Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави дин имзо шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қонуни нав дар бораи дин ва созмонҳои динӣ ба баҳси рӯҳониён ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар ду соли ахир нуқта гузошт.

Имзои ин санад дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯз пештар Кумисюни амрикоии озодии эътиқод бо нигаронӣ аз президент Раҳмон тақозо карда буд, то зери он имзо нагузорад. Ба қавли ин Кумисюни амрикоӣ, бархе аз банду моддаҳои қонуни мазкур бо меъёрҳои байнулмилалӣ муғойират дорад, ки давлати Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст.

Аммо масъулони бахши дин дар Вазорати фарҳанг мегӯянд, ин қонун на танҳо фаъолиятҳои диниро дар кишвар маҳдуд намекунад, балки озодии бештареро ҳам қоил шудааст. Идибек Зиёев, масъули бахши дин дар Вазорати фарҳанг, гуфт, созмонҳои диние, ки дар Тоҷикистон сабтином шудаанд, ҳаққи фаъолияти озодонаи худро аз даст намедиҳанд ва қонуни нав низ монеъи фаъолиятҳои динии онҳо нахоҳад шуд.

Бар хилофи ин ҳама хушбиниҳои ҷаноби Зиёев, нозирони ҳуқуқи башар мегӯянд, ин қонун озодиҳои динии ақаллиятҳои мазҳабиро ҳам башиддат маҳдуд мекунад ва барои таблиғоти мазҳабӣ ё гаравиши афрод ба адёни мухталиф монеъ мешавад.

Ба қавли Игор Самиев, раҳбари Иттиҳоди насрониҳои инҷилгаро дар Душанбе, маҳдудиятҳои сангине барои сабтиноми созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ дар ин санад дар оянда мояи ташвишҳо хоҳад шуд. Аз ҷумла, барои сабти номи як гурӯҳи мазҳабӣ аз муассисон тақозо мешавад гувоҳинома биёранд, ки онҳо ҳадди ақалл панҷ сол дар ин маҳалл ба сар бурдаанд ва пайрави ҳамон мазҳаб ҳастанд. Ба таъкиди Игор Самиев, ҷараёнҳои тозаи мазҳабие, ки дар Тоҷикистон зуҳур мекунанд ва ё мехоҳанд намояндагии худро боз кунанд, имкони сабтином шуданро ба осонӣ пайдо нахоҳанд кард.

Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии “Диалог”, марбут ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин тарҳи қонунро барои пайравони дини Ислом, ки бештар аз навад дарсади сокинони кишваранд, холӣ аз манфиат медонад. Вай иддаои мақомоти Вазорати фарҳангро, ки ба ҳангоми қабули ин тарҳи қонун гуфта буданд, ки аз тарҳи қонуни дини Ҳизби наҳзати исломӣ низ истифода кардаанд, рад кард. Ҷаноби Сайфуллозода гуфт, ҳеҷ як аз банду моддае аз тарҳи қонуни дин, ки аз сӯйи вакилони мардумӣ дар парлумон: Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода пешниҳод шудааст, дар ин қонуни нав истифода нашудааст.

Тарҳи қонуни дин аз сӯйи вакилони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз як сол пеш ба унвони тарҳи нахустини қонуни дин ба парлумон ироа шуда буд. Аммо ба далели мухолифати давлат бо баъзе аз бандҳои муҳими он вакилони мардумӣ аз баҳсу баррасии он худдорӣ карда буданд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода ҳизбаш барои сабтиноми масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ дар Тоҷикистон имтиёзотеро қоил буданд. Вай мегӯяд, агар қонуни нави ҳукумат барои сабтиноми як масҷиди панҷвақта аз сад то ҳазор имзоро тақозо кунад, онҳо сабтиноми масҷидро ба хоҳиши аҳли маҳалла вогузоштаанд, ки танҳо дар сурати хостан ва зарур буданаш масҷид ташкил шавад.

Мунаққидони қонуни нав дар бораи дин ва созмонҳои динӣ ҳам мегӯянд, ин қонун натанҳо садде барои сабтиноми масоҷид эҷод мекунад, балки намозгузорӣ дар зиндону коргоҳҳоро низ ғайримумкин мегардонад. Ба гуфтаи онҳо, бар асоси қонуни ҷадид, ибодат танҳо дар масоҷиди расман сабтиномшуда ва манзилу қабристон мумкин аст, ки як чунин муқаррарот мухолиф бо аҳкоми шариат аст.

Аммо санади танзими муносиботи давлат ва дин дар ҳоле ба имзо расид, ки баҳси миёни ҳукумати Тоҷикистон ва канисаи яҳудиён ҳалли мусбати худро пайдо кардааст.

Тобистони соли гузашта ба далели сохтмони Қасри Миллат ибодатгоҳи яҳудиён тахриб ва аз ҳошияи шаҳр барои бунёди канисаи нав замин ҷудо карда шуд. Аммо раҳбарони каниса талаб карданд, ки шаҳрдорӣ ба онҳо аз маркази пойтахт замин ҷудо кунад. Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиҳои Тоҷикистон, гуфт, ин мушкил бо дахолати Ҳасани Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ҳал гардид. Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, тахсиси манзил барои канисаи яҳудиҳо бар имиҷи байнулмилалии Тоҷикистон низ беасар нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG