Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои низоми нави молии ҷаҳон


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш ва раҳбарони Иттиҳоди Аврупо хостори баррасии бӯҳрони молии ҷаҳон дар ҳамоиши сарони давлатҳо шуданд.

Ин нақша пас аз дидори Буш бо президенти Фаронса, Николас Саркозӣ ва раиси Кумисюни Аврупо, Жозе Мануел Бароззо шоми шанбе дар Кемп Дейвид, ҳумаи Вошингтон, омода гардид.

Пас аз гуфтушунид, Саркозӣ, ки кишвараш ҳоло раёсати давраии Иттиҳоди Аврупоро бар зимма дорад, дар нишасти хабарии муштарак аз кишварҳои ҷаҳон хост, ба бӯҳрони молии дунё посухи ҳамоҳанг диҳанд.

Вай гуфт, "аз номи Аврупо ба кишвари бузурги Амрико рӯ овардааст, то дар ҳамбастагӣ ҷаҳони нав, ҷаҳони садаи бистуякумро бунёд кунанд. Аврупо ба Амрико даст медиҳад, то ин ҷаҳони навро ба вуҷуд орад, аммо набояд дар ин роҳ фурсатро аз даст дод. Бояд дар нишасти сарони ҳам ҳаштгона ва ҳам панҷгона ва якҷо бо Осиё роҳҳои ҳалли мушкил пайдо гардад."

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бак Ки-мун, ки рӯзи шанбе дар Канада бо Саркозӣ мулоқот кард, аз ин ташаббус ҳимоят намуд ва пешниҳод кард, ки ин гуна нишастҳо дар ситоди СММ дар Ню Йорк барпо шаванд.

Аммо тарҳи Саркозӣ танҳо аз баргузории нишастҳо иборат нест, балки вай мехоҳад, барои фаъолиятҳои иқтисодии ҷаҳон қоидаҳои нав ва масъулиятҳои нав муқаррар шаванд. Вай инчунин хостори бознигарии муносибати миёни воҳидҳои пулии бузург аст.

Пешниҳоди дигари Иттиҳоди Аврупо ин аст, ки барои пайгирии кори бузургтарин ниҳодҳои молии ҷаҳон як созмони байнулмилалӣ таъсис ёбад. Ба сурати умум ин пешниҳодҳо роҳи бунёди низоми нави молиявии ҷаҳон шумурда шудаанд.

Буш, ки ҳамагӣ се моҳи дигар раҳбарии Амрикоро дар даст хоҳад дошт, бо эҳтиёти бештар сӯҳбат кард. Вай гуфт, бояд усули бунёдии сармоядории демократӣ ҳифз карда шавад: "Вақте мо бо зарурати ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳрон даст ба тағйироти танзимкунанда ва ниҳодӣ мезанем, ҳалкунанда ин аст, ки таҳдоби сармоядории демократиро маҳфуз дорем. Аз ҷумла пойбандии мо ба бозори озод, соҳибкории озод ва тиҷорати озод. Бояд ба васвасаи хатарноки канораҷӯии иқтисодӣ муқобала кунем ва сиёсатҳои бозори бозро идома диҳем, ки ба миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ёрӣ кард зиндагии худро беҳбуд бахшанд."

Ба ин тартиб дар ҳоле ки Аврупо ва Амрико хостори чораҳои қатъӣ дар рафъи пайомадҳои бӯҳрон ва пешгирӣ аз бозгашти онанд, дар сатҳ ва умқи дахолати ҳукуматҳо ба бахши хусусӣ ба як натиҷа нарасидаанд. Ҳарду ҷониб ҳам аз пайомадҳои чунин дахолат ва асари он ба риштаҳои дигар ҳарос доранд. Дар ин байн ҳеҷ яке аз онҳо бо эътимоди комил гуфта наметавонад, ки бӯҳрон пурра ҳал шуда, имкони такрор шуданро надорад.
XS
SM
MD
LG