Раёсати умури дохилаи Хатлон мегўяд, феълан дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон беш аз ним ҳазор зане, ки ба фоҳишагӣ сарукор мегиранд, дар қайди расмӣ ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо дар чаҳор шаҳру ноҳияи Хатлон – Кўлоб, Қўрғонтеппа, Шаҳритус ва Панҷ аз ҷониби мақомоти интизомӣ имсол 11 даллахона ошкор гардидааст.
Шодибек Раҷабов, сардори раёсати умури дохилаи Хатлон, зимни як нишасти хабарӣ дар Қўрғонтеппа гуфт, дар ин робита танҳо дар ним соли аввали соли равон 34 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст. Вай афзуд:
«Парвандаҳои кушодашуда асосан алайҳи даллаҳо ва соҳибони даллахонаҳои ғайриқонунист. Кормандони РКД феълан тафтишот мебаранд. Аксари вақт мо иттилои бештар ва рақамҳои мушаххасеро оид ба танфурўшию даллагӣ барои ВАО ироа намекунем. Аммо раҳбарияти РКД-ро мушкили мазкур бисёр ба ташвиш овардааст.
Кодекси ҷиноятии ҶТ танҳо барои даллагӣ ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст, аммо барои афроде, ки ба танфурўшӣ машғуланд, фaқат ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Фикр мекунам, бояд барои танфурўшӣ ҳам муҷозоти шадидтар бояд таъин шавад, то ба коҳиши мизони ин навъи ҷиноёт муваффақ гардем».
Ҷомеашиносони тоҷик дар шарҳи иллатҳои аслии афзудани мизони танфурўшӣ ва даллагӣ мегўянд, дар бештари маворид мушкилоти иҷтимоӣ, бекорӣ ва ё набуди ҷойҳои мувофиқи кор, оҷизӣ ва фишорҳои равонии ҳаёт занонро ба содир кардани чунин навъи ҷиноёти ахлоқӣ таҳрик медиҳад. Маҳваш Асоева, таҳлилгари масоили гендерӣ, мегўяд:
«Ҳастанд занҳое, ки шавҳар надоранд ва ё шавҳаронашон солҳои зиёд аст, ки ба шаҳрҳои Русия мардикорӣ рафтаанду бедараканд. Зимнан, занон водор шудаанд саробонии оилаи серфарзандро ба дўши худ бигиранд ва шояд як сабаби сар задани мушкил ҳамин бошад. Аммо машғул будан ба танфурўшӣ начандон кори саҳл аст, занон натанҳо номусу виҷдонашонро аз даст медиҳанд, балки ҳамчунин саломатиашонро…»