Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳии соҳибкорони "Зарнисор" аз раисҷумҳур


Қазияи бозори Зарнисор, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе то дастгоҳи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон кашид. Ҳудуди 15 тан аз ҷумлаи раҳбарият ва тоҷирони ин бозор ҷиҳати додхоҳӣ ва изҳори норизоиятӣ аз ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба дастгоҳи раёсатиҷумҳур омаданд.

Қаблан, Додгоҳи иқтисодии Душанбе ҳукм карда буд, ки фаъолияти бозори Зарнисор ғайриқонунист ва он бояд баста шавад. Аммо раҳбарият ва тоҷирони ин бозор мегӯянд, тамоми асноди бозор дар мақомоти давлатӣ ва қабл аз ҳама шаҳрдории Душанбе аз қайд гузашта, ҳатто дар Нақшаи генералии шаҳр низ он ҷой дода шудааст.

Дар баҳси имрӯз дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ муовини шаҳрдории Душанбе, раиси ноҳияи Сино, намояндагони додситонӣ ва додгоҳи иқтисодии пойтахт ширкат доштанд. Баррасии шикояти тоҷирон аз соати 10 то 12.30 идома дошт. Аммо бидуни натиҷа барои тоҷирон анҷом ёфт.

Масъулин аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ карданд. Танҳо яке аз онҳо бидуни зикри номаш гуфт, ки шикояти тоҷирон бояд тибқи қонун дар Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Бозори Зарнисор, ки аз соли 1995 ба ин сӯ яке аз маҳалҳои сераҳолитарини Тоҷикистонро таъмин мекунад, ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бар асоси даъвои додситонии пойтахт бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шуда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе эълом дошта буд, ки тамоми асноди бозор ғайриқонунӣ будаанд. Тибқи ҳукми додгоҳ, ин бозор соли 1995 ба муддати 5 сол дар ихтиёри Раёсати Бунёди навсозии Туркманистон дар Тоҷикистон гузошта шуда буд, аммо як сол пас он ғайриқонунӣ хусусӣ карда шудааст ва ҳамин тавр соли 2002 раҳбарияти бозор шаҳодатномаи истифодаи бемӯҳлати заминро аз Кумитаи замини ҷумҳурӣ низ бо нақзи қонун гирифтааст. Ҳамчунин, додгоҳ мегӯяд, бинои маркази тиҷоратӣ дар ҳудуди бозор ғайриқонунӣ сохта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарият ва тоҷирони бозори Зарнисор тақозои бозбинии ҳукми Додгоҳи иқтисодиро карданд, аммо додгоҳ ҳукмашро бетағйир гузошт. Аз ин хотир, раҳбарият ва тоҷирони бозори Зарнисор рӯ ба Дастгоҳи раёсатиҷумҳур ниҳоданд.

Ҳабиба Талбакова, яке аз тоҷирони ин бозор мегӯяд, ҳукми додгоҳро бо чанд пурсиш таҳти суол мегузорад: аввалан, чаро асноди дар шаҳрдориву мақомоти зидахл сабтином шударо имрӯз худи онҳо ғайриқонунӣ мехонанд ва дигар ҳам ин ки чаро баста шудани бозор баъд аз 13 соли фаъолияташ сурат гирифт? Дар сӯҳбат бо мо тоҷирони бозори Зарнисор гуфтанд, ки ба мусбат ҳал шудани қазия шак доранд, зеро онҳо наметавонанд амали додгоҳ ва масъулинро дарк кунанд. Онҳо мегӯянд, аз рӯи мантиқи масъулин гунаҳкори аслии қазия бояд онҳое бошанд, ки дар таҳияи, ба истилоҳ асноди ғайриқонунии бозор даст доранд. Аммо ҳоло чунин хулоса мешавад, ки аз ин иштибоҳи эшон бояд онҳо – тоҷирон зарар бинанд. Ба қавли онҳо, барои сохтмони бозор миллионҳо доллари моликаш харҷ шуда ва аксари онҳо низ тиҷорати худро бо пули қарз ба роҳ монда буданд.

Бозори Зарнисори шаҳри Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00
XS
SM
MD
LG