Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки дар баробари вакилони мардумӣ сӯҳбат мекард, ин тарҳи қонунро мукаммал ва ба замона созгор донист. Вай гуфт, қонуни нав ҳузур ва фаъолияти созмонҳои диниро назорат карда ва вуруди адабиёти мазҳабӣ аз хориҷ ба Тоҷикистонро ба низом медарорад.
Ҳанафия-мазҳаби расмӣ?
Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳамчунин гуфт, дар дебочаи ин қонун ба мазҳаби Ҳанафия - мазҳаби Имоми Аъзам таъкиди хос шудааст.
Аммо Сайидбек Маҳмадуллоев, як масъули раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг, мегӯяд, ин маънии расмӣ шудани мазҳаби ҳанафӣ дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистонро надорад. Вай мегӯяд, танҳо дар ин қонуни нав мақомот ба мазҳаби ҳанафӣ, ки бештар аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, таваҷҷӯҳи бештар қоил шудааст: “Ин маънои онро надорад, ки мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби ҳукмрон бошад. Мо танҳо воқеъияти таърихиро дар ин ҷо таъсдиқ кардем. Ва боз воқеъияти дигар ҳам ҳаст. Кулли масҷидҳои ҷомеъву панҷвақта ва муассисоти таълимие, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд, дар низомномаву оинномаи худ навиштаанд, ки эътиқоди динии онҳо мазҳаби ҳанафӣ аст. Ҳамин воқеъиятро ба назар гирифта, ҳамин гуна як шакли эъломия қабул карда шуд”.
“Фарохонӣ ба дин мамнӯъст”
Ҳамин гуна, тарҳи қонуни дине, ки дар парлумон тасвиб гардид, бо навгониҳое аз қонуни феълӣ тафовут дорад. Қонуни феълӣ, ки соли 1990 қабул шуда ва то кунун шаш бор тағйиру иловаҳо дидааст, ба қавли коршиносон, имконот ва шароити мусоидеро барои фаъолияти диндорон, чи мусулмонон ва чи ғайриисломиҳо, фароҳам оварда буд. Аммо ин қонуни нав, ба гуфтаи онҳо, даричаи имконотро барои диндорон бастааст.
Ҷумъабой Сангинов, вакили мардумӣ дар парлумон, гуфт, қонуни нав фарохонӣ ба адёни мухталифро иҷозат намедиҳад. Ба гуфтаи вай, танҳо дар ҳаждаҳ соли мустақилияти Тоҷикистон, ки бо мушкилоти бештари иҷтимоӣ дастбагиребон буд, ҳудудан 3 ҳазор сокини он ба адёни ғайр гаравидаанд.
“Бе литсензия таълим намедиҳанд”
Ҳамчунин, ин қонуни нав ба гуфтаи муаллифонаш, таълимоти диниро ба низом меорад. Сайидбек Маҳмадуллоев, як масъули раёсати дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, акнун танҳо масоҷиди ҷомеъи марказӣ метавонанд ба хотири таълими усули дин гурӯҳҳо ташкил кунанд.
Вале ба гуфтаи ӯ, онҳо фақат дар сурати дарёфти муҷаввиз аз сӯйи вазорати фарҳанг имкони таълими диниро ба даст хоҳанд овард: “Аммо шароити таълими динӣ бо шароите, ки қонуни вазорати маориф пешбинӣ кардааст, мувофиқ бошад. Яъне, на дар болои қолин, балки дар болои мизу курсӣ дарс хонанд...”
Сайидбек Маҳмадуллоев мегӯяд, акнун дар ҳар як ноҳия ва шаҳри Тоҷикистон як масҷиди ҷомеъи марказӣ аз сӯйи масҷидҳои ҷомеъ таъсис хоҳанд шуд, ки унвони ташкилоти диниро хоҳанд дошт. Вай масҷиди ҷомеъи марказӣ ва маркази диниро як шакли махсуси иттиҳодияҳои динӣ медонад, ки муассисони он на шаҳрвандони ҷудогона, балки ташкилоти диниянд.
“Қонуне, ки дармон намешавад”
Дар баррасиҳои қаблии ин тарҳи қонун маҳдудият ва саддгузориҳо дар фаъолияти созмонҳои динӣ дар Тоҷикистонро коршиносон пешбинӣ ва онро ба нафъи диндорон намедонистанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази “Диалог”, марбут ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳам ки то кунун сарнавиштитарҳи он дар парлумон норӯшан аст, мегӯяд, ин қонун ба тани озурдаи муносибати давлат бо диндорон дармон намешавад. Вай қабули қонуни навро, ки бидуни ширкати намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дар парлумон сурат гирифт, мушкиле медонад, ки болои мушкил замм шудааст.
