Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одобномаи журналисти Тоҷикистон таҳия мешавад


Маҳофили журналистии Тоҷикистон бо мусоидати САҲА саргарми таҳияи Кодекс ва ё одобномаи журналисти Тоҷикистон мебошанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, назарпурсии ахир дар миёни журналистони анҷомшуда баёнгари он аст, ки ҳафтод дарсади онҳо аз қабули Кодекс ё одобномаи журналист пуштибонӣ мекунанд. Оғои Қаршибоев мегӯяд, таҷрибаи солҳои ахир, бархурди журналистон ва расонаҳо миёни ҳам, иштибоҳоте, ки дар саҳифаҳои матбуот рух дода ва бисёр вақт боиси даъво шудааст, зарурати қабули Кодекси ахлоқии журналистонро ба миён овардааст. Оғои Қаршибоев афзуд, риояи меъёрҳои ахлоқӣ хоси матбуоти масъулиятшинос аст. Ва журналистони Тоҷикистон албатта бояд як дастурамале дошта бошанд. Ва ҳамзамон ин Кодекс ҳеҷ гуна меъёри маҳдудкунӣ надорад.

Гурӯҳи кории таҳияи Кодекси ахлоқи журналисти Тоҷикистон иборат аз намояндагони расонаҳо, созмонҳои журналистӣ ва устодони донишгоҳ, саргарми омӯзиши одобнома ё кодексҳои ахлоқии журналистони кишварҳои дигар ва ҳамзамон таҳияи кодекси ахлоқи журналисти Тоҷикистон мебошанд. Ва қарор аст, то ду ҳафаи дигар пешнависи ниҳоии ин тарҳ омода шавад.

Дар таҳияи ин Кодекс таҷриба аз кодексҳои ахлоқии кишварҳое назири Олмон, Фаронса, Русия, Булғористон, Арманистон, Қирғизистон ва одобномаи телевизиёни «Алҷазира» истифода мешавад. Ҳамчунин коршиносони Академияи расонҳои Дойчевелии Олмон дар таҳияи ин санад мустақиман ширкат доранд.

Флориан Вайгент, менеҷер ё корсози барномаи кӯмак ба эҷоди кодекси ахлоқи журналистӣ дар Тоҷикистон, мегуяд, қабули ин кодекс ба манзури дар оянда коҳиш додани таъсири ҳукумат ба матбуот муҳим аст.

Аммо ҳамзамон бояд гуфт, ки дар марвиди қабули Кодекси ахлоқии журналистон на ҳамаи хабарнигорони тоҷик ба як назаранд. Бархе аз онҳо қабули чунин Кодексеро боиси маҳдуд шудани озодиҳои журналистӣ медонанд. Қироншоҳ Шарифзода, сардабири нашрияи «Ҷомеа», мегӯяд, дар ҳоле, ки қонунгузории Тоҷикистон тибқи меъёрҳои худ озодии матбуот ва ҳуқуқу вазифаҳои хабарнигорро мушаххас кардааст, зарурате ба чунин Кодеск дар айни ҳол вуҷуд надорад. Ба андешаи ӯ, қабули ин кодекс наметавонад вазъи риоя нашудани меъёрҳои ахлоқиро ба якборагӣ дигар кунад. Хоса агар дар таҳияи он фарҳанг ва одоби тоҷикӣ асос қарор нагирифта бошад.

Аммо Бухтор Боқизода, раиси Бунёди гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон, ба ин бовар аст, ки қабули чунин Кодексе метавонад ба масъулиятшиносии хабарнигорон ва фарҳанги хабарнигории онҳо биафзояд ва инчунин марвидҳои шикоят азболои расонаҳо ба додгоҳҳоро коҳиш диҳад. Ӯ мегӯяд, фикр намекунад ин санад боиси маҳдуд кардани озодиҳо шавад.

Дар ҳар сурат, Кодекси мазкур бояд аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳия ва ба баррасии маҳофил ва созмонҳои хабарнигорӣ пешниҳод ва дар матбуот нашр шавад. Баъди муовифиқаи созмонҳои журналистӣ барои қабули он як форум ё ҳамоиши саросарии расонаҳо ва хабарнигорни Тоҷикистон даъват хоҳад шуд. Албатта агар ин тарҳ марвиди инкори ҷамъи васеи хабарнигорон қарор нагирад.
XS
SM
MD
LG