Мақомоти бемористони амрози равонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, маъруф ба «Кӯктош», овозаи раҳоии як гурӯҳи беморон ба далели камбудӣ ғизо аз ин беморхонаро бепоя хонданд.
“Онҳоро беназорат нагузоред. Ба дасташон гӯгирд ва тамоку надиҳед…” Ин нахустин огаҳии вурудгоҳи бемористони амрози равонии ноҳияи Рӯдакист.
Дар ин бемористон, ки замони Шӯравӣ барои беш аз 1000 бемор ҷои хоб доштааст, ҳоло бештар аз 600 бемори рӯҳӣ ва асаб табобат мегиранд. Дар рӯи ҳавлии ин бемористон бо зани тақрибан панҷоҳсолае рӯбарӯ меоям. Намедонам, ӯ дар чи борае андеша мекард, вале гуфт, ки 26 сол боз гирифтори бемории рӯҳист. Ин зан мегӯяд, ин “хона” барои ӯ бегона нест ва ба зиндагӣ бо “ҳамдилону ҳамроҳон”-аш сахт одат кардааст: “Дар хонаамон чор-панҷ рӯз меистам ва мегӯям, ки боз маро ба ин “хона” биёранд. 26 сол шуд, ки аз инҷо намегурезам. Ҳар рӯз шӯълаву караму шӯрбо мехӯрем”. Муъмин Паҳлавонов, яке дигар аз табобатгирандагони инҷо, мегӯяд: “То се рӯз хобам намебурд. Ҳатто аз ҷой хеста наметавонистам. Ҳамаи ин аз бемории асаб будааст. Дар инҷо чор моҳ доруву дармон карданд. Ҳоло сиҳҳатмандам ва дар варзишгоҳ низ тамрин мекунам”.
Дар вазорати беҳдоштии Тоҷикистон мегӯяд, дар муқоиса бо ду соли пеш теъдоди беморони равонӣ ҳудуди 2000 кас афзудааст ва омилҳое чун афсурдагӣ, истифодаи ғизои носолим ва табъиз аксаран боъис ба афзоиши теъдоди беморони равонӣ шудааст. Хуршед Қунғуротов, сардухтури бемористони равонии ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, дар давоми ду сол теъдоди муроҷиъаткунандагон ба ин беморхона низ якуним баробар афзудааст: “Cоли 2005 агар дар беморхона ҳазор бемор муроҷиъат карда бошад, дар давоми 11 моҳи соли равон 1576 бемор барои табобат ва хоб рафтан муроҷиат карданд”.
Ба ақидаи Х. Қунғуротов, муносибат бо беморони рӯҳӣ дар кишвар чандон қобили ситоиш нест. Вай гуфт, ҳарчанд ба назари бархеҳо девона ва ё гирифторони бемориҳои рӯҳӣ афроди ба ҷомиъа нолозим ҳастанд, аммо онҳо низ ба меҳрубонӣ ва навозиш эҳтиёҷ доранд: “Як чизи бисёр нозук ҳаст, ки беморонро оварда мепартоянду солҳои сол хабар намегиранд. Муносибати аҳли хонавода ва бемор тақрибан гум мешавад. Албатта, давлат ҳамаи инҳоро нигоҳубин мекунад, аммо меҳру муҳаббате, ки пайвандон ба фарде бемор медиҳанд, мо дода наметавонем”.
Бегиҷон Юсупов, муъовини сардухтури бемористони амрози равонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, даргирии солҳои 90-уми асри гузашта ва буҳрони шадиди иқтисодӣ дар Тоҷикистонро яке аз авомили афзоиши теъдоди беморони равонӣ медонад: “Ҳар як зарбаи равоние, ки ба инсон мерасад, беасар намемонад. Ва ҳамин тавр, бештар аз шаст дарсади бемориҳои рӯҳиро бемории шизофрения ё маҷзубият ташкил медиҳад”. Ӯ ба ин нукта ҳам ишора кард, солҳои ахир бемории вобастагӣ аз алкоҳол ва маводди мухаддир ҳам афзун шудааст, ки навъе аз бемориҳои рӯҳист.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи масъулони ин бемористон, дар ҳоле теъдоди беморони равонӣ дар кишвар ба гунаи назаррас афзоиш меёбад, ки мизони кумакҳо аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ кам шуда, шароити табобати онҳо душвор шудааст.
Феълан давлати Тоҷикистон барои доруву дармони як бемор дар як шабонарӯз ба ҳисоби 3 сомонӣ ё муъодили камтар аз 1 доллари амрикоӣ сарф мекунад, ки ба назари коршиносон ин маблағ ночиз ва аз меъёрҳои байнулмилалӣ андак аст. Вале масъулони бемористони рӯҳии Кӯктош мегӯянд, дар чанд соли минбаъда бо кумаки ширкатҳо ва афроди ҷудогона метавонанд риштаи чорводории ин бемористонро рушд диҳанд ва аз ин ҳисоб ғизову шароити беҳтаре барои беморон фароҳам кунанд. Шароите, ки ҳатто беморони рӯҳӣ ҳам дарк мекунанд, ки барои дармону зиндагӣ чандон муносиб нест.