Намояндагони Ҳизби наҳзат дар Маҷлиси намояндагон нахустин шуда, як сол пеш тарҳи қонуни динро ба парлумон ироа карда буданд. Аммо вакилони мардумӣ аз баррасии он дар Маҷлиси намояндагон худдорӣ кардаанд.
Ҳанафия-мазҳаби расмӣ?
Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳамчунин гуфт, дар дебочаи ин қонун ба мазҳаби Ҳанафия - мазҳаби Имоми Аъзам таъкиди хос шудааст.
Аммо Сайидбек Маҳмадуллоев, як масъули раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг, мегӯяд, ин маънии расмӣ шудани мазҳаби ҳанафӣ дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистонро надорад. Вай мегӯяд, танҳо дар ин қонуни нав мақомот ба мазҳаби ҳанафӣ, ки бештар аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, таваҷҷӯҳи бештар қоил шудааст: “Ин маънои онро надорад, ки мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби ҳукмрон бошад. Мо танҳо воқеъияти таърихиро дар ин ҷо таъсдиқ кардем. Ва боз воқеъияти дигар ҳам ҳаст. Кулли масҷидҳои ҷомеъву панҷвақта ва муассисоти таълимие, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд, дар низомномаву оинномаи худ навиштаанд, ки эътиқоди динии онҳо мазҳаби ҳанафӣ аст. Ҳамин воқеъиятро ба назар гирифта, ҳамин гуна як шакли эъломия қабул карда шуд”.
“Фарохонӣ ба дин мамнӯъст”
Ҳамин гуна, тарҳи қонуни дине, ки дар парлумон тасвиб гардид, бо навгониҳое аз қонуни феълӣ тафовут дорад. Қонуни феълӣ, ки соли 1990 қабул шуда ва то кунун шаш бор тағйиру иловаҳо дидааст, ба қавли коршиносон, имконот ва шароити мусоидеро барои фаъолияти диндорон, чи мусулмонон ва чи ғайриисломиҳо, фароҳам оварда буд. Аммо ин қонуни нав, ба гуфтаи онҳо, даричаи имконотро барои диндорон бастааст.
Ҷумъабой Сангинов, вакили мардумӣ дар парлумон, гуфт, қонуни нав фарохонӣ ба адёни мухталифро иҷозат намедиҳад. Ба гуфтаи вай, танҳо дар ҳаждаҳ соли мустақилияти Тоҷикистон, ки бо мушкилоти бештари иҷтимоӣ дастбагиребон буд, ҳудудан 3 ҳазор сокини он ба адёни ғайр гаравидаанд.
“Бе литсензия таълим намедиҳанд”
Ҳамчунин, ин қонуни нав ба гуфтаи муаллифонаш, таълимоти диниро ба низом меорад. Сайидбек Маҳмадуллоев, як масъули раёсати
"Дар 18 соли истиқлоли Тоҷикистон тақрибан 3 ҳазор сокини кишвар ба динҳои дигар гаравидаанд"
Вале ба гуфтаи ӯ, онҳо фақат дар сурати дарёфти муҷаввиз аз сӯйи вазорати фарҳанг имкони таълими диниро ба даст хоҳанд овард: “Аммо шароити таълими динӣ бо шароите, ки қонуни вазорати маориф пешбинӣ кардааст, мувофиқ бошад. Яъне, на дар болои қолин, балки дар болои мизу курсӣ дарс хонанд...”
Сайидбек Маҳмадуллоев мегӯяд, акнун дар ҳар як ноҳия ва шаҳри Тоҷикистон як масҷиди ҷомеъи марказӣ аз сӯйи масҷидҳои ҷомеъ таъсис хоҳанд шуд, ки унвони ташкилоти диниро хоҳанд дошт. Вай масҷиди ҷомеъи марказӣ ва маркази диниро як шакли махсуси иттиҳодияҳои динӣ медонад, ки муассисони он на шаҳрвандони ҷудогона, балки ташкилоти диниянд.
“Қонуне, ки дармон намешавад”
Дар баррасиҳои қаблии ин тарҳи қонун маҳдудият ва саддгузориҳо дар фаъолияти созмонҳои динӣ дар Тоҷикистонро коршиносон пешбинӣ ва онро ба нафъи диндорон намедонистанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази “Диалог”, марбут ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳам ки то кунун сарнавишти
Қонуни нави дин бе иштироки ҳар ду намояндаи ҲНИТ гузашт.