Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии соҳибкорони "Зарнисор"


Раёсат ва соҳибкорони бозори басташудаи "Зарнисор" субҳи имрӯз, 6-уми май, ба нишони эътироз дар назди ин бозор гуруснанишинӣ эълон карданд.

Онҳо иброз доштанд, ки тасмим доранд, дар рӯзҳои наздик аз мақомоти шаҳри Душанбе барои баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат бигиранд.

Яке аз раисони ин бозор Ботурхон Талбаков дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ сабаби эълони гуруснанишинии раёсат ва тоҷирони бозорро тасмими мақомот барои аз байн бурдани бинои асосии ин бозор номид. Вай гуфт, «субҳи имрӯз кормандони пулиси шаҳр омада, тоҷиронро аз бинои марказии бозор берун ронданд ва эълон карданд, ки бино аз байн бурда хоҳад шуд».

Бозори Зарнисор ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бар асоси даъвои додситонии пойтахт бо қарори додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шуд. Баста шудани бозори «Зарнисор» боиси эътирози тоҷирону масъулони ин бозор ва нигаронии мудофеъони ҳуқуқи башар ва бархе аз ҳизбу созмонҳои Тоҷикистон гардид.
XS
SM
MD
LG