Порае аз васияти Амир Олимхон, амири ҳаштум ва охирини манғитиёни Бухоро:
«Охирин васиятнома. Шаҳри Кобул. Афғонистон. Агар дар ҳар куҷои ин ҷаҳон вафот шавам, ворисонам маро ба таври амонат ба хок биспоранд. Вақте ки ватанам Бухорои Шариф аз чанги русҳои болшевик озод ва истиқлолияти худро ҳосил намуд, маро аз хок кашида, ҷасадамро ба ватанам баранд ва дубора ба хок биспоранд»
Саид Аъзам Бухорӣ худро сухангӯйи хонадони амир ва раиси Бунёди ба номи Амир Олимхон, ки тақрибан ду моҳ қабл дар Кобул, пойтахти Афғонистон созмон ёфт, муаррифӣ мекунад. Оқои Бухорӣ мегӯяд, бо гузашти 17 сол аз истиқлолияти Ӯзбакистону Тоҷикистон, сарзаминҳои таърихии Бухорои Шариф ҳеҷ як кӯшише аз сӯйи ҳукумати ин кишварҳо ҷиҳати бозгардонидани марқади Амир Олимхон ва бозмондагонаш ба ватан анҷом наёфтааст.
Саид Амир Олимхон - охирин амири Бухоро 5 апрели соли 1921 сарзамини Бухороро тарк кард ва ба хоки Афғонистон гузашт. Ривояте нақл мешавад, ки вақте амири Бухоро ба хоки Афғонистон ворид шуд, мардум ба пешвозаш бо гулу гулдаста баромаданд ва шеъре дар васфаш қироат карданд. Аммо амир нагузошт, ки шеър ба охир расад ва гуфт: «Акнун ман на амир, балки ҳамчун гадо ба даргоҳи шумо омадам. Дар васфи ман шеър нахонед!»
Амир Олимхон 23 соли дигар дар Афғонистон ба сар бурд ва то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ фикри бозгашт ба Бухороро аз сар дур накард. Яке аз пуштибонони аслии ҳаракати озодихоҳӣ ва ба таъбири замони шӯравӣ, босмачигарии Осиёи Миёна буд. Аммо баъди ҳосил шудани тавофуқ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон шоҳ Амонуллоҳхон фаъолиятҳои амирро таҳти назорати шадид гирифт ва ӯро ҳабси хонагӣ кард. Баъд аз шикасти Амонуллоҳхон аз сӯйи Ҳабибуллоҳхони Ғозӣ маъруф ба Бачаи Саққо дар Афғонистон роҳ ба сӯйи муборизаҳои Амир Олимхон боз шуд. Аммо баъди нӯҳ моҳи давлатдорӣ Бачаи Саққоро Нодиршоҳ шикаст дод ва Амир Олимхон боз ҳабси хонагӣ шуд.
Саид Аъзами Бухорӣ, набераи амир мегӯяд, давлати Шӯроҳо бо Нодиршоҳ сари сарнавишти Амир Олимхон ба тавофуқи нав расиданд. Шӯравӣ барои будубоши Амир Олимхон ва хонаводааш ӯҳдадор шуд солона 500 ҳазор рубл пардохт кунад. Аммо набераи Амир мегӯяд, аз ин маблағ танҳо 70 ҳазор рубл ба Сайид Олимхон мерасид.
Бо он вуҷуд ки фаъолиятҳои Амир Олимхон аз сӯйи ҳукумати Афғонистон таҳти назорати шадид қарор гирифта буд, бақия фирориёни Бухоро дар Кобул созмони сиёсиеро таҳти унвони Наҳзати муҳоҷирини Бухоро ташкил доданд, ки ҳадафаш бозгашт ба ватан буд. Ин наҳзат ба ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо Олмони гитлерӣ дар тамос шуд ва артиши 15 ҳазоранафариро дар шимоли Афғонистон созмон дод. Аммо ҳукумати Афғонистон ба боз шудани ҷабҳаи нав алайҳи давлати Шӯравӣ монеъ гашт.
Амир Олимхон 29 апрели соли 1944 даргузашт ва марқадаш ҳоло дар қабристони Шуҳадои Солеҳини Кобул воқеъ аст.
Баъд аз ба истиқлолият расидани Ӯзбакистон дар соли 1992 Ислом Каримов, раисҷумҳури Афғонистон ду маротиба фарзандони Амир Олимхонро ба Тошканд хост. Дафъаи аввал валиаҳди амир Сайид Умархонро аз Амрико ва дафъаи дуввум Саийд Иброҳимхон ва Сайид Мансурхонро аз Туркия даъват кард ва бо онҳо шахсан сӯҳбат орост.
