Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи бонкҳо ба соҳаи пахтакорӣ


Бархе аз бонкҳои тиҷоратии фаъол дар вилояти Хатлон, мисоли Бонки Эсхата ва Тоҷиксодиротбонк, тасмим гирифтаанд, то охири соли равон аз ироаи ҳама гуна қарзҳо, ба истиснои қарзҳои кишоварзӣ, худдорӣ бикунанд.

Гуфта мешавад, ба иллати камбуди молӣ бонкҳо наметавонанд эҳтиёҷоти рӯзафзуни риштаи кишоварзӣ – хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркарди пахтаро ба қарзи бонкӣ бароварда созанд, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумат ҳамеша аз бонкҳо ироаи қарзҳои боимтиёз ба ин соҳаро тақозо мекунанд. Ҳамакнун, бонкҳои Эсхата, Тоҷиксодиротбонк ва чанде дигар ба чунин қарор расидаанд, ки додани қарзҳои истеъмолӣ барои хариди хонаю мошин ва дигар фанноварию ашёи рӯзгорро мутаваққиф созанд.

Носирҷон Орифов, ҳамоҳангсози лоиҳавии бонки «Эсхата», дар иртибот ба манъи ироаи қарзҳои истеъмолӣ, гуфт: «Ин тасмим аз ҷониби раёсати марказии бонк ба хотири кӯмаки ҳарчи бештар ба соҳаи кишоварзӣ пеш гирифта шудааст. Ин дастури расмӣ нест, раҳбарони бонк тасмими ихтиёрӣ доштанд. Таъхир дар додани қарзҳои истеъмолӣ муваққатист…»

Дар ҳамин ҳол, масъулини Тоҷиксодиротбонк ҳам мегўянд, мизони қарздиҳӣ ба аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқиро коҳиш додаанд, чун дастури маблағгузории бештари соҳаи кишоварзӣ ба дасташон расидааст. Наргис Соҳибова, масъули бахши қарздиҳии Содиротбонк дар Қўрғонтеппа, гуфт: «Мо мизони қарздиҳии истеъмолиро хеле кам кардем. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ аст. Ҳамин гуна дастур расидааст аз «боло», ки бояд ҳатман ва дар мадди аввал пахтакоронро дастгирӣ кунем. Дар ин бора президент ҳам борҳо таъкид кард зимни баромадҳояш…»

Ва аммо дар дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди манъи расмӣ ва ё вуҷуди кадом як дастури расмии ҳукуматӣ оид ба манъи ироаи қарзҳои истеъмолии бонкҳои тиҷоратӣ изҳори бехабарӣ карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран мақомоти вилояти Хатлон корхонаҳои коркарди пахтаро муваззаф карданд, то ки ҳар як тон пахтаи чидашудаи кишоварзонро ба қимати аз 600 то 800 доллари амрикоӣ бихаранд. Дар ҷануби Тоҷикистон айни замон дастикам 35 корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта, аммо раҳбарони бисёре аз ин корхонаҳо мегўянд, маблағи кофӣ барои харидории пахта аз кишоварзонро дар ихтиёр надоранд.

Табиист, корхонаҳои коркарди пахта низ ба мисли худи кишоварзон барои гирифтани қарз ба бонкҳо муроҷиат намудаанд ва камбуди молии бонкҳо барои манъи ироаи қарзҳои дигар сабаб шудааст. Ҳамин гуна шумори қарздорони бонкҳо аз ҳисоби корхонаҳои коркарди пахтаи Хатлон афзун гардида, вобастагии риштаи кишоварзӣ ва тақдири ҳазорон деҳқон ба бонкҳо низ бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG