Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарҳо ба тазоҳуроти донишҷӯён дар Лондон


Иқдоми донишҷӯёни тоҷики муқими Инглистон дар мавриди доир намудани тазоҳурот дар ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия дар маҳофили тоҷик ба гунаи мухталифе арзёбӣ мешавад.

Бархе ин иқдомро як қадами огоҳонаи донишҷӯён дар пайи шинохт ва қиёси онҳо аз мизони таъмини ҳуқуқи инсон дар ҷомеаҳои мухталиф медонанд ва бархе ҳам муътақиданд, ки ин иқдоми донишҷӯён эҳтимолан пуштибонони сиёсие низ доранд.

Дар ҳар сурат, мегӯянд таҳлилгарони тоҷик, ин падидаи қобили таваҷҷӯҳ аст. Агарчанд ба гуфтаи онҳо, имкони бисёр муассир воқеъ шудани ин эътирозҳо дар амри ҷилавгирӣ аз идомаи бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ дар Русияро баъид медонанд.

Бино ба омори то кунун мунташиршуда, дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кору зиндагӣ мебошанд. Ва эҳтимолан муҳоҷирони тоҷик бештар аз ҳар каси дигар дар Русия ба поймол шудани ҳуқуқашон мувоҷеҳ шуда ва марвиди адоватҳои нажодӣ ва қавмпарастии гурӯҳҳои миллатгарои рус қарор гирифтаанд.

Мавридҳои ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва кушта шудани он ҳо аз сӯи гурӯҳҳои нажодпарасти рус аз як соли пеш афзоиш дошта ва дар пойизи гузашта бо буридани сари Салоҳиддин Азизов, як ҷавони бистолаи тоҷик, ба нуқтаи атфи худ расид. Ин ҳодиса бозтоби густардае дар матбуоти мустақили Тоҷикистон пайдо кард ва ба ҳадде, ки боиси вокуниши сафорати Русия дар Душанбе шуд.

Аммо дар ин навъи эътироз расонаҳои хусусӣ ва рӯзноманигорони ҷудогона танҳо монданд ва ба ин эътироз тӯдаҳои мардум ва маҳофили иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳ нашуд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба омори гузоришгарони умури иҷтимоӣ, то кунун шароити маишати ҳудуди нисфе аз хонаводаҳои тоҷик тавассути маблағҳои муҳоҷирони корӣ таъмин мешавад. Ин муҳоҷирон дар соли гузашта беш аз ду миллиард доллар ба Тоҷикистон ирсол кардаанд.

Аммо чаро бо ин вуҷуд ҷомеаи Тоҷикистон лутфу марҳамати худро дар пуштибонӣ аз ин муҳоҷирон то кунун дареғ доштааст?

Раҷаби Мирзо, журналисти тоҷик ва аз фаъолони сиёсӣ, мегӯяд, ки ҳимоят аз ҳаққи шаҳрвандон дар хориҷ аз кишвар қабл аз ҳама вазифаи давлат аст. Ва дар чунин мавридҳое давлат бояд иқдом кунад ва ё ҳадди ақал ба бозтоби ахбори роҷеъ ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон муосидат намояд. Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон, ба гуфтаи оқои Мирзо, то кунун даро ин маврид сиёсати воҳидеро ихтиёр накардааст.

Др аҳмин ҳол бархе аз соҳибназарон ба ин боваранд, ки худмуҳофизакории мардум дар амри дифоъ аз ҳаққи муҳоҷирон ва вокуниши ошкоро нишон надоданашон ба нақзи ҳуқуқи онҳо ба табиати саркӯбшудаи мардум низ бар мегардад.

Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллӣ ва сардабири нашрияи «Ҷомеа» мегӯяд, мардум ҷуръати эътирозро дорад, аммо чун медонад, вокунишаш натиҷае надорад, даст ба он намезанад.

Аммо Мираҳмади Амиршоҳ, нависанда ва соҳибназари тоҷик мегӯяд, гурӯҳҳое, ки мехоҳанд аз ҳаққи муҳоҷирони худ дифоъ кунанд, мисли худи муҳоҷирон бедифоъ ва бепаноҳанд, аз ин хотир ҷуръати садо баланд карданро надоранд. Ин тӯдаҳо, ба гуфтаи оқои Амиршоҳ, аз рӯшан кардани садои эътирози худ ҳарос доранд.

Амиршоҳ мегӯяд, ба назари ӯ, ҷуръат ва рӯҳи тоҷик ба ҳадде шикаста шудааст, ки ҳато бовар намекунад, ки гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик ба ибтикори худ дар Лондон низ даст ба чунин ибтикоре зада бошанд. Ӯ мегӯяд, мабодо кадом гурӯҳи манфиатхоҳе аз ин фурсат бихоҳад истифода кунад.

Аммо дар воқеъ дар баҳори гузашта миёни сафорати Маскав дар Душанбе ва чанд нашрияи мустақили тоҷик радду бадали шадидулаҳне дар ин замина пеш омад. Ин бархӯрд баъди он ташдид шуд, ки сафорати Русия аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни номае хост, аз интиқоди мавзеи Русия ва роҳбарони он дар матбуоти мустақдил ҷилавгирӣ шавад. Номае, ки вазорати хориҷӣ ба он вокунише накард, аммо боис шуда расонаҳо мавзеъи тундтареро нисбати Русия иттихоз кунанд.

Ва ин рӯёрӯӣ миёни масъулини сафорати Русия ва расонаҳои мустақил тамоми се моҳи баҳор идома кард ва ахиран тақрибан фурӯкаш карда буд. Аммо иқдоми донишҷӯёни тоҷики Лондон шояд умри ин баҳсҳоро ба дарозии тобистон низ таъмин кунад.

Назари худро ба ин масъала метавонед дар "Майдони баҳс" баён доред.
XS
SM
MD
LG