“Азия-плюс” дар як матлаби кӯтоҳ изҳороти Ислом Каримов, раисҷумҳурии Узбакистон, дар бораи он ки онҳоро на танҳо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиё, балки Иттиҳоди Аврупо дар шахси Пйер Морел низ пуштибонӣ мекунанд, таҳти шубҳа қарор додааст.
Муаллифи ин матлаб Марат Мамадшоев, ки мегӯяд, ҳафтаи гузашта бо як сафари корӣ дар Бруссел буд, бо ҳамроҳонаш бо Пйер Морел, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон, дидору гуфтугӯ доштааст. Вай менависад, Пйер Морел дар сӯҳбаташ ба онҳо ҷиддан мухолифи сохтмони нерӯгоҳҳои азим дар минтақа буданашро баён накардааст. Аммо гуфтааст, Тоҷикистон бояд дар сохтмони ин гуна нерӯгоҳҳои бузург, ки мероси Шӯравиянд, эҳтиёт кунад.
Марат Мамадашоев бо такя ба гуфтаҳои Пйер Морел менависад, Иттиҳоди Аврупо ба ҳич ваҷҳ хостори дахолат ба мушкили оби миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нест. Ин ҷо “Азия-плюс” суоле гузоштааст, ки пас, моро кӣ гӯл мезанад: дипломати аврупоӣ ё раисҷумҳурии Узбакистон? Дар посух нашрия гуфтааст, Аврупое, ки ба гази се кишвари Осиёи Марказӣ “чашм” дӯхтааст ва Тоҷикистон аз ин қатор истисност, метавонад аз бисёр чизҳое, ки дар минтақа мегузаранд, чашм пӯшад.
Агар “Озодагон” низ бо нашри акси Раҳмон, Каримов ва Назарбоев, ки ба се тараф нигоҳ мекунанд, қабул нашудани пешниҳоди раҳбари Узбакистонро навъе аз “шикаcт”-и ӯ медонад, “Нигоҳ” ин баҳсро “армуғон”-и дуввуми Раҳмон номидааст. Раҷаби Мирзо, муаллифи ин матлаб, менависад, ки соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон барои дуввумин бор “армуғон” кард ва дигарбора вирди забонҳо шуд. “Нигоҳ” менависад, “Раҳмон ҳоло хеле баҷуръат шудааст. Иқрор бояд шуд, хеле ошкоркору ошкоргӯ ҳам. Мегӯянд, ки дар мамлакат нафари ӯро ивазкунанда нест”.
Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон ин “армуғон”-и Раҳмонро давои дарди ночорӣ медонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле ки кишвараш ба бастаи мушкилот рӯбарӯст ва сокинонаш дар ҳабдаҳ соли ҳукуматдории ӯ ҳанӯз ҳам аз камбуди барқу газ сӯҳбат мекунанд, бо чунин баёниҳо даричаи уммедро ба сӯйи оянда боз мемонад.
Ва “Тоҷикистон” даъвои батакрори Ислом Каримов дар масъалаи оби минтақа ва сохтмони нерӯгоҳҳои бузургро “шантаж” унвон кардааст. Нашрия менависад, ҳадафи Каримов аз ин баҳсҳои обӣ таъсир гузоштан ба мавзӯъи сармоягузорӣ ба бунёди нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон аст. Зеро, ба навиштаи “Тоҷикистон”, шӯру валвалаи Тошканд созмонҳои сармоягузорро басо эҳтиёткор кардааст ва Каримов ҳар бор моҳирона аз ин қарта барои худу кишвараш истифода мекунад. Аммо нашрия мегӯяд, “сари кор гирифтан аз усулҳои фишори иқтисодӣ, шаккокиҳои бепоя ва бечоранолиҳои хушунатбарангез роҳи ҳалли моҷарои об набуду нест”.
Тоҷикистон ва “афсонаҳо”-и озодии баён
Мавзӯъи дигаре, ки баҳси он дар саҳфаи нашрияҳо бозтоби худро пайдо кардааст, озодии баён ва ҳақиқату афсонаҳояш аст. Саймуддин Дӯстов, раҳбари созмони “ИНДЕМ”, ки муассиси ҳафтаномаи сиёсии “Нигоҳ” мебошад, дар сӯҳбате бо “Фараж” аз маҳдудияти фаъолияти журналистон дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Вай гуфтааст, озодии баён аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва нигоҳи иқтисодӣ таъмин нест. Ҷаноби Дӯстов ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз рӯйи баҳогузории панҷ балла чор балл дода, ҳамчунин гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳоло расонаи электронии озод надорад.
Дар як назарпурсии “Озодагон” бошад, бештари назардиҳандагон гуфтаанд, ҳоло озодии комили матбуотро эҳсос намекунанд. Мухтор Боқизода, раиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, гуфтааст, розӣ шуда наметавонад, ки озодии матбуот дар Тоҷикистон таъмин бошад. Вай вазъи озодии баён дар соли ҷориро дар муқоиса ба солҳои қаблӣ заъиф арзёбӣ кардааст.
Мираҳмади Амиршо, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Одаму Олам”, ки ҳоло нашр намешавад, ба суоли “Нигоҳ” дар бораи ин ки оё озодии матбуот дуруст истифода мешавад, гуфтааст, панҷ сол инҷониб дар ин андеша аст, вале посух намеёбад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, вақте ба муҳит менигаред, дар мо озодии комил ҳаст. Яъне мақомот ягон нашрияро расман манъ накардаанд, қонунҳо имконияти озодии баёнро медиҳанд, ягон мансабдор расман монеъи озодии сухан нест. Аммо воқеъият чизи дигар аст…
Тоҷикистон ва мухолифонаш
“Фараж” ҳамчунин сӯҳбатеро бо Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон – “Чароғи рӯз” нашр кардааст. Ҷаноби Атовулло хабари маргашро, ки қаблан дар бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон чоп шуда, сару садоҳоеро дар миён гузошта буд, кори дасти душманони худ донистааст. Вай ба суоли нашрия, ки чаро тайи панҷ моҳи ахир хомӯш буд ва чизе наменавишт, гуфтааст, чанд муддат дар Аврупо қарор дошт ва тибқи як қарордод бо як нашриёти аврупоӣ ба навиштани китобе машғул буд. Китобе, ки ба гуфтаи Атовулло аз номи як хонум қисса ва ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва русӣ чоп хоҳад шуд.
“Фараж” ҳамчунин матлабе аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистонро нашр кардааст. Ҷаноби Искандаров дар ин матлаби худ, ки “Роҳи ворастагии Тоҷикистон аз бӯҳрон вуҷуд дорад” аст, аз матбуоти озод пуштибонӣ карда ва онро душмани аслии фасоду харҷи беҳуда дар идораҳои давлатӣ донистааст.