Ҳарчанд фурудгоҳи Қӯрғонтеппа мақоми байнулмилалии дараҷаи 4-умро дорост, тайи солҳои мадид таъмиру таҷдид нашуда ва низ ҳатто як ҳавопаймо ҳам надоштааст. Қаблан аз тариқи фурӯдгоҳи мазкур ба самтҳои Хуҷанду Алмаато парвозҳо анҷом мешуданд, аммо азбаски мақомоти додситонӣ ва коршиносон амнияти парвозҳо аз тариқи ин фурудгоҳро зери суол бурдаанд, мизоҷон аз кори ин муассисаи байнулмилалӣ истифода намекунанд.
Вале Файзалӣ Тураев, сардори хадамоти бехатарии фурӯдгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ояндаи наздик фурӯдгоҳи мазкур дорои ҳавопаймои муосири Боинг-737-200 хоҳад шуд, ки метавонад хидмати 120 мусофирро дар як вақт анҷом бидиҳад. Ҳамчунин, ба қавли оқои Тураев, чунин тавофуқ ҳосил шудааст, ки нахустин парвози Боинг аз Қӯрғонтеппа ба Маскав парвоз мекунад.
Ба ҳамин минвол, гуфта мешавад, фурӯдгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа пас аз чандин моҳи бефаъолиятӣ сар аз 1-уми феврал дубора ба кор андохта мешавад. Ҳамзамон дар моҳи март хатсайри Қӯрғонтеппа-Хуҷанд ва дар соли ҷорӣ ба чаҳор самти дигари Русия низ хатсайрҳои мутақобила ифтитоҳ хоҳанд ёфт.
Файзалӣ Тураев, сардори хадамоти бехатарии фурӯдгоҳи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, раҳбарияти тозатаъини муассиса тасмим гирифтааст, ҷиҳати рафъи мушкилаҳое, ки парвозҳоро хатарзо кардаанд, бо ҷалби гурӯҳи мутахассисин аз хориҷи кишвар тарҳи таҷдиди фурудгоҳро таҳия созад:
«Кори фурӯдгоҳ аз камбудиҳо орӣ нест. Ин ки майдони фурӯдгоҳ ба истилоҳи мушоҳидон ба «чарогоҳ» табдил ёфтааст, шояд беасос нест. Ба ҳама маълум, ки вақте 2300-2400 метр майдон ҳаст ҳамааш панҷарапеч кардан мушки ласт, аммо мо дар ин робита кор карда истодаем ва бояд ин мушкилот то охири сол ҳал карда шаванд. Ҳамчунин ояндаи наздик мо реконструксияи фурӯдгоҳро шурӯъ хоҳем кард. Ният ҳаст, ки майдони парвоз 600 метр ба самти рӯди Вахш фарох карда шавад ва мо баъдан метавонем дилхоҳ парвозро ба дилхоҳ самти ҷаҳон бидуни мушкил ва тарс аз хатар анҷом диҳем».
Фурӯдгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа сар аз соли таъсисаш, яъне аз соли 1968-ум таъмиру таҷдид нашудааст, дар ҳоле ки бар асоси қоида, мебояд ҳар панҷ сол мавриди бозсозӣ ё ҳадди ақал таъмиру тармим қарор бигирад. Тарҳи нави бозсозии фурӯдгоҳи мазкур ҳанӯз мушаххас нест бар ивази чӣ миқдор маблағ метавонад иҷро шавад, аммо дақиқ будааст, ки чандин миллион доллар бояд масраф шавад.