Тибқи қонунҳои имрӯзаи Русия, ҳар шаҳрванди давлатҳои ҳамсуде, ки дар ин кишвар ба сар мебарад ва бо коре таъмин аст, метавонад шаҳрванди он шавад. Содда кардани қонунҳо барои ба даст оврадани табаияти Русия боиси он шудааст, ки теъдоди зиёди ҷавонон шаҳрвандии ин кишварро қабул мекунанд.
Ба гуфтаи коршиносон, бо сабаби кам будани аҳолӣ Русия қонунҳои ҳудро барои ҷалби муҳоҷирон торафт осонтар мекунад. Ба хусус донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои олии Русияро хатм мекунанд, метавонанд ҳамчунин табаияти Русияро ба даст биёранд ва соҳиби кори хуб шаванд.
Қадриддин, мусоҳиби 25-солаи мо, шаҳрвандии Русияро қабул кардааст. Вай мегӯяд, теъдоди зиёди ҷавонон талош мекунанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд ва шароити буду бош, дарёфти ҷой кор ва ояндаи хуби худро дар ин кишвар фароҳам созанд.
Гуфта мешавад, содда будани дарёфти шаҳрвандии Русия агар аз як сӯ барои донишомӯзон ва муҳоҷирони тоҷик кор ва фаоълият дар ин кишварро осонтар намояд, аз тарафи дигар мушкилоти ҷиддеро дар пешорӯи Точикистон қарор медиҳад, ки ин ҳам аз даст рафтани мутахассисон аст. Қадриддин меафзояд, аксари ҷавонони донишҷӯе, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб мешаванд, дигар фикри баргаштан ба Тоҷикистонро намекунанд.
Бештари мусоҳибони ҷавони мо, ки дар кӯчаҳои Душанбе бо онҳо сӯҳбат доштем, мегӯянд, вазъи нохуби иқтисодӣ, набуди ҷойи кори хуб ва даҳҳо мушкилоти дигар ҷавонини тоҷикро ба коми худ кашидааст ва онҳо барои раҳои аз ин вазъ ва ба умеди зиндагии беҳтар ҳозиранд шаҳрвандии Русияро қабул кунанд.
Дар зимн Сайфулло Сафаров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, он теъдоде ҷавононе, ки имрӯз шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, наметавонанд пайомади баде барои Тоҷикистон эҷод кунанд, балки баръакс онҳо тавон доранд дар сохторҳои мухталифи ҳукуматӣ кор кунанд ва манфиатҳои шаҳрвандони тоҷикро дар ин кишвар ҳифз кунанд. Аммо ба таъкиди Сайфулло Сафаров, бо зиёд шудани ин шумора, оқибатҳои сиёсӣ низ тағйир хоҳад кард.
Бо ин ҳама Қадриддин, қаҳрамони мо, ки дар бахши охири риштаи димломатия дар Русия таҳсил мекунад, мегӯяд, то ҳанӯз ба қароре наомадааст, ки ба Тоҷикистон бармегардад ё не. Ба гуфтаи Қадриддин, ба эҳтимоли бештар ӯ шаҳрвандии Русияро аз даст надода, барои зиндагӣ ва корӣ доимӣ ин кишварро ихиёр хоҳад кард.