Ҳафтаномаи “Нигоҳ” бо такя ба сӯҳбати узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода менависад, кишвар дар ҳоле аз бӯҳрони энержӣ танқисӣ мекашад, ки ҳич як аз аҳзоби сиёсӣ барномаи хоси раҳоӣ аз ин бӯҳронро надоранд. Оқои Тӯраҷонзода гуфтааст, танҳо даъвои ҳастӣ кардан ва аз ҳукумат интиқод варзидан маънои қудратмандии ҳизбҳоро надорад. Ба таъкиди вай, вақте иқтисод заъиф аст аз мардум маърифати сиёсиро талаб кардан низ имконнопазир мебошад. “Зеро ҷой доштани фақр ҷомеъаро ба куфру камфаъолиятӣ мебарад”,- хулоса вай.
“Нигоҳ” ҳамчунин матлабе аз Гулҷаҳон Сафарова, духтари собиқ раиси Фронти Мардумӣ Сангак Сафаровро нашр кардааст. Хонум Сафарова таҳти унвони “Сӯйи арвоҳи падарам санги маломат назанед” аз “таърихнигорӣ”-и бархе аз рӯзноманигорон дар матбуоти даврии Тоҷикистон дар ташвиш шудааст. Вай бо радди бархе аз матолиб дар баробари мавқеъи падари марҳумаш мегӯяд, Сангак Сафаров ҳаргиз дар замони бесарусомониҳои оғози солҳои навадум дар Тоҷикистон дар пайи ба даст овардани мансабе набуд: “Баръакс, вай Фронти Мардумиро таъсис дода, гурӯҳҳои дузду ғоратгарро аз байн мебурд ва ба ташкили Иҷлосияи Шонздаҳум дар шаҳри Хуҷанд мусоидат кард, то раҳбари кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба сари маснад биёяд”. Гулҷаҳон Сафарова дар охири матлаби худ дар “Нигоҳ” гуфтааст, “як бор мардонавор нависед, ки кадом душмани миллати мо ва ба воситаи киҳо ҷангро болои мо бор карданд”.
“Миллат” ин дафъа дар суроғи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров афтодааст. Нашрия мегӯяд, бо вуҷуди он ки ду моҳ пештар бо нияти мусоҳиба бо раиси ноҳияи Рӯдакӣ суолоти худро пешниҳод карда буд, то ҳанӯз посухе дарёфт накардааст. Нашрияи “Миллат” бо баррасии ин мушкил чунин хулоса мекунад: “агар як нашрия дар дарёфти ҷавоби як мактуби хеш аз як раиси ноҳия ё муовинаш ин қадар саргардонӣ ва азоби рӯҳӣ бинад, пас, як деҳқон ё як модари бечораро агар кораш ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ афтад, онро чи гуна сомон мебахшад?”
Ин нашрия ҳамчунин миёни рӯшанфикрони тоҷик пурсишеро дар иртибот ба манъи ҳиҷоб дар донишгоҳҳо анҷом додааст. Мӯътабари Раштӣ, раиси созмони иҷтимоъии “Оштии миллӣ”, мегӯяд, дастури вазири маориф метавонад сафи хеле ками донишҷӯдухтарон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистонро боз ҳам коҳиш диҳад. Хонум Раштӣ гуфтааст, дар навбати аввал бояд вазорати маориф ин дастурро лағв кунад ва ҳамагуна фишору табъиз дар нисбати духтарон дар донишгоҳҳоро хотима бахшида авлавиятро ба сатҳи саводу дониши онҳо диҳад.
Вале профессор Иброҳим Усмон дар як сӯҳбаташ бо нашрияи “Озодагон” дар иртибот ба мушкили ҳиҷоб мегӯяд, иҷрои дастуре, ки аз сӯйи вазири маориф ҷорӣ шудааст, ҳатмист. Вай ҳамчунин гуфтааст, “аз рӯймол сиёсат насозед. Либосро бо сиёсат ранг надиҳед. Либос танро барои пӯшонидан аст, на барои сиёсат кардан”.
“Фараж” ин дафъа як таҳқиқоти журналист Ҷумъаи Толибро, ки барои дарёфти шарҳи бештар роҷеъ ба садамаҳои ахир дар шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд ба ноҳияи Айнӣ рафта буд, бо номи “Ними ҷасад дар Айнӣ ва ними дигар дар Панҷакент” нашр кардааст. Муаллиф бо тасвири мушкили роҳҳои мошингарди ағбаи Анзоб изҳори ташвиш мекунад, ки касе аз масъулин то ҳанӯз таваҷҷӯҳи худро ба сӯйи ин мушкил равона намекунад ва роҳҳали онро пешниҳод низ намесозад.
Муҳаммадӣ Раҳматулло, раҳбари пайравони ҷараёни мазҳабии Салафия дар Тоҷикистон, дар ҳафтаномаи русизабони “Азия-плюс” аз эълони соли 2009 ба унвони соли бузургдошти Имом Аъзам истиқбол кардааст. Раҳбари салафиҳо гуфтааст, онҳо ба мазҳаби ҳанафӣ эҳтироми зиёд қоиланд, зеро сарчашмаи равияи онҳо низ аз мазҳаби ҳанафӣ об мехӯрад. Вале дар як вақт, оқои Муҳаммадӣ андешаи инро ҳам, ки гӯиё ин тасмим алайҳи ҳузури салафиҳо дар Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шуд, рад накардааст.