Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯи ҷӯи Мулиён дар донишгоҳи Колумбиё


Донишгоҳи Колумбиёи Ню-Йорк
Донишгоҳи Колумбиёи Ню-Йорк

Дар чаҳорчуби таҷлили байнулмилалии 1150-умин солгарди зодрӯзи одамушшуаро, сардафтари адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, дар яке аз машҳуртарин марказҳои илмиву омӯзишии Амрико – донишгоҳи Колумбиёи Ню-Йорк, мизи гирд бахшида ба ҳаёту эҷодиёти ин нобиғаи фарҳангу адаби форсӣ-тоҷикӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси намояндагии Тоҷикистон дар СММ доир шуд, олимони саршиноси Амрико назири профессори донишгоҳи Коламбиё Эҳсон Ёршатер, профессори донишгоҳи давлатии Оҳайё Парвона Пуршариатӣ, шоир, тарҷумон ва профессори донишгоҳи Бостон Сосон Таботабоӣ, профессори донишгоҳи Ҳарвард Ҳабиба Раҳим ва профессори донишгоҳи Коламбиё Питер Синнот ширкат варзиданд.

Профессор Ёршатер, муассис ва раиси маркази эроншиносии донишгоҳи Коламбиё, ки 50 сол боз дар ин донишгоҳ бо таълиму пажӯҳиш машғул аст, ба вижа гуфт, ки Рӯдакӣ падари шоирони форсизабон мебошад. Дар конфронс олимони муътабар роҷеъ ба зиндагӣ ва ашъори ӯ суханрниҳо карданд. Профессор Ёршатер иброз дошт, умедвор аст, ки соли оянда силсиланишастҳои ҳамсон дар сатҳи баландтар боз доир гардад, аз ҷумла дар СММ.

Донишмадон зимни суханрониҳо ба ҷанбаи одамдӯстӣ, даъват ба таҳаммулпазирӣ ва сулҳ, панду насиҳатҳои оқилонаи Рӯдакии бузургвор таъкид доштанд. Олимон ба вижа ишора намуданд, ки Рӯдакӣ замоне ба дунё падид омад ва шеърҳояшро эҷод мекард, ки миёни эроншиносон ҳамчун замони эҳёи фарҳанг, забон, давлат ва тамаддуни форсӣ маъруф аст. Гуфта шуд, ки замони ҳукуматдории сулолаи Сомониён мардуми форсизабон, ки дар пайи тасарруфи сарзаминашон аз ҷониби арабҳо мақомашонро аз даст дода буданд, дубора соҳиби давлату ҳукумати миллӣ гашта, ба ривоҷу равнақи фарҳанг, адабиёт ва санъати худ пардохта, асрҳои баъдии дурахши назму насри бисёрпаҳлӯи форсӣ-тоҷикӣ маҳз аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ сарчашма мегирад.

Мизи гирд бо суханони сафири Тоҷикистон дар СММ поён ёфт. Вай азҷумла гуфт, “Рудакӣ фармудааст, ки “ҳар ки н-омух аз гузашти рӯзгор, низ н-омузад зи ҳеҷ омузгор”, ва он мероси бузурге, ки Рӯдакӣ ба тамоми халқҳои форсизабон ва тамоми дунё мондааст, мероси бебаҳост ва дар адабиёти форсу тоҷик устод Рӯдакӣ мисли офтоб аст”.

Ҳангоми суханрониҳо ширкаткунандагон шеъри Рӯдакии бузургро тиловат мекарданд ва ҳамин тавр нишасте, ки мебоист сирф илмӣ мешуд, ба як мушоираи ашъори зодаи бузургвор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мубаддал гашт.

XS
SM
MD
LG