Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Рақибовҳо: Ҷазои шартӣ ё саркӯби эътироз?


Атовулло Рақибов
Атовулло Рақибов

Додгоҳи ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов ва ду хоҳару ҳамсари ӯро шартан ба як соли зиндон маҳкум кард.

Бар иловаи ин, Атовулло Рақибов муваззаф шудааст, ки 1 ҳазору 600 сомонӣ маблағи шишаи экскваторе, ки гӯиё фарзандони ӯ дар моҳи сентябри соли гузашта шикастаанд, пардохт кунад.
Атовулло Рақибов гуфт, бо машварату маслиҳати ҷонибҳо розӣ аст, ки масъалаи манзилаш баррасӣ ва ба баҳси дусола поён дода шавад...


Ҳамчунин, Гулрӯ Ибодова, ҳамсари Атовулло Рақибов ва хоҳаронаш - Моҳкалону Саида низ шартан барои як сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.



Додгоҳ гуфт, ки ин нафарон барои авбошӣ, яъне таҳқир ва “шикастани шишаи экскаватори Рустам Обидов, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод гунаҳгор дониста мешаванд.”

ТАЛАБИ ДОДСИТОН


Рӯзи пеш дар хулосаҳои айбдоркунандаи давлатӣ тақозо мешуд, ки Рақибовро барои даст задан ба аъмоли ҷиноӣ ба мӯҳлати се сол ва ду хоҳару ҳамсари ӯро ба мӯҳлати ду соли ҷазои шартии зиндон маҳкум кунанд.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар лаҳзаҳои аввали баъди раҳо шудан аз мурофиаи додгоҳӣ Рақибов гуфт, ки аз озод шуданаш аз боздоштгоҳ шод аст. Ӯ аз рӯзи 13 апрел дар боздоштгоҳи Душанбе нигаҳдорӣ мешуд:

“Мо ҳозир баромада ҳамроҳи кӯдакон дар роҳ рафта истодаем. Ҳама нағз, ҳама саломат, шукри худо. Ҳама хурсандӣ доранд, ки моро аз маҳбас бароварданд. Ҳоло бояд биравем ва фикр кунем, ки дар масъалаи манзил чӣ мекунем. Умедворам, ки ба як қарори сулҳомез мерасем. Мо ҳам тарафдори ин ҳастем, ки масъала бо роҳи сулҳомез ҳалли худро ёбад. Мо бояд бо якдигар ҳамдигарфаҳмӣ кунем.”

ҚАЗИЯИ ШИШАИ ШИКАСТА


Мурофиаи Атовулло Рақибов, як сокини одии деҳаи дурдасти Тоҷикистон сарду садои зиёд кард. Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Перспектива плюс” ва ҳуқуқшиноси маъруф яке аз он нафаронест, ки моҳҳои охир пайваста дар канори хонаводаи Рақибовҳо будааст.

Ӯ, ки рӯзи аслии муҳокима - 27 апрел аз ҷараёни баррасии қазияи додгоҳӣ мушоҳида мекард, гуфт, бо ҳукми содиршуда розӣ нест, чунки аз замони боздошти Атовулло Рақибов органҳои тафтишотӣ ба “иштибоҳҳои зиёде” роҳ доданд.

“Баъди он ки пурсиши тарафҳо дар додгоҳ тамом шуд, як филме нишон доданд, ки дар он гӯё хонаро экскаватор чаппа мекард. Тарафи айбдоркунанда мегуфт, ки аҳли хонаводаи Рақибовҳо, ки зидди чаппа кардани хонаашон буданд, дашном медоданду шишаи экскаваторро шикастанд. Аммо дар наворе, ки дар бинои судӣ нишон дода шуд, ин чизҳоро мо надидем. Онҳо ҳамагӣ фақат гиря мекарданд, бо кӯдаконашон мегиристанд.”


Ба қавли ин ҳуқуқшинос, масъалаи дигар – нобаробар будани нирӯҳо дар ҷараёни муҳокима мебошад. Ӯ гуфт, “ҳарчанд худи мурофиа ором ва бо риояи тамоми муқаррароти судӣ баргузор шуд”, вале “прокурор онҳоро айбдор мекард, ва он се зан, ки адвокат надоштанд, ҳатто намефаҳмиданд, ки онҳоро гунаҳгор мекунанд. Агар адвокат медоштанд, кор шояд ранги дигар мегирифт”.

