Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз афзоиши кӯдакрабоӣ дар Душанбе


Муҳаммади сесола, ки аз банди кӯдакрабоён раҳо шудааст
Муҳаммади сесола, ки аз банди кӯдакрабоён раҳо шудааст

Мақомоти интизомӣ дар Душанбе занеро ба гумони кӯдакрабоӣ боздошт ва алайҳи ӯ парванда боз кардаанд.

Ин зан дар ҳоле боздошт шудааст, ки волидони Муҳаммади сесола мегӯянд, агар дар ҷустуҷӯи писари хурдсолашон каме таъхир мекарданд, шояд аз дидани рӯи ҷигарбанди худ батамом маҳрум мешуданд.
Наздикони Муҳаммад то ҷое иттилоъ ёфтаанд, ӯ ба дасти як гурӯҳи ҷинояткор афтодааст, ки ҳадафашон берун аз кишвар бурдану фурӯхтани ин кӯдаки сесола будааст...


Муҳаммад ҳангоми бозӣ дар ҳавлии назди манзили зисташон, дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе, аз пеши амакаш ғайб мезанад.

Ҷустуҷӯҳои чандсоатаи наздикону ҳамсояҳо барои пайдо кардани Муҳаммад ҳамон рӯз бенатиҷа анҷом меёбад. Афроде, ки ин кӯдакро мешинохтанд, гуфтаанд, ӯро бори охир бо зане дидаанд, ки сӯи роҳи мошингард равона буд.

"МУҲАММАДҶОН ГУМ ШУДААСТ"

Мурод Орифов, амаки Муҳаммади сесола мегӯяд: "Хуб ҷустуҷӯ кардем, аммо наёфтем. Он лаҳза ҳар фикр ба сарамон меомад, метарсидем. Баъд сурати Муҳаммадро гирифта эълон навиштем, ки "писарбачае бо номи Муҳаммадҷон гум шудааст, нафароне, ки аз ӯ хабаре доранд ба ин шумораҳо занг зананд." Ин эълонро нашр ва дар ҳар ҷо паҳн кардем."

Танҳо пас аз ду рӯзи ҷустуҷӯ ва ашкрезиҳои волидон, Муҳаммади хурсол бо як зан дар шаҳри Норак пайдо мешавад. Зан ҳангоми пурсиши маъмурони полис худро "очаи Муҳаммад" муаррифӣ мекунад, аммо кӯдаки 3-сола мегӯяд, ки ӯ "оча" не, "оя" дорад.

Парвиз Орифов, падари Муҳаммад мегӯяд, кӯдак баъд аз ин ҳодиса дар ҳолати ваҳму тарс қарор гирифтааст ва зимни сӯҳбат ҳам роҷеъ ба ду рӯзи ғайб заданаш чизе гуфта наметавонад.

НАҚЛИ ПАДАРИ МУҲАММАД

Муҳаммади сесола ва падараш
"Ин ҳодиса рузи 12-уми апрел шуд. Рӯзи 13-уми апрел ба мо аз Норак занг зада хабар доданд, ки писарамро ёфтанд. Ӯ хеле гурусна ва сару либосаш ҳама ифлос будааст. Мо соати сеи баъд аз зӯҳр Муҳаммадро аз Норак гирифта овардем. Кӯдак сахт тарсидагӣ аст. Онҳо кӯдакро бо мақсади дар хориҷа фурӯхтанаш дуздидаанд"
,-илова кард падари Муҳаммад.

Наздикони Муҳаммад он занро аз наздик надидаанд, аммо то ҷое иттилоъ ёфтаанд, Муҳаммад ба дасти гурӯҳе афтодааст, ки ҳадафашон берун аз кишвар бурдану фурӯхтани ӯ будааст. Парвиз Орифов, падари Муҳаммад мегӯяд, ба гумони ғолиб онҳо чанд рӯз вазъи хонавода ва рафтору ҳолати кӯдакро омӯхта, пас аз он ба ин кор даст задаанд.

Дар додситонии ноҳияи Синои пойтахт, таъйид намуданд, ки занеро бо иттиҳоми рабудани Муҳаммади сесола боздошт намудаанд ва ҳоло парванда боз шуда, таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад. Аммо масъулини ин ниҳод ба далели халал ворид накардан ба ҷараёни таҳқиқи қазия, аз додани иттилои бештар дар ин маврид худдорӣ варзиданд.

КӮДАКОН ҚОЧОҚ МЕШАВАНД?

Бояд гуфт, ки дафъаҳои ахир сокинони кишвар аз мавридҳои нопадид шудани кӯдакони хурдсол ва рабуда шудани онҳо аз тарафи афроди ношинос бисёр мегӯянду нигаронӣ мекунанд.

Талоши мо барои гирифтани омори дақиқ роҷеъ ба мавридҳои кӯдакрабоӣ ва қазияи Муҳаммади хурдсол, аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ бенатиҷа анҷом буд.

Аммо бино ба нишондодҳои расмӣ, солҳои ахир мавридҳои бенишон шудани кӯдакону ноболиғон афзудааст. Гурӯҳе агар бо сабаби мушкилоти хонаводагӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ худ аз волидону хонаҳояшон фирор кунанд, гурӯҳи дигар ба дасти афроди одамрабо афтидаву қочоқ мешаванд.

Кормандони мақомоти интизомии кишвар, аксаран зимни сӯҳбат дар ин мавзӯъ мегӯянд, як мушкили аслӣ дар ҷустуҷӯву пайдо кардани атфоли нопадид ё рабудашуда, ин сари вақт муроҷиат накардани волидон ба ниҳодҳои зидахл аст.

БЕТАВАҶҶӮҲИИ ВОЛИДОН?


Ба гуфтаи онҳо, волидонро мебояд дар сурати нопадид шудани фарзандони ҷавон ё ноболиғашон ба таҳқиқи худсарона напардохта, ба зудтарин фурсат аз милисаи маҳаллӣ кӯмак хоҳанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон як омили ғайб задану рабуда шудани атфолро ба бетаваҷҷӯҳиву беназоратии волидон вобаста медонанд.

Аз сӯи дигар таъкид мешавад, ки, ба кӯдакон бояд ҳадди ақалл маълумоти зарурӣ дар бораи оила ва худи онҳо дода шавад. Гулрафтор як мусоҳиби мо дар ин замина мегӯяд: "Мо бояд кӯдакро тавре тарбия кунем, ки нишонии ҷои зисташро донад. Исми худу падар ва модарашро бидонад. Дар чунин ҳолат пайдо кардани атфол осонтар мегардад."

Аммо Парвиз Орифов, падари Муҳаммади сесола, ки аз саривақт муроҷиат кардану пайдо намудани фарзандаш хушҳол аст, мегӯяд, ҳоло писари ӯ ба ҳеҷ як нафари бегона наздик намешавад ва ба ҳама бо чашми шубҳа менигарад.
XS
SM
MD
LG