Сайид Аъзами Бухорӣ мегӯяд, мавзӯъи аслии ин сӯҳбатҳо интиқоли марқади амир аз Кобул ба Бухоро буд. Вай афзуд, аммо ба далелҳои номаълум ин мавзӯъ то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст:
«Ман дар даст мактуберо дорам, ки ҷаноби Каримов аз онҳо даъват кардааст. Онҳоро дар Тошканд ҳар дафъа пазироӣ ва баъд гусел мекарданд. Чаро хостанд ва чаро масъалаи интиқоли ҷасади бобоям сурат нагирифт, нафаҳмидам. Сулолаи манғитиён 173 сол дар Бухоро ҳукм ронданд. Ин як гапу кори содда нест. Таърих аст, таърихи Бухоро».
Давлати Бухоро дар харитаи сиёсии ҷаҳон вуҷуд надорад. Ҳудудҳояш миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон тақсим шудаанд.
Сухангӯйи хонадони Амир Олимхон мегӯяд, дар ҳоли нокомии музокирот бо Тошканд, хонадонаш интиқоли марқади амир ба ҳудудҳои Тоҷикистонро як далели мантиқӣ медонанд. Вай афзуд, модари амир аз Файзободи Тоҷикистон аст ва муҳимтар аз ҳама ҳар ҷое, ки набошад, сарзамини Бухоро бошад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони Тоҷикистон рӯйи ин мавзӯъ мавқеи яксон надоранд.
Вақте ин мавзӯъро бо яке аз нафари баландмақом ба миён гузоштем, гуфт, Тоҷикистон ва ҳукумати имрӯзи кишвар бо амирони манғит робитае надорад, аз ин хотир, интиқоли марқади амир ба ҳудудҳои Тоҷикистон ғайримантиқист. Ва Искандар Асадуллоев, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, Амир Олимхон як шахсияти номуассир дар таърихи Осиёи Марказӣ аст:
«Ӯ натавонист дар Осиёи Марказӣ муқовимати шадид ба вуҷуд орад. Ӯ натавонист алайҳи русҳо мардумро роҳбаладӣ кунад. Як шахсияти хеле беистеъдод ва тасодуфӣ буд. Ӯву гузаштагонаш Аҳмади Донишро, ки ба ислоҳоти ҷиддии давлатдорӣ даъват мекард, на фақат нафаҳмиданд, балки ақлашон ба ҳеҷ ягон ислоҳот намерасид. Бехирадии Олимхон ба заволи кишварҳои мустақили Осиёи Марказӣ овард. Сониян, ӯ манғит аст. Аҳмади Донишро бихонед, ки дар бораи бедодиву бадахлоқии манғитиҳо чиҳо гуфтааст. Пас чаро мо ин гуна инсонро дар сарзамини худ ҷо диҳем?»
Дар ҳамин ҳол, Таваралӣ Зиёев, коршинос дар умури таърих мегӯяд, он тафаккури шӯравӣ, ки шоҳону амирон золим буданду ҷоҳил, далели манқурт мондани ҷомеаи мост. Вай афзуд, онҳо бо неку бадашон воқеияти таърихи мо буданд, ки ба мо тааллуқ дорад:
«Имрӯз паси айбу нуқси амир шудан маънӣ надорад. Амир Олимхони манғит ҳамон қадар ки аз дасташ омад, ҳамон қадар барои Бухоро – давлати тоҷикон кард. Алайҳи артиши сурх истодагарӣ кардан берун аз имкониятҳои ӯ буд. Дар Бухоро ягон инқилоб нашудааст. Ин табадуллоти низомӣ аз тарафи Русияи болшевикӣ буд. Агар мо худро, гузаштаи худро эҳтиром кунем, мо на фақат ҷасади Амир Олимхонро ба Тоҷикистон орем, балки дар пеши онҳое, ки бо номи босмачӣ маҳкум шудаанд, тавба кунем».
Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди тоҷик мегӯяд, интиқоли марқади Амир Олимхон бояд сурат гирад, тавре дигар кишварҳо ин корро кардаанд, то ки шаҳрвандонашон ғарибхок набошанд:
«Беҳтараш ба Бухоро баранд. Он ҷо махсус ҷое ҳаст ба унвони Гӯрхонаи амирони Бухоро ва пеши бобу ҷаддаш дафн шавад беҳтар аст. Аксашро агар бинед чеҳрааш тоҷикӣ аст, чеҳраи муғулӣ надорад, яъне хунаш тоҷикӣ шуда буд. Китобҳояш ва фармонҳояшро ҳам ба тоҷикӣ навиштааст. Агар Тоҷикистон биёранд ҳам ҳақ доранд. Ихтиёри ин ба дасти фарзандонаш аст. Аммо Тоҷикистони мо қабул мекарда бошад, агар ҳамчунин пешниҳод шавад?»
Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос дар умури сиёсӣ дар посухи ин суол, ки аз забони оқои Шакурӣ садо дод, гуфт, аз нигоҳи фарҳангӣ ва таърихӣ ба Тоҷикистон интиқол додани марқади Амир Олимхон кори дуруст ва барқарор кардани адолати таърих аст. Вай афзуд, аммо аз нигоҳи воқеиятҳои сиёсӣ ин маънии даъвои Бухоро, маркази таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон карданро дорад:
«Вақте ки ба амири Бухоро иддаъо ва соҳибият карда мешавад, ин масъала дар зимни худ навъе ишора ба масъалаи марзӣ ҳам дорад. Аз ин хотир, ҳукумати Ӯзбакистон ба ин масъала пеш аз ҳама аз ҳамин назар норозӣ хоҳад шуд. Яъне овардани ҷасади Амир Олимхон ба Тоҷикистон як навъе масъалаи бо тоҷикон ва аз тоҷикон будани Бухороро пеш мегузорад. Масъала буъди сиёсӣ мегирад ва Ӯзбакистон мухолифат мекунад. Аз ин хотир, Ӯзбакистон, ки баъзе аҳромҳои фишори иқтисодӣ бар Тоҷикистонро дар даст дорад, метавонад онҳоро истифода кунад ва ҳоло ин масъала аз нигоҳи сиёсӣ ба нафъи Тоҷикистон нест».
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ, яке аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон бар он назар аст, ки худ интиқоли ҷасад аз як ҷо ба ҷои дигар хилофи шариати ислом аст, зеро тибқи ислом, ҳама ҷо замини Худост:
«Ин масъала ҳоло шояд як масъалаи милливу нажодӣ бошад. Аммо мо такя ба ислом мекунем, ки берун овардани ҷасадро аз қабр маҳкум мекунад»
Саид Аъзами Бухорӣ, сухангӯйи хонадони Амир Олимхон мегӯяд, амирро мардуми Бухоро нарондаанд, балки таҷовузгарони хоки Бухоро ронданд, аз ин хотир иҷрои васияти ӯ далели пирӯзиаш бар таҷовузгарони ватанаш аст:
«Ин васияти бобоямон аст. Чун васият аст, мо дигар чорае надорем. Ин охирин васият ба забони худашон ва ба қалами худашон навишта шудааст. Охирин орзуяшон аст, ки дар охирин рӯзҳои ҳаёти худ батакрор мегуфтанд: ман меравам, ман бояд ба хоки худ биравам. Ҳадафи мо бозгашт ва барқарор кардани ҳукумат нест. Мо дар Афғонистон ҳама чиро дорем. Аммо мавзӯи ватан як чизи дигар аст. Мо наметавонем гӯем, ки аз Бухоро нестем. Мо бухороӣ будем, ҳастем ва хоҳем буд».
Набераи амири Бухоро мегӯяд, дар ҳолати ризоияти ҳукуматҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон бозмондагони амири Бухоро низ омодаанд баргарданд, Вай афзуд, аммо онҳо ҳадафи бозгашт ва барқарории ҳукуматашонро надоранд. Ва тибқи васияти бобояшон омодаанд сармояи Амири Олимхонро, ки ҳоло дар бонкҳои ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд, танҳо ба ободии сарзамини Бухоро харҷ кунанд. Ба таъйиди Саъид Аъзами Бухорӣ, танҳо дар Бонки миллии Русия ҳудуди сесад миллион доллари амир нигаҳдорӣ мешавад ва ҳамчунин маболиғ дар бонкҳои Туркияву Аврупо низ вуҷуд доранд. Вай гуфт, кӯшишҳои ҳукумати Ӯзбакистон барои ба даст овардани сармояи амир натиҷа надодаанд, зеро танҳо валиаҳдаш ҳаққи истифода аз ин сармояро дорад.