Дар сӯҳбатҳои қабл аз додгоҳӣ Гулрӯ Ибодова, ҳамсари А. Рақибов ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки қашшоқиву нодорӣ ба онҳо имконият надод, ки барои шавҳари боздоштшудааш вакили дифоъ бигиранд. Дар ин замина О. Бобоназарова мегӯяд, ки Ассотсиатсияи адвокатҳои Тоҷикистон, ки ҳадафаш бепул таъмин кардани нафарони нодору ниёзманд бо вакилони дифоъ аст, бояд аз оғоз ба кӯмаки ин хонавода мешитофт.

Дар сӯҳбатҳое, ки Рустам Обидов, ронандаи экскаватор ва нафари аслии маҳкумкунандаи Рақибовҳо бо матбуот ва аз ҷумла дар додгоҳ доштааст, гуфтаааст, ки ӯ ба ҷуз пардохти қимати шишаи шикастаи мошинаш даъвое бо ин хонавода надорад.

Ӯ аз додгоҳ тақозо кардааст, ки Рақибовҳоро озод кунанд ва масъала бо роҳи мусолиматомез ҳалли худро ёбад. Дар парвандаи ҷиноӣ қимати шишаи шикаста 1600 сомонӣ гуфта мешавад, дар ҳоле, ки худи Обидов дар додгоҳ гуфтааст, “шояд аз ин қимат камтар ҳам бошад.”

ИСБОТИ ҶУРМ?


Хонум Бобоназарова мегӯяд, “додгоҳ аслан маълум накард, ки воқеан ҳам шишаи экскаваторро кӣ шикастааст, чунки на худи Рақибовҳо ва на навори дар додгоҳ пахшшудаи видеоӣ инро собит намекунад.”

Иштибоҳи дигар, аз назари ин ҳуқуқшиноси варзида, ин буд, ки аслан ба ҳабси пешакӣ гирифтани Рақибов асос вуҷуд надошт, ба он хотир, ки танҳо шахси барои ҷамъият хатарнокро бояд пеш аз мурофиа дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд.

Шарти дигари зарурати боздошти айбдоршаванда – фишороварии ӯ ба шоҳидон аст, ки ин ҳам дар нисбати Рақибов дида нашуд. Хонум Бобоназарова аз он тааҷҷуб кард, ки дар баробари шоҳидони айнии ҳодисаи харобкунии манзили Рақибовҳо, ки дар додгоҳ посух доданд, инчунин як нафаре пайдо шуд, ки ӯ аз рӯи гуфтаи хонаводаи Рақибовҳо – “як нафари комилан бегона, ношинос буд ва аслан дар ҷои ҳодиса ҳузур надошт.”

“Ин ҳамон ҳолатеро ба ёдам овард, ки давраи шӯравӣ вақте Сахаровро бадарға карданд, одамони одӣ дар Душанбе ё Ҷиргатол ҷамъ шуда зидди Сахаров митинг мекарданд, ки ӯ ронда шавад. Нафаре, ки омада чун шоҳиди иловагӣ ҳисоб шуд, вай дар он ҷо воқеан ҳам зиндагӣ намекардааст. Баъд ба ман баъзеҳо гуфтанд, ки гӯё вай ба президент нома навиштааст, ки вай зидди Рақибов аст. Ҳамон шоҳид бисёр аҷиб буд”.

Хонум Бобоназарова мегӯяд, ки интизор дошт барои шикастани шишаи эксковатор ҳадди аксар аз Рақибов тақозо мешавад, ки барои ин ҷарима пардохт кунад.

“Вақте одамро мекушанд, агар вай дар ҳолати ғазаб бошад, суд ҳамаи инро ба назар мегирад. Инҳо дар як ҳолати вазнин буданд, агар санге партофтанд, шиша шикаст, ин маънои онро надорад, ки чор нафарро ҷазо бидиҳанд. Шояд ҳам ин сангро як нафар партофтааст ва бояд як нафарро ҷазо медоданд. Онҳо мегӯянд, ки ба кори комиссия халал расонданд. Ҳатто агар ҳам ба кори комиссияе, ки барои шикастани хонаи онҳо рафта буд, халал расонданд, бояд чунин ҷазо таъин намекарданд.”

ФАЗОИ МУҲОКИМА

Нафароне, ки аз мурофиа мушоҳида мекарданд, мегӯянд, ки манзараи додгоҳ ба вижа курсии айбдоршавандаҳо хеле риққатангез буд: аз сӯе худи Атовулло Рақибов, марди миёнасол, падари панҷ фарзанд, ки масъулияти таъмини рӯзгори нӯҳ нафар аъзои оилаашро танҳо ба дӯш дошта то ду соли пеш аз шурӯи даъвоҳои сари манзилаш аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ дар Русия зиндагиашро мечархонд.

