Ҳафтаномаи «Фараж» номаи Саидаҷаъфар Исмонов, раҳбари ҷиноҳи саввум ва расман эътирофнашудаи Ҳизби демократро ба Раҳматулло Зойиров, сарвари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон чоп кардааст. Исмонов дар муроҷиат ба Зойиров ӯро сиёсатмадоре меномад, ки дар Тоҷикистон таваллуд нашудааст ва «эҳтироми азалӣ» ба мардуми бумӣ надорад, аз ин хотир, ӯ набояд вазъи осоиштаи кишварро ноором кунад.
Манзури оқои Исмонов гирдиҳамоии барпонашудаи Хоруғ аст, ки ҳизби оқои Зойиров қарор буд 8 апрел баргузор намояд. Оқои Исмонов иқдоми ҳизби сотсиал-демократро иғвогарӣ номидааст. Ва дар як матлаби дигари ин нашрия Давлаталӣ Давлатзода, муовини райиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар сӯҳбаташ гуфтааст, ки ҳизбаш на имрӯз ва на фардо мавқеи худро аз даст нахохад дод. Оқои Давлатов аз ҷумла эътироф кардааст, ки обрӯи ҳизб ба обрӯи райисаш Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бастагӣ дорад.
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» идомаи таҳқиқи ҳодисаи 2 феврал, даргирии ниҳодҳои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Ғармро, ки бар асари он Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН – нерӯҳои зудамали ин вазорат кушта шуд, ба нашр расондааст. Мирзохӯҷа Аҳмадов, сарвари шӯъбаи мубориза бар ҷароими муташаккили Ғарм гуфтааст, ӯ омода аст ба истеъфо равад, аммо истеъфои ӯро вазораташ ҳанӯз қабул накардааст ва ӯ афзудааст, ки шояд ӯву ҳамсафонашро мақомот осоишта дидан намехоҳанд.
Ҳокимшоҳ Тиллоев, сарвари ширкати "Тоҷикэйр" зимни мусоҳибааш бо ҳафтаномаи «Азия-плюс» дар ҳоли ҳозир хусусӣ ва ё барҳам задани ин ширкатро имконнопазир хондааст. Оқои Тиллоев аз рӯйи кор омадани ширкати "Сомонэйр" истиқбол карда, гуфтааст, Тоҷикистон ба тақсими мутамаддини "Тоҷикэйр" омода нест. Ва дар дигар матлаби ин нашрия таҳти унвони «Русия ва Осиёи Марказӣ: кӣ ба кӣ зарур?» омадааст, дар ҳоли тақвият наёфтани арзишҳои демократӣ дар фазои ИДМ дигар кишварҳои авторитариро низ сарнавишти Гурҷистон ва Украина интизор аст.
«Зиндагӣ» ба нашри мақолаи олими эронӣ Муҳаммадкозими Козимӣ «Ҳамзабонӣ ва безабонӣ» оғоз кардааст, ки вазъи забони форсиро дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон ба баррасӣ кашидааст. Муаллиф аз ҷумла менависад, забони форсии Тоҷикистон мисли форсии Афғонистон ва ҳатто беш аз он ҳам бадеиятҳоеро дар худ дорад ва ҳам ба мушкилоте дучор аст.
Ҳафтаномаи «Озодагон» дар матлабе бахшида ба солгарди таваллуди Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик навиштааст, фарқи Айнӣ аз ҷадидону ҷавонбухороиён он аст, ки таҳти таъсири муҳити солҳои 20 асри гузашта нарафт. Муаллифи матлаб менависад, Айнӣ ҳоло Тоҷикистон ташкил нашуда, ҳоло рӯзномаи «Овози тоҷик» ба вуҷуд наомада, ба тарғиби ҳуввияти тоҷикӣ оғоз кардааст.