Садои Қуръон имрӯз аз синфхонаи на мадрасаи исломӣ, балки муассисаи таълимие меояд, ки дунявиву динӣ унвон дорад ва ба иддаои масъулинаш, ба зоти худ нахустин нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ аст.
Ҳикоят Сафарова, донишҷӯи ин муассисаи ба номи асосгузори мазҳаби ҳанафия Абӯҳанифа, ки як пораи Қуръони каримро ба забони инглисӣ қироат мекунад, мегӯяд, тадриси улуми исломиву дунявӣ ба усули модерн далели аслии интихоби ин муассиса аз сӯи ӯ будааст.
Муассисаи хусусии таълимии диниву дунявӣ ба номи Абӯҳанифа аз сӯи ашхоси алоҳида ва бо сармоягузории ҳукумати Швейтсария ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта ба фаъолият оғоз кардааст. Саид Аҳмадов, аз раҳбарони ин муассиса мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳудуди 20 мадрасаи мазҳабӣ вуҷуд дорад, аммо ин нахустин таҷруба аст, ки дар як донишгоҳ 70 дарсад улуми исломӣ дар паҳлуи улуми дунявӣ тадрис мешаванд. Вай афзуд, таҳсил дар ин донишгоҳ аз таҳсил дар мадрасаҳои исломӣ фарқ дорад.
Оқои Аҳмадов афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 донишҷӯи духтару писар таҳсил мекунанд. Вай афзуд, ба донишҷӯён аз тафсир ва таҷвиди Қуръон, фиқҳи ҳанафӣ, ибодот, ақидаи исломӣ, забон, адабиёт ва таърихи Тоҷикистон, забонҳои арабӣ, русӣ ва инглисӣ, равоншиносӣ, фанноварии роёна ва илми тиб таълим дода мешавад. Оқои Аҳмадов афзуд, бо он вуҷуд ки ин донишгоҳ дар Тоҷикистон ва минтақа ягона аст, аммо барои миллати тоҷик падидаи нав нест ва қаблан дар Низомияву мактабҳои маорифпарварони ибтидои асри 20 таҷриба шудааст.
Масъулин мегӯянд, ин муассисаи хусусӣ дар доираи тарҳи "Муколама байни дунёгароён ва мазҳабиён" дар Тоҷикистон, ки аз сӯи ҳукумати Швейтсария сармоягузорӣ мешавад, ба роҳ монда шудааст. Барномаи таълимии донишкадаро устодону коршиносонаш таҳия карда, аз баррасии Вазорати маориф гузашта ва дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Қабули донишҷӯён низ бидуни монеа ва озод будааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, таъсиси чунин як донишгоҳ бар сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз афзойиши рӯҳияҳои тандгароӣ ва таҳти назорат доштани равандҳои тавсиаи нуфузи нерӯҳои рӯ ба ислом рост меояд.Ғаффор Мирзоев, коршинос дар умури дин мегӯяд, наздик кардани дунявият ва дин дар Тоҷикистону Осиёи Марказӣ масъалаи мубрам аст ва аз эҳтимол дур нест, ки дар дигар кишварҳои минтақа ҳам чунин донишгоҳҳо пайдо мешаванд. Вай афзуд, дар ҷомиаҳои Осиёи Марказӣ дунявият як ҷаҳонбинии мухолиф ба дин қабул мешавад, ҳарчанд ки ин гуна нест. Оқои Мирзоев афзуд, аз ин хотир рӯйи кор омадани донишгоҳи дунявию динӣ то кадом андоза ҳадафмандона аст, таҳлил мехоҳад.
Коршиносон мегӯянд, бо он вуҷуд ки созиши дунявият ва дин дар ҷомиае мисли Тоҷикистон мушкил аст, аммо рӯйи кор омадани ҳамчунин як донишгоҳ худ бозгӯи талоши дигаре барои наздиктар сохтани ин ду ҷаҳонбинист.