Аз сӯи дигар - се зан нишаста буданд: ҳамсараш Гулрӯ Ибодоваи 36-сола ва хоҳаронаш Моҳикалони 46-сола ва Саидаи 36-сола. “Яке аз хоҳарон ҳомиладор буд. Гулрӯ бошад, дар давоми мурофиа ду дафъа аз ҳуш рафт ва додрас ба ӯ иҷозат дод, ки ба саволҳо аз ҷои нишасташ посух диҳад”, - мегӯянд шоҳидон.

ДОДГОҲ ИЛОҶ НАДОШТ?


Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аслан таҷрибаи судҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳолати пурра сафед шудани инсон кам андар кам сурат мегирад, ба он хотир, ки “бегуноҳ” шинохта шудани инсон баробар бо он маъност, ки ҷараёни баррасии парванда ва таҳқиқи ҷиноят бо иштибоҳҳо гузаштааст. Ӯ мегӯяд, “масъала дар система аст, ки ҳамоно хусусияти сиёҳкунии инсонро, ки дар давраи шӯравӣ буд, ҳифз кардааст.”

Аз назари бархе аз онҳое, ки аз оғоз талошҳои Рақибовҳоро барои ҳимояи ҳақашон барои доштани манзил мушоҳида мекунанд, додгоҳ ва маҳкумияти ӯву наздиконаш метавонад боиси ҷо шудани тарс ва хатми ҳақталошиҳои минбаъдаи онҳо шавад.

Тавре “Азия-плюс” менависад, дар ҳукми додгустар Моҳбӣ Қурбонова рӯзи панҷшанбе таъкид шудааст, ки дар сурати дар мӯҳлати як соли шартии зиндон даст ба ҷиноят задани маҳкумшудаҳо, Рақибов метавонад ба мӯҳлати се ва ҳамсару хоҳаронаш ба мӯҳлат як сол ба зиндон андохта шаванд.

Бархе мунаққидон мегӯянд, ки мақомоти аз муборизаву даъвоҳои дусолаи ин хонавода хасташуда шояд ҳадаф доштанд, ки бо роҳи додгоҳ пеши роҳи Рақибовро аз идомаи талошҳояш барои барқарор кардани манзил бигиранд, ва шояд ба дигарон ҳам дарс шавад, ки аз эътирозҳои пайваста даст кашанд.

О. Бобоназарова таъкид кард, ки рафтори Атовулло Рақибов дар додгоҳ “умедворкунанда” буд, чунки ӯ пайваста ва бо ҷасорат хеста, мегуфт, ки “ӯ бегуноҳ аст” ва ин чиз, ба қавли ҳуқуқшиноси варзида, “хеле кам аст, ки дар додгоҳҳои Тоҷикистон иттифоқ афтад”. Ин нишонаи он аст, гуфт ӯ, ки сокинони Тоҷикистон қадаме ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мегузоранд ва органҳои тафтишотӣ ҳам инро мебинанд, ки тарафҳое ҳастанд, ки метавонанд дастгирӣ кунанд.

ИНТЕРНЕТ ВА РАҚИБОВҲО

Даъвои хонаводаи серфарзанди Рақибовҳо, ки ду соли охир баъди ғайриқонунӣ эълон шудани хонаи бунёдкардаи ӯ ва хароб шудани он бо амри ҳукумати ноҳияи Файзобод идома дорад, дар матбуот ва Интернет сару садои зиёде кард.

Дар баробари пайгирии пайвастаи нашрияҳои мустақил аз ин қазия, ахиран ҷомеаи интернетии Тоҷикистон ташаббуси кӯмаки молӣ ба хонаводаи Рақибовҳоро роҳандозӣ карда, чандин нафар ба ин хонавода кӯмакпулиҳои худро ирсол карданд.

Ҳафтаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ дар раъси ҳайате аз ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон бо шароити зисти хонаводаи Рақибовҳо шинос шуд.

Рӯзи панҷшанбе, баъди хатми мурофиаи судӣ, ки оилаи Рақибовҳо дар ҳалқаи фарзандон рӯ ба сӯи танҳо хонаи вайронаашон мерафтанд, Гулрӯ Ибодова дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, хушбахт аз он аст, ки додгоҳ хотима ёфт ва онҳо дубора муттаҳид шуданд.

Вай гуфт, умедвор аст, ки раҳбари ҳизби Наҳзати исломиии Тоҷикистон ба ваъдаи кардааш дар бораи бунёди манзили нав вафо мекунад: “Бигзор, дар ҳар ҷое, ки ба онҳо маъқул аст, замин ҷудо карда хонаву дарамонро рост кунанд, бас аст. Мо даъвои дигар магар дорем?”.
XS
SM
MD
LG