Изҳори назарҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки тибқи иттилои бархе аз манбаъҳо, тайи як моҳи ахир се узви ин ҳаракат дар Дарвоз, ду нафар дар Хоруғ, 26 тан дар Қӯрғонтеппа ва 6 узви дигар дар Хуҷанд боздошт шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар таъйид ва ё такзиби ин иттилоъ чизе нагуфтанд, вале мақомоти умури дохилии кишвар тасдиқ кардаанд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар минтақаи Тавилдара то 120 нафар боздошт шудаанд.
Ҳоло як суол пеш меояд, ки оё мешавад гуфт, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон муваффақ ба созмон додани як шабака шудааст?
Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, Тоҷикистон барои ҲИӮ гузаргоҳ барои густариши фаъолият дар Ӯзбакистон аст, аз ин хотир онҳо барои дар ихтиёр доштани як шабака дар Тоҷикистон зарурат доранд.
Дар ҳамин ҳол иддаи дигар аз коршиносон мегӯянд, аҳдофи ҲИӮ ҳоло тағйир хӯрдаанд, яъне акнун фақат шикасти режими Ислом Каримов нест, балки созмони як ҷумҳурии исломӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аст.
Фаррух Умаров, корманди маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, фаъолияти ҲИӮ дар Тоҷикистон ҷузъи мантиқии ин мубориза мебошад.
Коршиносон мегӯянд, аксарияти аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ӯзбактаборҳои минтақа ҳастанд, ба ҷуз Ӯзбакистон, дар Тоҷикистону Қирғизистон ҳам.
Парвиз Муллоҷонов афзуд, ба ҷуз ин омил, вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистону минтақа низ ба афзойиши аъзои ин ҳаракат метавонад мусоидат кунад.
Дар ҳамин ҳол, Фаррух Умаров мегӯяд, ҲИӮ собиқаи ҳамкорӣ бо нерӯҳои мухолифи ҳукумат дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дошт ва ҳоло низ салафиёну аъзои Ҳизбут-таҳрири Тоҷикистон шарикони эҳтимолии он буда метавонанд, ки ҳадафашон ҳам эҷоди як ҳукумати исломист.
Иддае дигар аз коршиносон афзойиши фаъолиятҳои ҲИӮ-ро ба ташдиди рақобати қудратҳо дар Осиёи Миёна рабт медиҳанд, ки ин ҳаракат аз ҷумлаи иҷрогарони тарҳҳои хадамоти махсуси кишварҳои нуфузҷӯ буда метавонад.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси дигар дар умури сиёсӣ мегӯяд, фаъолиятҳои ахири ҲИӮ-ро мешавад ба баҳси Амрикову Қирғизистон рӯйи фурудгоҳи низомии Манас ва баҳси Русияву Тоҷикистон рӯйи фурудгоҳи низомии Айнӣ рабт дод.
Дар ҳамин ҳол, Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, адами иттилои дақиқ дар бораи фаъолиятҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон намегузорад, ки ба зарфияту имкониятҳои он дуруст баҳо дода шавад.
Коршиносон қазияи Тавилдараро мисол меоранд, ки ба таъбири мақомот, он ҷо аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон фаъолият мекунанд, аммо шахсан Тоҳир Юлдошев, сарвари ин ҳаракат мансубияти мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар ба ҳаракаташро рад кард.
Мақомоти Тоҷикистон дар таъйид ва ё такзиби ин иттилоъ чизе нагуфтанд, вале мақомоти умури дохилии кишвар тасдиқ кардаанд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар минтақаи Тавилдара то 120 нафар боздошт шудаанд.
Ҳоло як суол пеш меояд, ки оё мешавад гуфт, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон муваффақ ба созмон додани як шабака шудааст?
Тибқи иттилои бархе аз манбаъҳо, тайи як моҳи ахир се узви ин ҳаракат (Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон) дар Дарвоз, ду нафар дар Хорӯғ, 26 тан дар Қурғонтеппа ва 6 узви дигар дар Хуҷанд боздошт шудаанд...
Дар ҳамин ҳол иддаи дигар аз коршиносон мегӯянд, аҳдофи ҲИӮ ҳоло тағйир хӯрдаанд, яъне акнун фақат шикасти режими Ислом Каримов нест, балки созмони як ҷумҳурии исломӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аст.
Фаррух Умаров, корманди маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, фаъолияти ҲИӮ дар Тоҷикистон ҷузъи мантиқии ин мубориза мебошад.
Коршиносон мегӯянд, аксарияти аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ӯзбактаборҳои минтақа ҳастанд, ба ҷуз Ӯзбакистон, дар Тоҷикистону Қирғизистон ҳам.
Парвиз Муллоҷонов афзуд, ба ҷуз ин омил, вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистону минтақа низ ба афзойиши аъзои ин ҳаракат метавонад мусоидат кунад.
Дар ҳамин ҳол, Фаррух Умаров мегӯяд, ҲИӮ собиқаи ҳамкорӣ бо нерӯҳои мухолифи ҳукумат дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дошт ва ҳоло низ салафиёну аъзои Ҳизбут-таҳрири Тоҷикистон шарикони эҳтимолии он буда метавонанд, ки ҳадафашон ҳам эҷоди як ҳукумати исломист.
Тоҳир Юлдошев, раҳбари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, мансубияти мухолифини ҳукумати Тоҷикистон лар шарқи ин кишвар ба ҳаракаташро рад кардааст
Оқои Умаров гуфт, размандагони собиқи ИНОТ, ки ниҳоят натавонистанд бо сиёсатҳои ҳукумат пайванданд, аз шарикони дигари ҲИӮ буда метавонанд.Иддае дигар аз коршиносон афзойиши фаъолиятҳои ҲИӮ-ро ба ташдиди рақобати қудратҳо дар Осиёи Миёна рабт медиҳанд, ки ин ҳаракат аз ҷумлаи иҷрогарони тарҳҳои хадамоти махсуси кишварҳои нуфузҷӯ буда метавонад.