Онҳо аз Теҳрон даъват карданд, ҳарчи зудтар бӯҳронро аз тариқи муколамаи демократӣ ва бо василаҳои осоишта ҳал кунад.
Вазирони умури хориҷии Ҳаштгона, яъне Британия, Иёлоти Муттаҳида, Италия, Канада, Олмон, Русия, Фаронса ва Ҷопон аз ҳукумати Эрон мурооти одитарин ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла озодии баёнро тақозо карданд. Онҳо ҳамчунин аз Теҳрон даъват карданд, бозтоби иродаи мардуми Эронро дар раванди интихобот кафолат диҳад.
Нозирон мегӯянд, лаҳни изҳороти вазирони Ҳаштгона пас аз баҳси серӯзаи рӯйи ҳар калима ва ҷумлаи пешнавис то андозае сайқал дида, нармтар шудааст. Чунончи, дар он қатли тазоҳуркунандагон ошкоро маҳкум нашуда, дар иваз аз хушунатҳои пасоинтихоботӣ, ки сабаби ҳалокати инсонҳо шуданд, изҳори таассуф мешавад.
Хабарнигори Радиои Фардо, Аҳмади Рафъат аз маҳалли баргузории нишасти Ҳаштгона дар Тристеи Италия, мегӯяд, изҳорот як мусолиҳа миёни кишварҳоест, ки хостори фиристодани паёми шадидуллаҳн ба Эрон буданд, монанди Италия ва Фаронса бо кишварҳое шабеҳи Русия, ки чунин лаҳнро дар мавриди Эрон зиёновар донистанд.
Русия мавзеъгирии худро ин гуна шарҳ дод, ки муҳимтарин нигаронӣ аз ояндаи вазъ аст, яъне Теҳрон бояд мушкилро ба таври демократӣ ҳал кунад.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия афзуд, бархӯрди шадид ба муколамаҳои барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Аммо вазири умури хориҷии Италия, Франко Фраттинӣ, аз номи кишвари мизбон ва раиси даврии Ҳаштгона гуфт, G-8 ҳамраъйии худро бо қурбониёни хушунатҳои Эрон баён медорад.
Ҳамтои инглиси ӯ, Дейвид Милибанд, ки кишвараш бо Эрон вориди муноқишаи дипломатӣ низ шудааст, гуфт, бӯҳрони эътимод на дар байни Эрон ва Ғарб, балки миёни раъйдиҳандагон ва раъйшуморони эронӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ҳамзамон вазирони Ҳаштгона гуфтанд, дари муколамаи онҳо бо Эрон рӯйи барномаи ҳастаии Теҳрон боз боқӣ мемонад. Онҳо заминаҳои дигари мулоқоти сарони G-8 -ро омода карданд, ки қарор аст, 8 то 10-уми июл дар Лакюила баргузор шавад.
Аслан, нишасти онҳо мебоист ба таври густарда рӯйи масъалаҳои Афғонистон тамаркуз меёфт ва барои ин намояндагони кишварҳое чун Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Чин, яъне ҳамсоягони Афғонистон ба ин нишаст даъват шудаанд.
Вале дар авҷи ташаннуҷи равобит миёни Теҳрон ва Ғарб бар сари интихоботи баҳсбарангези 12-уми июн Эрон ба даъватномаи Италия посух надод.
Пас аз изҳороти марбут ба Эрон, вазирони умури хориҷии ҳашт кишвари пешбари ҷаҳон ба масъалаҳои Афғонистон пардохтанд. Онҳо масъалаҳои ҳифзи марзҳо, қочоқи маводи мухаддир, паноҳандагон ва муҳоҷирон, рушди иқтисодӣ, кишоварзӣ ва амнияти Афғонистонро баррасӣ карданд.
Ширкатдорон бори дигар ба зарурати афзоиши кӯмакҳо ба Афғонистон, ҳамоҳангии кишвар ва созмонҳои мададрасон ва тазмини амнияту шаффофияти интихоботи президентии моҳи августи ин кишвар таъкид карданд.