Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди тадбирҳои амниятӣ дар Душанбе


Чанд рӯз ба ин сӯ дар шаҳри Душанбе теъдоди кормандони милиса афзуда, дар ихтиёри онҳо силоҳи оташфишон, аз қабили тапончаву мусалсал, ба чашм мехӯрад.

Як раҳгузари кӯчаи Душанбе мегӯяд, афзоиши кормандони милиса дар кӯчаҳои шаҳрро дар робита ба овозаҳое, ки дар кишвар сайр мекунанд, қабул дорад ва дар ин ягон амали фавқулодаро намебинад.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, афзоиши нерӯҳо ҷиҳати таъмини амният дар пойтахти кишварро таъйид кард.

Вай гуфт, ин тадбирҳо "ба амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2009» ва ҳамчунин ташрифи меҳмонони олиқадр ба кишвар робита дорад. Ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти меҳмонон бар ӯҳдаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудааст".

Давлат Назриев, сухангӯйи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, дар ибтидои ҳафтаи оянда сафари раисони ҷумҳуриҳои Русия, Покистон ва Афғонистон ба Душанбе дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, Киромиддин, як ронандаи такси, ки ба одамкашонӣ дар масири Хуҷанд-Душанбе машғул аст, мегӯяд, аз ағбаи Анзоб то посгоҳи Чорбоғ, даромадгоҳи шимоли Душанбе теъдоди милисаҳо афзоиш ёфта, як посгоҳи сайёр низ фаъолият мекунад.

Як сокини Ромит, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки дар даромадгоҳи мамнӯъгоҳи ин дара як ва дар деҳоти болоии дараи Сорбо чанд посгоҳ гузошта шудаанд.

Аксари шаҳрвандон ташдиди чораҳои амниятиро ба рӯйдодҳои ахири Тавилдара бастагӣ медиҳанд. Дар ин робита на танҳо аз ҳалокати Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар 11 июл, балки ҳамчунин аз гузориши бархе расонаҳои хабарӣ дар бораи бозгашти гурӯҳи Мулло Абдулло, фармондеҳи собиқи мухолифин, аз Афғонистон ба Тоҷикистон ёдовар мешаванд.

Олим Одилов, собиқ муовини раёсати шӯъбаи мубориза бар ҷиноёти муташаккилонаи ноҳияи Ғарм, гуфт, аз манбеъи худ огоҳ шудааст, ки марҳум Мирзо Зиёев қабл аз ҳалокаташ ба Мулло Абдулло маслиҳат додааст, ки Тавилдараро тарк кунад.

Вале маълум нест, агар Мулло Абдулло Тавилдараро тарк кардаст, ҳаракати ӯ ба кадом самт будааст.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, тамоми тадобире, ки дар навоҳии гирду атрофи Душанбе гирифта мешаванд, дар чаҳорчӯби амалиёти «Кӯкнор-2009» ва сафари меҳмонони олирутбаи хориҷӣ амалӣ мешаванд ва рабте ба овозаҳои гуногун надоранд.
XS
SM
MD
LG