Дар ин бора 29-уми март хабаргузориҳои «Ройтерс», «Ассошейтед пресс» ва «Интерфакс» аз қавли мақоме дар Вазорати дохилаи Тоҷикистон гузориш доданд. Ба қавли ин манбаъ, дар қаламрави кишвар ду мард бо иттиҳоми куштори хабарнигори шабакаи телевизионии «ОРТ»-и Русия И. Шурпаев боздошт шуданд.
«Ройтерс» ба ишора ба таъйиди Ҳайдар Маҳмадиев аз вазорати дохилаи Тоҷикистон менависад, ки ки гурӯҳи тафтишотӣ феълан дар пайи пайдо кардани муттаҳами севуми ин ҷиноят ҳастанд.
То ҳанӯз исми боздоштшудаҳо ошкор намешавад, менависанд хабаргузориҳои ғарбиву русӣ.
Ҷасади Илёс Шурпаев, ки зодаи Доғистон буд, 21-уми март дар як манзили иҷоравӣ дар Маскав ошкор шуд. Пулис мегӯяд, ки ӯро бо тасма хафа кардаву ба танаш чанд корд задаанд. Дидбони сохтмоне, ки Шурпаев дар он манзилеро иҷора гирифта буд, гуфтааст, ки шаби 21-ум хабарнигор ба ӯ занг зада хоҳиши иҷозаи ба манзилаш ворид шудани ду марди ғайрирусро кардааст.
Дар ҳамин ҳол, пулис мегӯяд, ки баъди қатли хабарнигор, ҳамлагарон манзилро оташ зада, аз хонаи ӯ 100 ҳазор рубли русӣ (муъодили 4000 доллар)-ро рабудаанд.
Илёс Шурпаев 32 сол дошт ва дар бахши доғистонии шабакаи телевизионии «ОРТ» кор мекард.