Бо ин мақсад ва даъвати созмони "Адабиёт ва тарҷума" хонуми Фарзона барои ду ҳафта меҳмони Инглистон буд. Шаби гузашта вай дар бузургтарин толори Донишгоҳи Лондон шеърхонӣ кард. Шоир, рӯзноманигор ва овозхони тоҷик Толиби Озарахш, ки шоираро ҳамроҳӣ мекард, чанд таронаи тоҷикиро ба ҳозирон тақдим дошт. Ин аввалин бор аст, ки китоби Фарзона ба забони инглисӣ нашр ва ба ин шева муаррифӣ мешавад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз ӯ пурсидем, сафари наздик ба бистрӯзааш дар Инглистон чи гуна гузашт:
Фарзона: «Сафари мо бо даъвати Маркази нашр ва тарҷумаи осори Бритониёи Кабир сурат гирифт, ки раисаш хонум Соро Дабуел ҳастанд. Ва эшон тасмим гирифтанд, ки дар баробари ашъори чанд шоири Покистон, Алҷазоир, Амрикои Ҷанубӣ, Австралиё, Курдистон ва чанд мамолики дигар ашъори шуарои Тоҷикистон низ тарҷума ва интишор шавад. Ва ба ҳамин хотир имсол панҷ китоб ба нашр расид аз панҷ шоири панҷ қитъаи олам, ки яке аз онҳо бандааст. Тарҷумаи ашъори ман бо василаи ду нафар шоир ва муҳаққиқ – Ҷо Шаркот, шоири шаҳири инглис ва хонум Наргиси Фарзод, муҳаққиқи адабиёт, суарт гирифт. Ин китобак бо он, ки ҳаҷми бисёр хурд дорад, дӯстоне ки латофат ва зебоии забони инглисиро медонанд, иқрор карданд, ки тарҷума хеле хуб сурат гирифтааст».
Суол: Нашри ин китобро ба Шумо муборак мегӯем ва, фикр мекунам, ин оғози як роҳи наву васеътару бузургтари Шумо ба ҷаҳони берун аст. Ин сафар ва ин мулоқотҳои Шумо бо муаррифии ин китоб шурӯъ шуд, аммо дар куҷоҳо, дар чи шакл ва бо киҳо?
Фарзона: «Бисер ташаккур. Мо ду нафар аз Тоҷикистон омадем, ҳамроҳи Толиби Озарахш, ки шоиру рӯзноманигор ва аҳли мусиқӣ ҳастанд. Мо дар чандин шаҳрҳову вилоёти Инглистон сафар доштем. Азҷумла ба қаламрави Уэлс низ сафар кардем, дар шаҳри Кордиф сӯҳбатҳо доир шуд. Ва ҳамчунин дар шаҳри Илклей чандин сӯҳбату мулоқотҳои мо сурат гирифт. Ба ҷуз ин дар шаҳри Берминҳом, ки бузургтарин шаҳри Инглистон баъди Лондон маҳсуб мешавад, чандин мулоқотҳо бо хонандагон ва иродатмандон доштем.
Суол: Аммо ба сурати куллӣ вокуниши хонандаи инглисизабон ба шеъри Шумо чи гуна буд?
Фарзона: «Ростӣ, қазоват кардани худи ман душвор аст. Аз ман, агар пазироии мардуми Тоҷикистонро пурсед, шояд ман саҳеҳтар ҷавоб медодам».
Суол: Аммо, агар муқоиса кунем, яъне онҳое, ки ба шеъри Шумо дар Тоҷикистон гуш мекунанд ва онҳое, ки дар Инглистон. Оё тафовуте буд, ё шабоҳатҳои бештар буд?
Фарзона: «Тафовут дар ин ҷост, ки толорҳои мо дар Тоҷикистон бештар мардумро гирд меоварад, ба ин хотир ки шеър як унсури асосӣ ва воқеъии зиндагии ҳар нафар, ҳар фарди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аммо дар Инглистон шеър берун аз барномаи фикр ва зиндагии инсонҳо сурат мегирад. Аз ин хотир дилбастагони шеър дар ин кишварҳои мутамаддин бо техноложии хеле пешрафта ва бо илмҳои дақиқ, ки хеле рушд кардааст, гароиш ба шеър, ба назари ман, камтар аст. Дар ҳар сурат нафароне, ки ба толор меомаданд, ман фикр мекунам, ки шояд, ки пушаймон барнагашта бошанд».
Аммо он, ки бинандагон ӯро чигуна пазируфтанд ва шеъри ӯ ба онҳо чӣ асар гузошт, аз ташкилкунандагони яке аз шабҳои шеъри Фарзона дар Донишгоҳи Лондон, устоди Маркази матбуот ва филм дар ин донишгоҳ, хонуми Маъсумаи Турфа ба мо чунин гуфт:
Маъсумаи Турфа: «Ҳузури хонум Фарзона дар толорҳо ва конфронсҳои шаҳри Лондон ҳамеша фавқулъодда ҷаззоб аст, ба хотири ин ки ин як зани тоҷики бисёр нарм ва ором аст, ки шеърҳош бисёр оҳанин ҳастанд. Дар воқеъ, вақте ки ӯ ба рӯи саҳна мебарояд, дар чеҳраи ӯ, дар рафтораш, дар ҳаракатҳояш метавон дид, ки ӯ ба таври зотӣ шоир ва офаранда аст. Ҳамеша ман фикр мекунам, ки оё ин ҷамъияти бузурге, ки дар ин толорҳо ҷамъ мешаванд ва Фарзонаро хуб намешиносанд, бо шеърҳои ӯ ва бо Тоҷикистон ошно нестанд, оё дарк хоҳанд кард, ки ин зан чи қадар бузург аст. Ва мисли ҳамеша бисёр ором сӯҳбат мекунад ва, фикр мекунед, ки шояд касе мутаваҷҷеҳи ӯ нашавад. Вале ба қадре зебо шеър мехонад, ба қадре дар баҳри шеъри худаш меравад, ба қадре зебо ин луғотро адо мекунад, ки тамоми толор, ки азҷумла иборат аз беҳтарин мунаққидону адибони эронӣ, инглисӣ ва афғонистонӣ буд, ҳама мафтун шуда буданд».
Суол: Аммо ба суоле, ки дар зеҳнатон мегашт, яъне оё бузургии ӯро дарк ва эҳсос карданд, ба ин суол посухе ёфтед?
Маъсумаи Турфа: Бале. Посух дар сукути толорҳо буд. Толор дар сукути маҳв фуру мерафт ва вақте, ки Фарзона шеърхониашро тамом мекард, толор рӯи по меистод ва барои ӯ кафкӯбӣ мекард. Яъне комилан дарк мекунанд, ки ӯ чи гуна шоири бузургест. Ва ин барои ман фавқулъодда лаззатбахш аст. Аммо он чи, ки бахусус дар барномаи охирин ҷолиб буд, ин буд, ки шеърҳои ӯро барои аввалин бор ба забони инглисӣ ҳама шуниданд. Мутарҷими хуб ба номи Ҷо Шапкот корҳои ӯро бо кӯмаки Наргиси Фарзод, устоди адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Лондон, тарҷума карда буд. Ва ин шеърҳо бо забони инглисӣ дар ҳадде зебо тарҷума шуда буд, ки ҳозирине, ки инглис буданд, хеле хуш пазируфтанд.
Суол: Ба назари Шумо муаррифии шеъри тоҷик дар ин толорҳо аз сӯи Фарзона чи гуна буд?
Маъсумаи Турфа: Дар воқеъ Фарзона ҷойгоҳи махсуси худашро дорад. Ман ҳамеша эҳсос мекунам, ки дар Тоҷикистон низ ҳамин тавр аст. Бо он, ки шоирон хеле зиёданд, аммо ӯ, ба хотири ин ки зан аст ва тамоми зебоӣ ва латофати Тоҷикистонро ҳамроҳ бо худаш дорад, дар зимн фарҳанги ғании забони форсиро ҳама ҷо бо худаш мебарад ва бисёр зани босавод ва пурхонда аст ва суолҳое, ки ба ӯ медиҳанд бисёр файласуфона ҷавоб медиҳад. Ва, фикр мекунам, он чи, ки Фарзонаро аз дигарон ҷудо мекунад, агарчи ҳар кадоме аз дигар шоирон низ гулҳои пурарзишанд, файлсуфмаобӣ ва зарифии ӯст, ки дар ин ҷо низ ҳамин тавр маҳсуб мешавад.
(Аксҳо аз Дориюши Раҷабиён, видеобардор Шаҳрони Табарӣ)