Тибқи иттилои манобеъи расмию ғайрирасмӣ, дар соли равон беш аз 20 шаҳрванди Чин, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ба соҳибкорӣ машғуланд, аз шўъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қўрғонтеппа хоҳиш кардаанд, никоҳи онҳоро бо хонумҳои тоҷикистонӣ ба қайди давлатӣ бигиранд, аммо ба дархосташон расидагӣ нашудааст.
Маърифатпочо Навкарова, мудири мудири шўъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қўрғонтеппа, дар шарҳи сабаби ради дархости чиноиҳо гуфт: «Ба андешаи мо, барои чиноиҳои муқимӣ никоҳи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон лозим нест, онҳо танҳо мехоҳанд хона дошта бошанду озод гаштугузор кунанд. Хонумҳои мо барояшон мисли як пешхидмат ҳастанд. Мо медонем, ки ҳоло ҳам бисёре аз бонувони тоҷик бо чиноиҳо ҳамзистӣ доранд. Агар бо муҳаббат бошад, боке нест, аммо рўшан аст, ки онҳо қурбони фиреб ва қурбони вазъи сангини иҷтимоӣ шудаанд ва барои луқмаи ноне барои издивоҷ бо чиноиҳо розӣ мешаванд. Мо чунин никоҳро ҷоиз намедонем…»
Дар шаҳри Қўрғонтеппа бозори мавсум ба «Атуш» мавҷуд аст, ки дар се соли қабл бо ташаббуси соҳибкорони чиноӣ, аксаран уйғурҳои Чин, бунёд шуда ва маскани аслии чиноиҳо маҳсуб мегардад. Даҳҳо ва шояд беш аз сад шаҳрванди Чин дар ин бозор машғули тиҷорат аст ва шумори афзуни хонумҳои узбактабори Тоҷикистон бо иддае аз онҳо ба сифати ёвару тарҷумон кор мекунанд. Аз ин миён танҳо се тоҷири чиноӣ бо ҳамсару фарзандонашон омадаанду дигарон муҷаррад будаанд.
Тоҷирони уйғурӣ нахостанд бо мо дар мавриди издивоҷ бо хонумҳои тоҷикистонӣ сўҳбат кунанд. Аммо Муҳаббат, ёвари яке аз тоҷирони чиноӣ, мегўяд: «Ду сол аст, ки бо ҳамин уйғурҳои чиноӣ ҳамкорӣ мекунам, онҳо безан ҳастанд, зангириашон душвор, то ба синни 30-ю 40 мерасанд ва муҷарраданд. Ба ҳар ҳол, инҳо муваққатан дар Қўрғонтеппа кор мекунанд, шартномаашон барои 15 сол аст, бо гузашти 15 сол онҳо ба ватанашон бебозгашт бармегарданд, чаро занҳои мо бо онҳо ҳамтақдир шаванд?!»
Ва аммо Майрамбӣ ном хонуме дар сўҳбати сарироҳӣ иқрор кард, ки бинобар тангдастию нодориаш омода аст, бо шаҳрвандони чиноӣ, ки ҳамакнун ба сабаби тиҷорат ва сохтмони роҳу нақбҳо шумори онҳо дар Тоҷикистон зиёд шудааст, издивоҷ намояд: «Уйғурҳо ҳам мусалмонанд, бандаи Худоянд ва агар касе аз бонувон бихоҳад бо онҳо издивоҷ кунад, бояд мудохила накунем. Ман ҳам зид намебудам, агар инсони хуб бошад, муҳим зиндагиро пеш бурда тавонад…»
Дар ҳамин ҳол, як мақоми давлатӣ, ки нахост номаш ифшо гардад, гуфт, аксар аз шаҳрвандони чиноии ҷалбшуда ба сохтмонҳо ва умури тиҷорат дар Тоҷикистон, дар кишвари худ доғи судӣ ва ё ҳамсару фарзанд доранд.
Аммо қонунгузории Тоҷикистон никоҳи омехта, яъне издивоҷи шаҳрванди ин кишварро бо атбоъи хориҷӣ манъ намекунад. Барои никоҳи расмӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон, табааи хориҷиро мебояд аз ватанаш танҳо як маълумотнома дар бораи муҷаррад буданро биёрад ва ҳамагӣ 50 сомонӣ боҷи давлатиро пардохт намояд.
Ҳамин гуна, дар ҳашт моҳи соли равон дар Қўрғонтеппа 268 никоҳи омехта, асосан бо шаҳрвандони Узбакистон, Афғонистон, Эрон ва Русия ба қайд гирифта шудааст. Аммо мақомот иқрор мекунанд, ки дар пайи ҳамзистӣ бо чиноиҳо бонувони тоҷик соҳиби фарзанд ҳам шудаанд, вале дар шаҳодатномаи қайди таваллуд худро модари танҳо унвон кардаанд. «Онҳо шарм медоранд, дар шаҳодатнома падари чиноӣ доштани фарзандашонро сабт кунанд», - мегўянд масъулини шўъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ.