Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падарарӯс" дар Қазоқистон парванда шуд


Муқоваи "Падарарӯс"
Муқоваи "Падарарӯс"

Китоби “Падарарӯс”-и Роҳат Алиев билофосила ҳадафи таъқиботи ҷиноии мақомоти Қазоқистон қарор гирифт.

Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон, ки феълан дар Аврупо паноҳ мебарад, гуфтааст, ки мақомоти Қазоқистон бо ин ҳақиқат будани китоби ӯро собит карданд. Роҳат Алиев дар ин китоб асрори хонаводаи Нурсултон Назарбоевро ифшо мекунад.

Додситонии кулли Қазоқистон ҳамагӣ 10 рӯз баъд аз нашри китоби “Падарарӯс” ва дар мағозаҳои Аврупо ба фурӯш даромадани нашри китоби Роҳат Алиев дар қиболи ин қазия бо иттиҳоми “ифшои сирри мукотибаву сӯҳбатҳои хусусии телефонӣ ва соъир анвоъи мукотибаву муҳовара, ки бо сӯъиистифода аз мақоми давлатӣ сурат гирифтааст”, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Муовини додситони шаҳри Алма-Ато Боғбон Тоимбетов ба хабаргузории расмии ҚазТАГ гуфтааст, ки ин китоб феълан дар дасти онҳо ҳаст, вале ба ҳайси далели шайъӣ. Ӯ афзуда, ки сардабирони нашрияҳои мустақили “Республика” ва “Взгляд”-ро ба додситонӣ даъват карда, аз ҳар навъ талоши нашри пораҳои ин китоб ҳушдор додаанд. Боғбон Тоимбетов гуфтааст: “Мо ба онҳо муқаррароти қонунгузориро фаҳмондем, ки дар қиболи нашри китоби Роҳат Алиев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.” Аммо додситони сардабирони нашрияҳои мустақилро итминони хотир дода, ки иқдомоти додситонии кулл “рабте ба поймол кардани озодии баён надорад, балки танҳо ба хотири таъмини мурооти қонуни кайфарист.”

Аммо ба навиштаи нашрияи “Республика”, сардабири ин рӯзнома Гузел Боялиноваро дар додситонӣ огоҳ кардаанд, ки нашри ҳар навъ маълумот аз китоби Роҳат Алиев масъулияти ҷиноиро ба дунбол хоҳад дошт. Додситонии кулли Қазоқистон китоби “Падарарӯс”-ро ба ин тартиб, мавзӯъи парвандаи ҷиноӣ номида, ифшои асрори омада дар ин китобро ҳамчун талоши ихлол ворид кардан ба раванди тафтиши ин парванда унвон мекунад.

Аммо мақомоти додситонии Қазоқистон аз ҳар навъ ташреҳи масоили марбут ба парвандаи алайҳи китоби “Падарарӯс” ва суолҳои бархоста дар атрофи иқдомоти дар ин замина рӯидастгирифтаи додситонӣ сарпечӣ мекунанд.

Бархе таҳлилгарон ва онҳое, ки алакай китоби Роҳат Алиевро мутолиа кардаанд, мегӯянд, Алиев, ки ба хонаводаи раисиҷумҳури Қазоқистон ворид буд ва тайи солиёне, ки дар мақомҳои баланди давлатӣ ифои вазифа мекард, аз наздик ва аз дохили Оқ-Ӯрда дар ҷараёни таҳаввулоти кишвар қарор дошт, тавонистааст, дар китоби “Падарарӯс” аз рӯи хеле асрори то ҳол сарбамӯҳр парда бубардорад ва хеле аз воқеъиятҳоеро, ки дар Остона ва Қазоқистон мегузаранд, ифшо кунад.

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки Роҳат Алиев дар китобаш дар бораи маблағҳои дар суратҳисобҳои хусусии бонкӣ ҷамъовардаи Назарбоев, баъзе паҳлуҳоли ҳаёти маҳрамонаи президент, аз ҷумла машъуқа доштани ӯ, вазъи саломатии Назарбоев сӯҳбат мекунад. Дар зимн Роҳат Алиев дар китоби "Падарарӯс" дар бораи таркиби бахшҳои мухталифи нирӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон ҳарф зада, рӯйхати як идда аз гумоштаҳои Кумитаи амнияти миллии он кишвар дар кишварҳои Аврупоро бо феҳрасти асомӣ, лақабҳо ва унвонҳои низомиву дипломатии ин гумоштаҳо низ овардааст, ки метавонад далели ифтитоҳи парванда бар зидди ӯву китоби ӯ бошад.

Худи Роҳат Алиев дар нахустин вокуниш ба ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи китобаш гуфтааст, ин иқдом ба сари худ ҳокист, ки ҳама ончӣ ки ӯ дар “Падарарӯс” гуфтааст, ҳақиқат аст.

Роҳат Алиев, шавҳари собиқи духтари калонии Назарбоев - Дориға тайи чандин сол раҳбарии вазоратхонаҳои муҳими давлатии Қазоқистон, аз ҷумла раёсати пулиси молиёт ва кумитаи амнияти миллии он кишварро бар ӯҳда дошт. Соли гузашта вақте Роҳат Алиев ба истилоҳ “тамоми пулҳоро сӯхт” ва аз Остона битамом канд, дар мақоми сафири Қазоқистон дар САҲА ифои вазифа мекард. Ӯ аз Вена ба Қазоқистон дигар барнагашт ва аз Австрия дархости паноҳандагӣ кард. Талоши мақомоти Остона ҷиҳати боздошт ва истирдоди ӯ ба Қазоқистон низ натиҷа надод. Додгоҳи Қазоқистон ба ҳар сурат, Алиевро ғоибона бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти сангие, назири куштору одамрабоӣ ва талоши ғасби қудрат ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.

Рӯзи 11 майи соли ҷорӣ Роҳат Алиев китоби “Падарарӯс”-ашро, иборат беш аз 500 саҳифа, якбора дар чанд кишвари Аврупо ва бо чанд забон ба фурӯш баровард. Китобе, ки боиси ифтитоҳи боз як парвандаи нав алайҳи домоди собиқи раисиҷумҳури феълии Қазоқистон шуд.
XS
SM
MD
LG