Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти бенатиҷа бо гуруснанишинон


“Ё бозори “Зарнисор”, ё ҳич ҷойи дигар!”. Ин тақозои батакрори даҳҳо тоҷири бозори “Зарнисор” буд, ки дар гуфтугӯ бо масъулони шаҳрдории Душанбе дар миён гузоштанд.

Ин гурӯҳи тоҷирон, ки аз рӯзи чоршанбе ба ин сӯ ба нишони эътироз аз тасмими мақомот барои тахриби бинои бозор даст ба гуруснанишинӣ задаанд, мегӯянд, ҳич пешниҳоди дигареро ба ивази бинои бозор нахоҳанд пазируфт: “Ба мо ҳич пешниҳод накунед. Дар нӯҳ моҳ наомадед, ки ба додамон бирасед, акнун пешниҳод мекунед?”

Ин дар ҳолест, ки намояндагони шаҳрдории Душанбе ва мақомоти ноҳияи Сино, ки ин бозор дар ҳудуди он ҷой гирифтааст, рӯзи панҷшанбе зимни мулоқот бо эътирозгарони бозори “Зарнисор” аз онҳо даъват карданд, то даст аз эътироз бардоранд ва дар бозорҳои дигари пойтахт ҷой бигиранд.

Абдуҳомид Шералиев, муовини шаҳрдори Душанбе, ки ба гуруснанишинон ҳадафи ба назди онҳо омаданашро мефаҳмонд, гуфт, онҳо метавонанд ба соҳибкороне, ки ҷойи кор ва дороии худро аз даст додаанд, кӯмак кунанд: “Мақомот ба хотири таъмини шумо бо ҷойи кор ҳоло раҳбарони бозорҳоро даъват кардааст. Ва инҳо муваззафанд, ки ба шумо ҷой барои фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ пешниҳод кунанд”.

Асомуддин Ризоев, сардори раёсати бозорҳои Душанбе, бозорҳои “Баракат” ва “Қарияи Боло”-и пойтахтро барои тиҷорати соҳибкорони бе ҷойи кормондаи “Зарнисор” мувофиқ донист. Вай гуфт, феълан онҳо имкони бо ҷой таъмин кардани ҳудудан 150 нафар дар ду бозори пойтахтро доранд.

Аммо ин пешниҳоди масъулони шаҳрдорӣ башиддат аз сӯйи соҳибкорон радд мешуд ва онҳо сари эҳсосу қаҳр намегузоштанд, ки масъулон ҳарфи худро то поён баранд. Эътирозгарон мегуфтанд, ки қаблан низ онҳоро аз бозорҳои дигари шаҳр рондаанд ва маблағҳои барои раста ва дӯконҳо сарфкардаашонро касе бозпас надод. Онҳо аз он дар ташвишанд, ки дар сурати пазируфтани ҷойи кори нав боз ҳам барои харидани раста ва дӯконҳои тиҷоратӣ аз онҳо пул талаб хоҳанд кард.

Дар ҳоле ки занони тоҷир бо масъулони шаҳрдорӣ баҳс мекарданд, як зан ба иллати фишори равонӣ аз ҳуш рафт ва боиси фиғону гиряҳои ҳамроҳони худ шуд. Бо дидани ин манзара эътирозгарон берун шудани масъулони шаҳрдорӣ аз бинои бозорро тақозо карданд ва бо ҳамин ба сӯҳбати нопухтаи худу масъулон нуқта гузоштанд.

Лайло Талбакова, муовини раҳбари бозори “Зарнисор”, ки дар қатори тоҷирони бозораш гуруснанишинӣ мекунад, мегӯяд, маъмурони милиса то омадани намояндагони шаҳрдорӣ аз онҳо башиддат хостаанд, ки аз эътироз даст кашанд ва биноро холӣ кунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бе таҳдид ва таъқиби маъмурони пулис ҳам бархе аз ин эътирозгаронро ба далели боло рафтани фишори хун ва бад шудани вазъи сиҳҳатӣ ба беморхона интиқол додаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои масъулони бозори “Зарнисор” то кунун ҳич як аз намояндагони созмонҳои маҳаллӣ ва байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз ҳоли гуруснанишон хабар нагирифтаанд. Агарчӣ онҳо, ба гуфтаи ӯ, созмони Салиби Сурх ва созмонҳои дигарро аз гуруснанишинии занон огоҳ карда будаанд. Вале Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, то кунун аз номи соҳибкорони бозори “Зарнисор” шикояте дастрас накардааст. Ба гуфтаи ҳуқуқдони ин созмон Сергей Романов, дар сурати муроҷиати соҳибкорон онҳо метавонанд барои баррасии ҷанбаҳои ҳуқуқии ин қазия кӯмак кунанд: “Таҳсин ба ин занон гӯед, ки тоқат мекунанд. Ба як зан фишор оварданд, фишори хунаш баланд шуд ва як зани дигар бо сактаи қалб дар хонааш хобидааст. Муомила кунанд. Чаро мо бо Шумо ҷанг намекунем? Онҳо фишор оварданд ба занон, ки модарони онҳоанд”.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз аҳзоби сиёсӣ низ мегӯянд, ки бо доғтар шудани ин масъала мавзӯъи кӯмакашон ба соҳибкорони “Зарнисор”-ро баҳс хоҳанд кард. Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии “Диалог” дар Ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт, ҳизбаш ахиран тасмим гирифтааст, ки нисбат ба тақдири баъдинаи ин соҳибкорон бефарқ намонад: “Мо аз аввал гуфтаем, ин ҳуқуқи комили нафароне ҳаст, ки дар ин бозор фаъолият мекунанд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки ба ҳар тарзе, ба ҷуз аз мавридҳои хушунат, талабҳои худро пешниҳод кунанд ва аз ҳаққи худ дифоъ намоянд. Дар ин гуна сӯҳбатҳо ҳам намояндаи ҳуқуқии мо ва ҳам мақомоти аввали ҳизб бояд ширкат карда бошанд”.

Бо ин ҳол, қазияи бозори “Зарнисор” ва соҳибкорони он, ки нӯҳ моҳ ба ин сӯ идома дорад, нахустин чунин ҳодиса нест. Мақомот дар солҳои гузашта ҳамин тавр чанде бозори дигари хусусӣ, аз ҷумла бахше аз бозори “Саховат” дар маҳаллаи 63 ва бозори “Роҳи Абрешим” дар маҳалли 82-юми пойтахтро тахриб карда буд.


Рӯзи дуввум. Гуфтушунид бо мақомот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00
XS
SM
MD
LG