӯшӣ ихтиёр меварзанд.
Ҳафтаномаи «Фараж» порлумони Тоҷикистонро ба ин далел, ки аз миёни 63 вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон танҳо Муҳиддин Кабирӣ нисбатан вакили ҷавону тозаандеш будаву боқимонда солхӯрда «порлумони пир» номидааст. Нашрия иддаъо мекунад, ки порлумони кишвар ба шахсиятҳои ҷавон ва озодандеш ниёз дорад, на ба онҳое, ки барои хотири гирифтани маоши зиёд курсиҳоро банд мекунанд.