Ба эътиқоди мақомоти Хатлон, шумори пайравони салафия дар ҷануби Тоҷикистон афзун нест ва ҳама баҳсу ихтилофоти онҳо танҳо бо ходимони дин аст, ки бар сари тариқаи намозгузорист. Шодибек Раҷабов, сардори раёсати умури дохилаи Хатлон, мегўяд, ҳарчанд алъон фаъолияти пайравони ҷараёни салафия дар Тоҷикистон мамнўъ нест, мақомот дар робита ба ҷилавгирӣ аз афзоиши онҳо тадбирҳо меандешанд:
«Ҷинояте аз ҷониби салафиҳо ошкор нашудааст. Аммо аз нуктаи назари идеологӣ ин равия метавонад хатар дошта бошад ба амнияти кишвар».
Ҳамакнун ниҳодҳои қудратию интизомии вилояти Хатлон масъалаи ҷилавгирӣ аз тавсеаи ин ҷараёни диниро ба миён гузоштаанд. Фозилҷон Охунов, додситони Хатлон, мегўяд, ҳаракати иртиҷоъии салафиҳо дар ҷануби кишвар характери паҳншавӣ дорад. Ба гуфтаи оқои Охунов, пешвоён ва пайравони ин ҳаракат дар шаҳру навоҳии Кўлоб, Панҷ, Бохтар ва Ҳамадонӣ фаъолият доштаанд:
«Ҳамакнун корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масҷидҳо ва мавзеъҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст, ҳарчанд пайравони ин ҷараён ҷинояткор нестанд, аммо беҳтар ин аст, ки аз афзоиши шумори онҳо ҷилавгирӣ шавад ва ҳаракатҳои онҳо таҳти назорат бошад».
Дар ҳамин ҳол ҷавоне, ки худро пайрави ҷараёни салафия ва Файз Муҳаммад муаррифӣ кард, дар сўҳбати бидуни микрофон гуфт, кору пайкор ва аҳдофи пуштибонони ҷараёни Салафия ба ҳақиқати ислом наздиктар буда, пайравони ин равия наметавонанд дар ҷомеаи Тоҷикистон ихтилофу ҷудоиандозӣ бикунанд.
Бо ин вуҷуд аз тасмимгириҳои мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз тавсеаи ҷараёни салафия, натанҳо дар дохили кишвар, балки мамолики хориҷӣ, бавижа, Ҷумҳурии исломии Эрон низ пуштибонӣ мекунанд. Ҳамидризо Бархурдорӣ, коршиноси мутолеотии сафорати Эрон дар Душанбе, дар ин иртибот мегўяд:
«Бархурди мо бо салафигариҳо ҳамчун обу оташ аст. Фикр мекунам, ҳамин ибора маънои бисёр васеъ дорад. Мо чунин ҷараёни динӣ маҳкум менамоем ва аз ҳаракатҳои мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҷилавгирӣ аз тавсеаи ин ҷараён пуштибонӣ мекунем».
Ёдрас мекунем, салафия як шохаи мазҳаби ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравии бештар мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби ваҳҳобия якҷо ном мебаранд. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи салафия дар Тоҷикистон асосан ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳое назири Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд.