Мақомот мегӯянд ин масоҷид ба сифати ибодатхона ба таври расмӣ дар қайди давлат нестанд ва ба ин далел гузоридани намоз дар чунин ҷойҳоро қонун иҷоза надодааст.
Ин дар ҳолест, ки, ба таъйиди собиқ имом-хатиби масҷиди маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе, аз соли 1928 бад-ин сӯ дар ин ибодатгоҳ мардуми гирду атроф намоз мегузориданд.
Теъдоди дақиқи масоҷиди басташуда, ки ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ дар идороти марбутаи шаҳрдорӣ сабтином шудаанд дақиқ нест. Вале танҳо дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт шумори онҳо 147 адад ҳастанд. Ахиран дар пайи бозрасии як кумисиюни вижа аз аснод ва фаъъолияти онҳо бештарашон баста шудаанд. Аз ҷумла дар ҳоли ҳозир чунин масоҷид, ки дар онҳо аз 50 то 300-350 кас метавонист ба ибодат машғул шавад, ба иллати надоштани санади расмӣ ғайриқонунӣ эълон шудааст.
Масъулони ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ироъаи ҳар навъи ҷузъиёт дар ин замина худдорӣ варзиданд. Вале Мирзо Бобокалонов, мутахассиси идораи дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикитон, ки хеле кӯтоҳ бо радиои Озодӣ суҳбат кард, таъйид кард, бархе аз масъулони чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ ба онҳо барои ҳалли қазия муроҷиъат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, роҳе, ки қонун барои намозгузорон пешбинӣ кардааст, сабти аснод дар идороти зидахл аст.
Зимнан, дар асоси як дастури шаҳрдории Душанбе, таййи ду соли ахир фаъъолияти масоҷиди пойтахт мавриди омӯзиш қарор гирифта ва он масоҷиде, ки иҷозаи расмии фаъъолиятро надоранд, баста хоҳад шуд – онгуна, ки дар солҳои пеш низ баста шудани масоҷид дар шаҳри Душанбе аз сӯи мақомот сурат гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол, Зайниддин Ҳусейнов, собиқ имомхатиби масҷиди маҳаллаи 33-вуми шаҳри Душанбе, ишора намуд, масҷиди онҳо ҳанӯз аз соли 1928 замоне, ки комунистҳо сари қудрат буданд, фаъолият мекунад. Вале дар ду соли пеш бо қарори шаҳрдорӣ амали он мутавақиф гардид. Баъди муроҷиъатҳои мукаррар ва суханронии худи ӯ, баъди дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев дар як ҷаласа масҷид дубора фаъъол шуд, аммо, инак, боз бори дуввум аст, ки ба дари масҷид муҳр мезананд.
Оқои Ҳусейнов афзуд, ки бинои масҷиди мазкур ҳамасола бо усули ҳашар тармим ва навсозӣ мешавад ва онҳое, ки дар он ба ибодат машғуланд, аслан солмандон ва бознишастаҳо ҳастанд, ки имкони рафтан ба масоҷиди дуртарро надоранд. Шикоятҳои батакрори ӯ боъис шуд, ки бо «мусоъидат»-и масъулини ҳукумати ноҳия ӯ аз вазифаи имом-хатибӣ сабукдӯш шуд.
Баътдар додгоҳ З. Ҳусейнов ва чанд нафари дигар аз масъулони масоҷид ва ё ҷойҳои ҷамъиятии дигарро барои нақзи қонун, яъне гузоридани намоз дар ҷойҳои ба истилоҳ ҷамъиятӣ, гунаҳкор дониста, ҳар кадомро аз 50 то 150 сомонӣ ҷарима кардааст.
Бархе аз коршиносон баста шудани масоҷид дар қаламрави шаҳри Душанберо як навъи нақзи қонун ва озодиҳои мазҳабӣ арзёбӣ мекунанд. Саидаҳмади Қаландар, масъули маркази таҳлилии «Сипеҳр», иқдоми масъулини шаҳри Душанберо навъе фишор рӯи масоҷид унвон карда, гуфт, ки дар шароити пешомада хуб мебуд давлат чунин ҷойҳои ҷамъиятиро ба унвони масҷид эътироф мекард.
Дар ҳамин ҳол масъулони бархе аз ин ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе, ки амалан ба сифати масҷид истифода мешаванд, аз мақомоти кишвар тақозо доранд, то бори дигар ба қазияи онҳо расидагӣ сурат бигирад. Зеро, мегӯянд онҳо, кумисиюни таъсисдодаи шаҳрдорӣ на ҳама вақт ба таври мунсифона ва холисона рафтор кардааст. Ба гунаи мисол зикр мешавад, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ки яке аз ҷойҳои пурҷамъияти пойтахт аст, барои дарёфти иҷозаи сохтмони ҳатто як масҷиди панҷвақта муваффақ нашудаанд.