Ин дар ҳолест, ки Созмони байнулмилалии Тарнспаренсӣ Интернешнл дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро дар рӯйхати фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон қарор додааст. Ва созмони Фридум Ҳаус, ё Хонаи Озодӣ низ дар гузориши ахири худ тавсеаи фасод дар Тоҷикистонро яке аз омилҳои ташаккули ҳукумати худкома ва дур шудан аз ормонҳои демократӣ хондааст.
Алиакбар Абдуллоев, муассис ва директори генералии маркази тозатаъсиси тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикорупсионӣ, низ дар маросими муаррифии ин созмони ғайридавлатӣ ба ин нукта таъкид кард ва гуфт, “ҳадаф аз ташкили ин марказ муқобила бар зидди омилҳои фасод ё коррупсионӣ аст, ки ҷомеаи Тоҷикистонро аз поин то ба боло фаро гирифтааст. Мо ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқҳои конститусионии инсон пардохта, дар миёни кишрҳои мухталифи ҷомеа пажӯҳишҳоеро дар бораи омилҳои фасод баррасӣ карда, натиҷаҳои ин пажӯҳишҳоро ба Оҷонси назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ироа мекунем”.
Ба гуфтаи Алиакбар Абдуллоев, раиси тозатаъсиси маркази тарғиб ва ташакули маърифати зиддикоррупсионӣ, ин марказ ба масоили просессуалӣ, амаҳои коррупсионӣ, шиносоии ришватхорон ва роҳҳои муҷозот даст намезанад. Дар он сурат суоле матраҳ аст, ки оё бо тарғибу ташвиқ метавон рояи ришватхориро баст. Дар сурате, ки мардум медонанд, ки ришват додан ҷурм аст.
Вале вазъи ҷомеа касро барои иҷрои кори қонуни низ ба ришват додан водор месозад. Пас оё дар вазъе, ки бидуни додани ришват коре пеш намеравад, фаъолияти чунин марказ ба нафъ аст?
Раҳматулло Валиев, таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тавсеаи фасод дар ҷумҳурӣ ба истиқлолияти давлат таҳдид мекунад. Ва баид медонад, ки бо ташкили ҳамчунин як марказӣ таблиғоти зиддикоррупсионӣ фасодро коҳиш дод. Вай гуфт, агар созмони ғайридавлатие шомил аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва матбуот бо ироаи ҳуқуқҳои оҷонсӣ мубориза бо фасод ташкил мешуд, дар он сурат дар бораи муваффақияти кор метавон ҳарф зад. Вай афзуд, аз сӯи дигар чунин кори судмандро як рӯзнома ё ҳафтавори вижаӣ метавонад анҷом бидиҳад.
Аммо Абдулфаттоҳ Воҳидов, коршиноси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба мувафақияти маркази тозатаъсиси тарғиб ва ташакулли маърифати зиддкорупсиёнӣ хушбин аст. Оқои Валиев, ки дар муаррифии ин маркази тозатаъсис ширкат дошт, дар ин бора гуфт, «аз барномаи ин маркази тозатаъсис бармеояд, ки онҳо омилҳои фасодро дар ҷомеаро таҳқиқ мекунанд. Аз ин рӯ агар бар асоси барномаи худ кор кунад, метавонад ба муваффақият дар ошкор кардани омилҳои фасод даст ёбад”.
Ба гуфтаи Алиакбар Абдуллоев, раиси ин маркази тозатаъсис, фаъолияти ин марказ аз сӯи давлат сармоягузорӣ намешавад, балки дар фаъолияти оянда ба кумаки сармоядорони дохиливу хориҷи ва гронтҳои созмонҳои сармоягузори байнулмилали ниёд дорад. Ба гуфтаи Оқои Абдуллоев, дар оянда донишмандони ҳуқуқ, мутахассисон ва ниҳодҳои пажӯҳишӣ ба ин марказ ҷалб хоҳанд шуд.
Алиакбар Абдуллоев, муассис ва директори генералии маркази тозатаъсиси тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикорупсионӣ, низ дар маросими муаррифии ин созмони ғайридавлатӣ ба ин нукта таъкид кард ва гуфт, “ҳадаф аз ташкили ин марказ муқобила бар зидди омилҳои фасод ё коррупсионӣ аст, ки ҷомеаи Тоҷикистонро аз поин то ба боло фаро гирифтааст. Мо ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқҳои конститусионии инсон пардохта, дар миёни кишрҳои мухталифи ҷомеа пажӯҳишҳоеро дар бораи омилҳои фасод баррасӣ карда, натиҷаҳои ин пажӯҳишҳоро ба Оҷонси назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ироа мекунем”.
Созмони Фридум Ҳаус, ё Хонаи Озодӣ дар гузориши ахири худ тавсеаи фасод дар Тоҷикистонро яке аз омилҳои ташаккули ҳукумати худкома ва дур шудан аз ормонҳои демократӣ хондааст ...