Ба гуфтаи раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов, бинои онҳо, ки қаблан боғчаи бачаҳо буду ба собиқ вазорати саноати кишвар марбут мешуд, аз 3 июли соли 2002 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба Иттифоқи оҳангсозон дода шуд.
Вай мегӯяд, Додситонии кулли Тоҷикистон қасд дорад, дар бинои Иттиҳоди оҳангсозон идораи додситонии ноҳияи Исмоили Сомониро ҷойгир кунад ва Иттиҳоди оҳангсозонро ба Филармонияи давлатӣ кӯч диҳад. Дар навбати худ Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ бинои худро аз даст додааст. Чун қарор аст, филиали Донишгоҳи Ломоносови Русия маҳз дар бинои додситонӣ ҷойгир шавад.
Қудратулло Ҳикматов аз сарнавишти таҷҳизоти гаронбаҳое нигарон аст, ки дар сурати кӯчонидан ба ҷойи дигар осеб мебинанд ва корношоям мешаванд. Ӯ мефзояд, агар ин таҷҳизоти гаронбаҳо, аз қабили арғунун роялу пианино, хисорот бубинанд, Тоҷикистон дар даҳ соли дигар ҳам тавони харидории ин ҳамаро надорад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаи ҷаноби Ҳикматовро тасдиқ кард ва гуфт, «Иттифоқи оҳангсозон як ташкилоти ҷамъиятӣ аст, вале вазорат мехоҳад, ки Иттифоқ соҳиби бинои хеш бошад».
Роҳбарияти Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон зимни як нома ба Шӯрои Ҷамъиятии Тоҷикистон, ки раисии онро президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, хостааст, то президент дар ин қазия расидагӣ кунад. Котиби Шӯрои Ҷамъиятии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов гуфт, номаи ин ниҳод дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, ки аз соли 1937 таъсис ёфтааст. Ин созмон, ки ҳамагӣ 38 узв дорад, аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон ва кӯмакҳои молии созмонҳои хориҷӣ фаъолият мекунад. Дар гузашта оҳангсозони машҳур аз қабили Фаттоҳ Одина, Хайрулло Абдулло, Талабшоҳ Сатторов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Сулаймон Юдаков ва чанде шахсиятҳои шинохтаи дигар, узви ҳамин созмон буданд.
Аммо бинобар надоштани кӯмакҳои чашмгир нақши қаблии худро то андозае аз даст додааст. Дар зимн Иттиҳоди оҳангсозони тоҷик ягона муассисае нест, ки ба мушкили дифои хуқуқи худ барои доштани як сарпаноҳ рӯ ба рӯ шудааст. Ахиран телевизиони «Сафина» барои соҳиб шудан ба бинои Хонаи синамогарони тоҷик тасмим гирифт, ки қазияи он то ҳол дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Иддае аз оҳансозони маъруфи кишвар, ки ба Иттифоқи оҳангсозон ягон робита надоранд, аз қазияи ба амал омадаи бинои Иттифоқ изҳори ноогоҳӣ ва боз ҳам ба нақши камранги ин иттиҳод ишора мекунанд. Ҳунарманди мардумии тоҷик Сайидқул Билолов мегӯяд, ки баъди истиқлолият ягон фаъолияти умдаи Иттифоқро надидааст ва ягон оҳанги ҷаззобу шуниданӣ аз тарафи ин ниҳод ба гурӯҳҳои овозхонӣ ҳам пешниҳод нашудааст. Агарчанд аз ҳисоби буҷаи давлат ба иттифоқ маблағ ҷудо мешавад.
Толиб Шаҳидӣ, ки аз соли 1972 инҷониб узви Иттифоқ будааст ва ҳамагӣ чанд рӯз мешавад, ки аз узвияти он баромадааст, мегӯяд, ки мутаассифона Иттифоқи оҳангсозон дар чанд соли охир аз худ нақши муассир нишон дода натавонист ва ин ҳолат ба он оварда расонидааст, ки бинои онҳо низ гирифта шавад.
Аммо вазири фарҳанг Мирзошохрух Асрорӣ дар ин маврид назари дигар дошта, аз нақши муассири Иттифоқ дар рушди санъати оҳансозии кишвар ёдовар мешавад. Бо ин ҳама раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон мегӯяд, ки қазияро то ба охир мебарад ва агар Шӯрои ҷамъият ба даъвои онҳо расидагӣ накунад, баҳсро то додгоҳ хоҳанд кашид.