Ба навиштаи сомонаи расмии қонунгузории Русия, муқаррароти фармон нисбат ба шахсоне, ки то 1-уми сентябри соли 2017 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, дахл надорад.
Савганд ёд кардан пеш аз гирифтани шаҳрвандӣ соли 2017 ҳатмӣ шуд, аммо муҳоҷирон метавонистанд давоми 12 моҳ ин корро анҷом диҳанд. Аммо соли 2023 ба қонунгузории он кишвар тағйирот ҷорӣ шуд, ки тибқи он, аввал бояд савганд хӯрд ва баъдан ҳуҷҷатро гирифт. Бо ин вуҷуд, бархе афрод шаҳрвандии Русияро бе савганд соҳиб шуданд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, аз ин ба баъд, аз 23-юми ноябри соли 2024 афроде, ки шаҳрвандии Русия гирифтанд, вале савганд ёд накарданд, қарорҳои қабули онҳо ба шаҳрвандии Русия беэътибор дониста мешавад.
Баъди ҳамла ба хоки Украина, дар Русия қонуни гирифтани шаҳрвандӣ таҳрир шуд ва аз мардон талаб мешаванд, ки баробари ба даст гирифтани шиносномаи русӣ, ба қайди комиссариатҳои ҳарбӣ дароянд, то баъдан ба ҷанг сафарбар шаванд.
Бисёре аз талабгорони дарёфти шаҳрвандии Русияро ин дархост нигарон кардааст.
Аксар тоҷикистониҳое, ки дар фикри гирифтани шаҳрвандии Русия ҳастанд, инро як зарурати иқтисодӣ ва маишӣ меноманд, чун имкони кору фаъолияти қонунӣ ва бетатент дар Русия фароҳам мешавад.
Бисёри онҳо барои хидмат дар артиш ё сафарбарӣ ба ҷанг (мобилизатсия), ки аз соли 2022 давом дорад, омода нестанд.