Тоҷикистон дар роҳи истиқлол
Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломӣ, дар посух ба назарпурсии нашрияи сиёсии «Нигоҳ» гуфтааст, «агар қабл аз касби истиқлол Тоҷикистон вобастаи як арбоб буд, ҳоло мутеъи арбоби зиёдест».
Раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) ҳамчунин ба иқтисоди кунди Тоҷикистон дар ҳабдаҳ соли гузашта дахл карда мегӯяд, «кишваре, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилии он қарзҳояшро пӯшонида наметавонад, мустақил гуфтан нашояд».
Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло дар ҳафтаномаи «Ҷомеъа» навиштааст, ки барои ба истиқлоли воқеъӣ расидан, Тоҷикистон бояд роҳи тӯлониеро тай кунад. Ба назари вай, «нахустин амре, ки дар ин раҳпаймоӣ бояд анҷом шавад, касби ҳуввияти миллии давлати тоҷикон аст». Рашид Ғ. Абдулло мегӯяд, феълан бидуни ҳуввияти миллӣ дар бораи истиқлоли воқеъӣ баҳс кардан бемаъност.
«Растохез ва истиқлолият». Зери ин унвон ҳафтаномаи сиёсии «Миллат» матлаберо аз иқтисоддони тоҷик ва собиқ раҳбари созмони Растохез Тоҳири Абдуҷаббор нашр кардааст. Оқои Абдуҷаббор дар ин матлаб мегӯяд, «истиқлолият муроди ақвоми тобеъву ситамкаш, вокуниши мазлумон дар муқобили золимон ва ҳам талоше барои барои раҳо шудан аз бандагӣ ва расидан ба озодии инсон аст». Ба навиштаи ҷаноби Абдуҷаббор, ин буд, ки Растохез ва пайравону ҷонибдоронаш дар охирин рӯзгори ҳукумати Шӯравӣ ба навиштану интишори мақолот ва ошкор сохтани масоилу мушкилоти ҷомеъа пардохтаанд.
Вай ёдоварӣ мекунад, «муҳимтарин санаде, ки созмони Растохез таҳия ва ба Шӯрои Олӣ пешниҳод кард, Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон буд». Ба қавли Тоҳири Абдуҷаббор, тобистони соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ ду варианти Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон баррасӣ гардид, вале дар ниҳоят варианте қабул шуд, ки онро ҳукумат пешниҳод намуда буд. Варианте, ки соҳибихтиёрии тоҷиконро таъмин намекард...
«Фараж» нашри силсиламатлаби «Чаро Тоҷикистон ба хоку хун оғушта шуд?»-ро шурӯъ кардааст. Нахустин матлаб аз ин силсиларо акси Қаҳҳор Маҳкамов – нахустпрезиденти Тоҷикистон зеб медиҳад. Ва дар паҳлуи он зери унвони «Ифтихори дурӯғин» матлабе аз Нуралии Давлат интишор ёфтааст, ки дар он гуфта мешавад: «Имрӯз истиқлолиятро онҳое аслан ба ифтихор таҷлил мекунанд, ки замоне муқобили он ба муборизаи мусаллаҳона бархоста буданд».
Қимматӣ ва баҳсҳои динӣ дар Рамазон
«Азия-Плюс» дар саҳифаи аввали худ тасвиреро аз бозорҳои Тоҷикистон нашр карда ва навиштааст, ки «Моҳи бузургу нархҳои дандоншикан». Нашрия менависад, шурӯъи моҳи Рамазон дигарбора нарх дар бозорҳои Тоҷикистонро такон дод ва он боз ҳам ба нуқтаи болотар ҳаракат мекунад. «Азия-Плюс» дар идомаи ин матлаб бо такя ба иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон менависад, феълан барои як хонаводае, ки аз шаш нафар иборат аст, танҳо барои харидории маводи ғизои аввалия дар як моҳ 1000 сомонӣ, муодили 300 доллари амрикоӣ зарур аст.
Нашрияи «Озодагон» дар як сӯҳбати вижа бо профессор Иброҳим Усмон мавзӯъи пайвандии дину давлатро дар миён гузошта менависад, «давлат аз дин ҷудо нест». Оқои Усмон дар ин сӯҳбаташ аслан аз мавҷудияти давлати дунявӣ пуштибонӣ карда, онро аз давлати коммунистӣ ва давлати исломӣ афзалтар шумурдааст.